Оё ба воҳима асос ҳаст?
A doctor's hand with a test tube showing a sample of the coronavirus and a mask prepared to prevent infection. (A doctor's hand with a test tube showing a sample of the coronavirus and a mask prepared to prevent infection., ASCII, 111 components, 111

Оё ба воҳима асос ҳаст?

  • Post category:Саломатӣ

Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) А. Тедрос 11-уми марти соли 2020 бо шиддат паҳншавӣ ва сироят кардани ин бемориро ба инобат гирифта, дар сайти расмии ТУТ дар дунё ҳолати «пандемия» будани онро эълон кард.
Мутаассифона, пагоҳии рӯзи 15-уми март хабар расид, ки дар як нафар шаҳрванди Ӯзбекистон вируси тоҷдор (коронавирус) муайян карда шудааст. Сарвазири Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Абдулло Орифов бо мақсади назорати вазъият ва пурзӯр кардани чораҳои пешгирии паҳншавии вируси тоҷдор ҷамъомади таъҷилӣ гузаронд.
Дар ҷамъомад муайян гардид, ки дар Ӯзбекистон сайрҳои умумихалқии Наврӯз гузаронда намешавад. Инчунин, маросимҳои оммавӣ, аз ҷумла бузкашӣ-­кӯпкарӣ, гӯштӣ ва дигар тадбирҳое, ки одамони бисёр ҷамъ мешаванд, бекор карда шуд.
Аз 16-уми март ташкилотҳои таълими томактабӣ, мактабҳо ва таълимгоҳҳои олии Ӯзбекистон бо мақсади профилактикаи вируси тоҷдор ба карантин пӯшида шуданд.
Ғайр аз ин, дар мактаб-­интернатҳои ба варзиш ихтисосонидашуда, маҳфилҳои музднок ва бемузди мактабҳои варзишии бачаҳо ва наврасон, инчунин, маҳфилҳои ҳавзҳои пӯшидаи шиноварӣ ба муддати номаълум таътил эълон карданд. Баробари ҳамин, чемпионату ҷомҳои Ӯзбекистон аз рӯи ҳамаи намудҳои варзиш ва мусобиқаҳои дохилии дигар ба муддати номаълум боздошта шуданд.
Бояд қайд кард, ки ин корҳо пеш аз ҳама бо мақсади профилактикӣ амалӣ гардиданд.