Саросема нашавед, нархҳо баланд намешаванд!

Саросема нашавед, нархҳо баланд намешаванд!

  • Запись опубликована:17 марта, 2020
  • Рубрика записиҶамъият

Идораҳои андози давлатӣ бо мақсади таъмини ҳаёти осоиштаи мардум дар даври карантин нархҳои хӯрокворӣ ва маҳсулоти истеъмолии ҳаррӯзаро ба назорати қатъӣ гирифт.
Барои роҳ надодан ба беасос баланд кардани нархҳо аз тарафи баъзе субъект­ҳои тадбиркории беинсоф дар нозироти андози шаҳру ноҳия ва садорати андози давлатии вилоят гурӯҳҳои махсуси корӣ роҷеъ ба назорати тағироти нархҳо ташкил гардид.
Дар вилоят 40-то бозори деҳқонӣ ва 39-то супермаркети хӯрокворӣ фаъолият дорад.
Дар ҷараёни карантине, ки аз сабаби пандемияи вируси тоҷдор эълон карда шуд, бо мақсади роҳ надодан ба баланд кардани нархи хӯроквории аҳамияти иҷтимоӣ дошта дар бозор ва маҷмӯҳои тиҷоратӣ ба ҳар як чунин субъект ходимонро вобаста карда, барои зиёд накардани нарх сӯҳбатҳои профилактикӣ мегузаронанд.
Инчунин, бо масъулони 946-то дорухона роҷеъ ба баланд набардоштани нархи дору ва воситаҳои гигиенаи шахсӣ сӯҳбат ва тарғибот гузаронда шуд.
Дар ҷойҳо мутасаддиёнро барои набардоштани нархи хӯроквории аҳамияти иҷтимоӣ дошта ва маҳсулоти фармасевтикӣ огоҳ карда, ёдрас мекунанд, ки барои беасос зиёд кардани нарх ҷавобгарӣ муайян карда шудааст ва аз онҳо дар ин бора хати кафолат мегиранд.
Инҷо бояд қайд кард, ки дар вилоятамон хӯрокворӣ ва маҳсулоти истеъмолии аввалин ба миқдори кифоя захира карда шудааст.
Агар шумо ба беасос баланд кардани нархи хӯрокворӣ ва маҳсулоти истеъмолии аввалин рӯ ба рӯ шавед, ба «телефони боварӣ»-и (66) 234-06-16 Садорати андози давлатии вилоят муроҷиат кунед.

Садорати андози давлатии вилоят.