«Шукр, ба чунин рӯзҳо расидем!»

«Шукр, ба чунин рӯзҳо расидем!»

  • Запись опубликована:17 марта, 2020
  • Рубрика записиҶамъият

Дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз бо мақсади ба тартиб овардани кӯчаву хонадонҳо, боз ҳам ободтару сабзазор кардани шаҳру деҳаҳои диёрамон ташкил кардани ҳашар аз анъанаҳои неки ниёгонамон аст. Номи ҳашари имсола «Диёри обод» буд. Он ду рӯз давом карда, наздики 1 миллиону 95 ҳазор нафар аҳолӣ ба ҳашар баромад ва барои ба тартиб овардани корхонаву ташкилот, кӯчаву хиёбон, ҳавливу хонадон ва зиёратгоҳу қабристонҳо ҳиссаи худро гузошт.
Як навигарие, ки дар ҳашари «Диёри обод» ба чашм расид, тоза кардани наҳру ҷӯйборҳои Самарқанд, аз ҷумла Обираҳмати таърихӣ ва машҳур шуд.
– Шукр, ба чунин рӯзҳо расидем, – мегӯянд сокинони деҳаҳое, ки ҳавлиашон дар шафати наҳри Обираҳмат воқеъ аст. – Охир ба доди мардум расиданд.
Чанд нафари онҳо, аз ҷумла Юсуф Раҷабӣ барои чунин иқдоми нек ба ҳокими вилоят Э. Турдимов арзи сипос кард.
Ҳашарчиҳо рӯзҳои 14-15-уми март 1 ҳазору 171 гектар майдонро обод карданд. Ба ин тадбир 815-то техникаи гуногунро ҷалб карда, 2562 тонна партовро бароварда партофтанд.
Ҳашар муташаккилона гузашт. Дар он пиру ҷавон иштирок карданд. Ҳашари имсола дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуд.

Тошқул АЗИМОВ.