Дар 17-солагӣ ба ҷанг рафта буд

Дар 17-солагӣ ба ҷанг рафта буд

  • Запись опубликована:17 марта, 2020
  • Рубрика записиҶамъият

Дар солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ аз ноҳияи Иштихон ба сафи армия 6987 нафар ҷавон даъват шуда буданд. Як қисми онҳо дар фронт ҳалок шуда бошанд, аксарият ба зодгоҳ баргаштанд. Ҳоло аз иштирокчиёни ҷанг се нафар – сокинони маҳаллаи Картеппа Бердирасул Аминови 94-сола, маҳаллаи Барлос Хидир Тоҳирови 94-сола ва аз деҳаи Қӯнғирот Тоҷимурод Худойбердиеви 96-сола дар қайди ҳаётанд.
Бердирасул Аминов соли 1943 деҳқони хоҷагии ҷамоатии ҳамонвақтаи «Зелинский» буд. Ҳамон сол ин ҷавони 17-соларо ба фронт даъват карданд. Дар шаҳри Семипалатински Қазоқистон аз курси тайёрӣ гузашт. Баъд ба Москва ва аз он ҷо ба Брест гуселонданд. Дар фронти дуввуми Белоруссия ҳамчун сарбоз дар муҳорибаҳо иштирок кард. Баъди аз фашистон озод карда шудани хоки Белоруссия дарёи Одерро убур карда, дар озодгардонии Полша ҳисса гузошт.
Дар як ҷанги шадиди мавзеи Шмаркови Полша ярадор шуд. Пас аз табобат дар госпитал хизмати ҳарбии худро давом дода, то Рейхстаг расид.
Пас аз ҷанг Бердирасул Аминовро боз нигоҳ доштанд. Дар Германия хизмати ҳарбиашро давом дод. Соли 1950 бошад, пас аз адои хизмати ҳарбӣ бо ордени «Ҷанги бузурги ватанӣ» ва медалҳои зиёд ба зодгоҳ омад.
Дар хоҷагии ҷамоатии ба номи Фрунзеи зодгоҳ ҳисобчӣ, бухгалтер ва бригадир шуда кор кард. Барои инкишофи соҳаи хоҷагии қишлоқ бо ордени «Меҳнат шӯҳрати» сазовор гардид.
Рӯзҳои ҷашну тантанаҳо дар хонаи Абдурасулбобо 6 нафар фарзанд, 26 нафар набера ва 60 нафар абераҳояш ҷамъ меоянд ва иди калоне барпо мегардад. Бачаҳову ҷавонони ноҳия аз корнамоиҳои ҷангиву меҳнатии ӯ дарси ибрат меомӯзанд.

Т.НОРҚУЛОВ.