8 маслиҳат аз ЮНИСЕФ

8 маслиҳат аз ЮНИСЕФ

  • Рубрика записиСаломатӣ

дар бораи сӯҳбат бо кӯдакон вақти сирояти коронавирус

Ҳозир Шумо аз шунидани ҳар чизе дар бораи сирояти коронавирус (COVID‑19) дар соли 2019, ба ҳайрат меафтед. Агар фарзандонамон низ хавотир шаванд, инро ҳам фаҳмидан мумкин аст. Барои кӯдакон фаҳмидани он чизе, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ, оинаи нилгун мебинанд ё аз одамон мешунаванд, душвор буда, бинобар ин, онҳо ба ҳолатҳои изтироб, стресс ва воҳима афтоданашон мумкин аст. Сӯҳбати кушод ва дастгирии фарзандон метавонад ба онҳо барои дуруст фаҳмидани чунин ҳиссиёт ва мағлуб кардани он кӯмак расонад, баробари ин он ба дигарон низ фоидаовар аст.

  1. Саволҳои ошкоро диҳед ва гӯш андозед
    Ба фарзандонатон пешниҳод кунед, ки мавзӯъро муҳокима намоянд. Гӯш андозед, ки онҳо дар ин бора чиҳоро медонанд. Агар онҳо хеле хурд ва дар бораи ин беморӣ нафаҳмида бошанд, барои бардоштани ин мавзӯъ эҳтиёҷ намемонад. Ба онҳо тарсу ҳароси нав пайдо накарда, қоидаҳои гигиениро хотиррасон кунед кифоя аст.
    Боварӣ ҳосил кунед, то шумо дар муҳити бехатар қарор доред ва ба фарзандатон имкон диҳед, ки озод ҳарф занад. Тасвирҳо, ҳикояҳо ва усулҳои дигар, ҳангоми суханронӣ боз ҳам кушодтар шудани фарзандатон кӯмак мерасонад.
    Аз ҳама муҳим, ба мушкилоти онҳо беэътибор нашавед ва аз муҳокима кардани онҳо канора наҷӯед. Эҳсосоти фарзандатонро қабул намоед ва ба онҳо фаҳмонед, ки аз ин чизҳо ҳаросидан табиӣ аст. Ба фарзандатон нишон диҳед, ки шумо ӯро бо тамоми ҳастӣ мешунавед. Боварӣ ҳосил намоед, ки фарзандатон фаҳмидааст, ки бо шумо ва муаллимаш ҳар вақте мехоҳад, сӯҳбат ороста метавонад.
  2. Ростқавл бошед: ба бачаҳо ҳақиқатро бо забони худи онҳо фаҳмонед
    Кӯдакон ҳуқуқ доранд аниқ фаҳманд, ки дар дунё чӣ рух дода истодааст, аммо калонсолон ҳам онҳоро аз ранҷу азобҳо ҳимоя карданашон ҳатмист. Бо забони мувофиқи синну соли кӯдак ҳарф занед, реаксияи онҳоро мушоҳида намоед ва ба хавотирҳояшон эътибор диҳед.
    Агар ба саволҳои онҳо ҷавоб дода натавонед, ҷавобҳоро аз худатон нагӯед. Аз ин вазъият барои дар якҷоягӣ ёфтани ҷавоби савол истифода баред. Веб-­сайтҳои ташкилоти ҳифзи тандурустии ҷаҳонӣ ва ЮНИСЕФ барин ташкилотҳои байналхалқӣ манбаи маълумотҳо аст. Фаҳмонед, ки баъзе маълумотҳо дар Интернет хато ва аз ин сабаб ба мутахассисон бовар кардан беҳтар аст.
  3. Ба онҳо нишон диҳед, ки чӣ тавр худ ва дӯстони худро муҳофизат намоянд
    Яке аз роҳҳои беҳтарини ҳифзи кӯдакон аз коронавирус ва бемориҳои дигар ин ҳавасмандкунии онҳо ба шустани мунтазами дастҳо мебошад. Ин набояд сӯҳбати тарсовар бошад. Бо мақсади шавқовар шудани омӯхтани қоидаҳои дастшӯйӣ якҷоя бо Wiggles суруд хонед ва рақс намоед.
    Инчунин, метавонед ба кӯдакон нишон диҳед, ки ҳангоми атса задан ва сулфидан чӣ гуна даҳони худро бо оринҷҳояшон пӯшанд. Фаҳмонед, то бо одамоне, ки ин гуна аломатҳоро доранд, мулоқоти наздик накунанд. Ба фарзандатон таъин намоед, ки агар дар худ табларза, сулфидан ва дигаргунии роҳи нафасро эҳсос намояд, ҳатман ба шумо хабар диҳад.
  4. Онҳоро дастгирӣ намоед
    Агар ин беморӣ дар минтақаи шумо паҳн шуда бошад, ба фарзандонатон бигӯед, ки эҳтимоли ба онҳо сироят кардани ин беморӣ қариб нест, бисёрии одамони гирифтори коронавирус он қадар бемори ҷиддӣ нашудаанд, инчунин, калонсолон барои бехатарии оилаи шумо саъю кӯшиши зиёд мекунанд.
    Агар фарзандатон худро бад ҳис кунад, фаҳмонед, ки ӯ бояд дар хона ё шифохона бимонад. Ин барои ӯ ва дӯстонаш бехатар аст. Онҳоро бовар кунонед, ки шумо душвории инро медонед (шояд даҳшатнок ё дилгиркунанда бошад), аммо риояи қоидаҳо муҳим аст, то ки барои ҳама бехатар бошад.
  5. Боварӣ ҳосил кунед, ки онҳо ҳуқуқҳои худро поймолшуда эҳсос намекунанд
    Паҳншавии коронавирус дар тамоми ҷаҳон ҳолатҳои поймолшавии ирқиро ба миён овард.
    Аз ин рӯ, муҳим аст, то боварӣ ҳосил кунед, ки фарзандони шумо гурӯҳеро аз гурӯҳи дигар ҷудо накунанд ё дар чунин ҳолатҳо иштирок накунанд.
    Фаҳмонед, ки коронавирус ба намуди зоҳирии одамон, аз куҷо омадан ва бо кадом забон ҳарф задани онҳо алоқае надорад.
    Ба фарзандатон хотиррасон кунед, ки ҳама мактабҳо бехатаранд.
    Беҷуръатӣ ҳамеша нодуруст аст. Ҳар яки мо бояд меҳрубон бошем ва якдигарро дастгирӣ намоем.
  6. Ёрирасонҳоро ҷӯед
    Барои кӯдакон донистани он, ки одамон меҳрубон ва саховатманд ҳастанд ва ба ҳамдигар кӯмак мерасонанд, хеле муҳим аст.
    Ба фарзандонатон дар бораи кормандони соҳаи тиб, олимон, ҷавонон ва одамони дигар, ки барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ кӯшиш мекунанд, нақл кунед. Донистани ҳаракати одамони раҳмдил тасаллои калон бахшиданаш мумкин аст.
  7. Худро эҳтиёт кунед
    Агар шумо ба худ ғамхорӣ кунед ба фарзандатон низ кӯмак мерасонед. Онҳо эҳсос мекунанд, ки шумо ба хабарҳои нав чӣ гуна муносибат мекунед. Аз ин сабаб, худро хотирҷамъ нишон додан ва идораи вазъият ба онҳо кӯмак мерасонад.
  8. Сӯҳбатро бо меҳрубонӣ анҷом диҳед
    Донистани он муҳим аст, ки мо кӯдаконро дар азоб намегузорем. Ҳангоми анҷоми сӯҳбат бо фарзандатон, кӯшиш кунед, ки сатҳи нороҳатии онҳоро ба воситаи мушоҳида кардани ҳаракат, оҳанги овоз ва нафаскашӣ фаҳмед.
    Ба фарзандонатон хотиррасон кунед, ки Шумо барои вақти дилхоҳ ва дар бораи ҳама гуна мавзӯъ сӯҳбат кардан омода ҳастед. Ба онҳо фаҳмонед, ки шумо ба онҳо ғамхорӣ мекунед, агар онҳо дар бораи чизе хавотир дошта бошанд, шумо тайёред, ки онҳоро гӯш кунед ва ба онҳо кӯмак расонед.

Маводи мазкур аз ҷониби муттахассиси робита бо ҷомеаи ЮНИСЕФ Ҷейкоб Ҳант таҳия шудааст.