Соҳибқирон амир темур шахси фозил буд ва қироати марғуб дошт

Соҳибқирон амир темур шахси фозил буд ва қироати марғуб дошт

  • Post category:Ҷамъият

Дар саҳифаҳои таърих номҳои аҷдодони бузурге сабт гардидааст, ки ворисонашон ҳамеша ба онҳо арҷ мегузоранд ва бо ифтихор ёдоварӣ мекунанд. Соҳибқирон Амир Темур аз зумраи чунин намояндагони бузурги таърихи кишварамон ба шумор меравад. Дар манбаъҳои таърихӣ Амир Темурро баробари номи Соҳибқирон бо унвони «Соҳиби ҷаҳон», «Соҳиби адл», «Соҳиби адолат» низ ёдовар шудаанд. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки ин симои бузурги таърихӣ ба сифати арбоби бузурги давлатӣ ва саркардаи моҳир дар пешрафти давлатдорӣ нақши муҳим бозидааст.
Амир Темур дар давоми ҳукмронии худ салтанати азимеро ба вуҷуд овард. Ғайр аз ин, Осиёи Сағир, Сурия, Миср ва Волгаи поёнӣ, мамлакатҳои соҳилҳои Дон, кўли Балхаш ва диёри Еттисувро то ба Ҳиндустони шимолӣ ба худ тобеъ намуд. Роҳҳои қадимаи корвонро, ки Шарқу Ғарбро мепайваст, барқарор сохт.
Ба туфайли Амир Темур давлатҳои зиёде аз мустамликашавӣ ва тобеият наҷот ёфтанд. Аз ин боис, дар шаҳрҳои Париж ва Лондон ба сифати рамзи эҳтиром ҳайкали Соҳибқирон гузошта шудааст. Инчунин, дар Париж пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии таърихи Амир Темур ва темуриён фаъо­лият нишон медиҳад. Нависандагони давлатҳои Англия ва Германия ба шарафи ӯ асарҳои саҳнавии зиёд офаридаанд, ки дар театрҳои бонуфузи олам намоиш дода мешавад. Аз ҷониби ҳарбиёни мамлакатҳои гуногун низ тактикаи ҷангии ин саркардаи бузург мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Асари оламшумули «Тузукоти Темур» манбаи муҳиме барои шинохтани шахсияти Амир Темур ба ҳисоб меравад. Аз ин асар маълум мешавад, ки баъд аз забти мамлакатҳои гуногун бо фармоиши Амир Темур ба аҳолии ночор ёрии инсонпарварона расонида мешуд ва он аз ҳисоби хазинаи давлат пардохт мегардид. Бо ин роҳ, ӯ тавонист сиёсати пурқуввати иҷтимоиро барқарор намояд.
Тавре зикр намудем, дар бораи ҳаёту фаъолият, маҳорати саркардагӣ, услуби давлатдории Амир Темур асарҳои зиёд офарид шудаанд. Аз тарафи муаррихони ҷаҳон рӯзгори ин абармарди таърихӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Яке аз чунин асарҳо «Темурнома»-и Абдулло Ҳотифӣ мебошад.

Абдулло Ҳотифӣ, яке аз вузарои Бойқаро, ҷиян ва шогирди Абдураҳмони Ҷомӣ, аз наз­диктарин дӯстони Навоӣ, бо истифода аз асноди муътамади таърихнавис Шарафуддин Алии Яздӣ, бо навиштани роман-­хроникаи «Темурнома» таърихи таъсиси сулолаи темуриёнро равшанӣ бахшидааст.
Дар мадҳи сифоти Соҳибқирон ин тавр овардааст: «Ҳазрати Султони ғозӣ, амири подшоҳнишон ва Хусрави Соҳибқирон, қутб ад-­дунё вад-­дин, Амир Темури Кӯрагон: Худованди Руму худованди Чин, Худованди Эрону Туронзамин».
Манбаъҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки Соҳибқирон шахси фозил буд, овози ғарро, қироати марғуб дошт, ҳофизи Қуръон ва қорӣ ҳам буд. Аз анвои варзиш ба шоҳмот, аз китобҳо ба «Шоҳнома» майли хосса дошт.
Се фазилати Амир Темур дар се амали ҳаёти ӯ зуҳур кардааст. Дар шамшери ӯ ҳак шудани ибораи «Ростию растӣ», чун рамзи адлу инсоф аз шарофати Қуръони карим аст. Дар юришҳо соҳибзафар будани вай аз шоҳмот низ аст, ки дар ҳар ҷанг аз коркарду услуби (тактика) нав, чунонки дар бозии шоҳмот ба кор мебаранд, истифода кардааст. Шак овардан душвор, ки иродаи рустамона, афкори фирдавсиёнаи ваҳдати турку тоҷик ба Амир Темур аз «Шоҳнома» гузаштааст.
«Темурнома» дар пайравӣ ба «Шоҳнома» эҷод шудааст. Ҳамоҳангии муқаддима, ки бо наът сар шуда, муддати дар тахт будани шоҳони гузаштаро фаро мегирад ва ба бобҳои алоҳида ҷудо мешавад, ба ин далел аст.. Дар «Шоҳнома», масалан, ҳар боб (фасл)-ро ба номи «достон» ёд кардани Фирдавсию Ҳотифӣ як ҷиҳати ҳамоҳангӣ бошад, ҷиҳати дигари иртибот дар ғоя маҳфуз ва таҷассум мегардад. Масалан, «Достони ҳафт хон» ва «Ситоиши подшоҳ Маҳмуд»-ро (ин ҷо «хон» ба маънои дасторхон меояд) гирем, чунин услуб (ба тариқи достон номгузорӣ шудани фаслҳо) дар «Темурнома» ба пуррагӣ кӯчида, номи «достон» дар болои сари ҳама лавҳа (боб)-ҳо дида мешавад. Ифодаи «Ҳафт хони Мозандарон» ҳам дар ҳар ду асар ҷой дорад. Дар «Темурнома» «Достони рафтани Мироншоҳ ба ҳафт хони Мозандарон» ба маънои ҳафт монеа ё воқеа корбаст мешавад.

«Агар кадом вазире ба гапҳои ғайбат гӯш диҳад, суханони бофтаро бовар кунад, ҷабру зулм намояд, аз пайи нест кардани шахсони ба худаш номаъқул афтад, ӯро аз вазифаи вазирӣ гирифтан лозим аст. Ба касони наслу зоташон бад, ҳасадхӯр, кинагиру бадбин, дилашон сиёҳ зинҳор амали вазирӣ дода нашавад. Зеро ин гуна одам агар вазирӣ намояд, давлату салтанат дар муддати кӯтоҳ сарнагун мегардад».
Амир ТЕМУР

Дигар унсури мушобеҳ он аст, ки ҳангоми баёни воқеа, тасвири ҳаводис, ривоятҳои асотирӣ, образҳои ҷин, деву парӣ, афкори «илми ғайб» ва «илми ладунӣ» қаламдод шуда, бадеияти асарро рангин намудааст. Инчунин макони тасвири воқеаҳо, номи кишвару шаҳрҳо, ағлаби номи образҳои асотирӣ ва симоҳои маъруфи тасаввуф ва таърих, иддае аз топонимикаи ҳар ду асар, мушобеҳанд.

М.ОТАХОНЗОДА.