Гармхона дар як гектар майдон

Гармхона дар як гектар майдон

  • Post category:Иқтисод

Кормандони Ҷамъияти маҳдудмасъулияти “Самарқанд Сеул трейд”-и ноҳияи Оқдарё дар 1 гектар майдон бо технологияи Корея гармхона сохтанд. Дар гармхона навъи серҳосили бодиринг, ки аз Нидерландия оварда шудааст, парвариш карда мешавад.
– Гармхонаро соли 2015 ташкил кардем, — мегӯяд идоракунандаи ҷамъият Дилфуза Ҷӯраева. – Мо помидор ва бодирингро бо усули гидропоника парвариш мекунем. Ду сол мешавад, ба хок коридани бодирингро ба роҳ мондем. Бодирингҳое, ки моҳи октябр кишта будем, ба ҳосил даромад. То имрӯз беш аз 50 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуда, пешкаши мардум кардем.

Бахтиёр МУСТАНОВ.