Ронандаи фориғбол

Ронандаи фориғбол

  • Запись опубликована:17 марта, 2020
  • Рубрика записиҶамъият

Рӯзи 2-юми март аз истгоҳи савдои тахтаю чӯби ноҳияи Самарқанд ба автобуси рақами 31 (рақами давлатиаш 30/174 ХАА) нишаста, ба шаҳр меомадам. Автобус 13-14 нафар одам дошт. Дар истгоҳи назди шифохонаи марказии ноҳия омада истод. Қисме аз одамон фаромаданд. Ронанда холабеғамона сарашро аз дари кабинааш берун карда менишаст. Шогирдаш бачаи ҷавон дар поён истода, одамонро ҷеғ мезад. «Булвар», «Сиёббозор», «Автовокзал»…

Дар ин байн ду автобуси рақами 9 омада, гузаш­та рафтанд. Ҳамин тавр, чанд маршрутҳои дигар омада, мусофиронро бурданд. Одамон аз ронанда талаб менамуданд, ки тезтар ба ҳаракат дарояд, ин қадар одамонро дошта истодан аз рӯйи инсоф нест, кор доранд ё…
Баъзе шахсон ба дигар автобус нишастанд. Ман ҳам дигар тоқат карда натавониста, ба ронанда муроҷиат намудам. Лекин фоида надошт. Нафақахӯрон Санталат Ҳазратова, Шоира Қулиева ҳам эътирози худро баён намуданд. Аммо ӯ «пушти ману табари қассоб» гӯён рафтори худро дигар намекард.
Дар истгоҳи Хиёбони донишгоҳ ҳам чунин ҳолат рӯй дод.
Ин рафторро баъзе ронандагони дигар маршрутҳо ҳам такрор мекунанд. Магар вазифаи онҳо ба халқ хизмати намунавӣ расонида, душворашонро сабук кардан нест? Чаро онҳо «аз рӯйи ақидаи гапи ман гап», «чӣ кор кунам, ҳақ дорам» амал мекунанд?! Мутасаддиёни автобазаҳои шаҳриву вилоятӣ ба ин чӣ мегӯянд?

Р.ШАРИФЗОДА.