Талаби асосӣ – риоя ба қоидаҳои гигиенӣ

Талаби асосӣ – риоя ба қоидаҳои гигиенӣ

  • Запись опубликована:17 марта, 2020
  • Рубрика записиҶамъият

Коронавируси наве, ки моҳи декабр дар Хитой аниқ карда шуд, ҳоло дар мамлакатҳои дунё паҳн мегардад. Он ба ҳуҷайраҳои нафаскашӣ шикаст мерасонад. Аломатҳояш баландшавии табъ, сурфа ва душвории нафаскашӣ ба ҳисоб меравад.
Дирӯз дар Хонаи матбуоти вилоят бахшида ба ин вируси нав, ки боиси гапу тарсу воҳимаҳои калоне шудааст, брифинг баргузор гардид. Сардухтури Маркази осоиштагии санитарӣ ва эпидемиологии вилоят Хайрулло Боймуродов брифингро кушода, қайд кард, ки баробари паҳншавии хабар дар бораи коронавирус чораҳои назоративу профилактикӣ дида мешуданд. Баъде, ки дар Ӯзбекистон ҳам сирояти ин вирус аниқ гардид, тадбирҳои профилактикӣ пурзӯр гардонда шуданд. Аз рӯйи тартиб ҷойҳои сераҳолӣ, нақлиёти мусофиркашон ва бозору нуқтаҳои савдо мунтазам дезинфексия карда мешавад. Одамоне, ки аз хориҷа, махсусан аз давлатҳои коронавирус қайдкардашуда ё дигар минтақаҳо меоянд, рақамҳои зиёде овард.
Сардухтури Иттиҳодияи тиббиёти шаҳри Самарқанд Аҳмадҷон Бобоҷонов, иҷрокунандаи вазифаи сардори шифохонаи клиникии бемориҳои сироятии вилоят Ибод Каримов, саршифокори филиали самарқандии Маркази илмии ёрии тиббии таъҷилии ҷумҳурӣ Баҳодур Эгамов, дар баромади худ оиди ташкили штаб, корҳои амалигардонда дар ин бобат сухан ронданд. Ҳамаи онҳо таъкид карданд, ки ба ваҳимабардорӣ ҳеҷ гуна асос нест. Дар вилоят ин гуна ҳолат, яъне сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Фақат одамони солхӯрда, касалмандони доимӣ ва онҳое, ки иммунитеташон паст аст, ин бемориро душвортар аз сар мегузаронанд. Роҳи асосии пешгирӣ – ба қоидаҳои санитариву гигиенӣ қатъӣ риоя кардан аст.

Б.ҶУМЪАЕВ.