Дар як ҳафта 33-то муроҷиат

Дар як ҳафта 33-то муроҷиат

  • Запись опубликована:17 марта, 2020
  • Рубрика записиИқтисод

Рӯзи душанбе дар Садорати ҳудудии Палатаи савдо-­саноати вилоят қабули навбатии тадбиркорон баргузор гардид. Дар он ҳокими вилоят Э. Турдимов муаммои 33 нафар тадбиркорро, ки дар давоми як ҳафта муроҷиат карда буданд, баррасӣ кард.
Аз ҷумла, роҳбари корхонаи хусусии «Реклама-­проект» Файзулло Муҳаммадқулов роҷеъ ба расондани ёрӣ дар амалӣ кардани лоиҳа оид ба насби нишонаҳои кӯча, рақами дарҳо ва консепсияи ягонаи дизайни онҳо арз намуд. Лоиҳаи тадбиркорро муҳокима карда, ба шахсони мутасаддӣ супоришҳои зарурӣ доданд.
Аксарияти муроҷиатҳо бо ёрии Палатаи савдо-­саноат ва корхонаву идораҳои дахлдор ҳал карда шуданд.

Хизмати матбуоти
ҳокимияти вилоят.