Гулдастаи ёс

Гулдастаи ёс

  • Запись опубликована:17 марта, 2020
  • Рубрика записиФарҳанг

Баҳори деринтизор фаро расид. Аввал дарахти бодом гулпӯш шуд. Сипас, дарахту растаниҳои дигар паси ҳам гул карданд.
Аз оғози моҳи март одатан одамон ба якдигар бештар гул тӯҳфа мекунанд. Дар арафаи Иди байналмилалии занон – 8-уми март бошад, тӯҳфасозии гул хеле авҷ гирифт. Ба ман ҳам гулдастае тӯҳфа карданд. Вале…
Рӯзе падарам дар боғ кор мекард. Ман ба вай ёрӣ медодам. Корро ба охир расондем. Ман аз боғ тезтар баромадам, то ки дастархон густурда, чой дам кунам.
Падарам аз боғ дар даст гулдастаи ёс (сирен) баромада, онро ба ман тӯҳфа ва аз пешонаам бӯса кард. Дастаи ёс бӯйи хуш ва хеле форам дошт.
Солҳо гузаштанд. Ба ман бо ҳар гуна сабаб, дар рӯзи хатми мактабу донишгоҳ, зодрӯзам, дар тӯям, ҳангоми таваллуди фарзанди аввалинам ва идҳои гуногун борҳо гулдастаҳои рангоранг ва аз якдигар зебо тӯҳфа карданд. Дирӯз бошад, нозири роҳ мошинамро нигоҳ дошт. Ман аввал сабабашро нафаҳмидам. Вай гулеро ба ман тӯҳфа ва бо иди бонувон табрик кард. Сипас, ман дидам, ки ба дигар занҳои дар сари фармони мошинбуда низ гул медиҳанд. Чунин эътиборро аксарияти мо чашмдошт набудем.
…Агарчи аз вафоти падарам солҳо гузаштаанд, ман то ҳол дастагули ёси ӯро фаромӯш накардаам. Гӯё бӯйи хушу форами он ҳанӯз аз машомам нарафтааст.

МАВЛУДАБОНУ.