Тамоми чораҳо барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус нигаронида шудаанд

Тамоми чораҳо барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус нигаронида шудаанд

  • Post category:Саломатӣ

Ба мардуми олам таҳдид кардани коронавирус, пеш аз ҳама, ходимони соҳаи тандурустиро ба по хезонд. Мо тибқи супоришоти Президент Шавкат Мирзиёев муроҷиати ӯ ба мардуми мамлакат ва таъмини иҷрои як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ки ба ин соҳа вобастаанд чораву тадбирҳои заруриро амалӣ менамоем.
Дар шӯъбаи мо 42 нафар ходим кор мекунанд. Ду нафар пизишкон, 20 нафар ҳамшираҳои шафқат ва 20 нафар кормандони санитарию техникӣ аз ин шумор мебошанд. Дар айни ҳол ходимони шӯъбаамон дар дастаҷамъӣ барои пиёда кардани корҳои профилактикӣ сафарбар шудаанд. Дар шифохонаи марказӣ ситод ташкил шудааст, ки ба он иҷрокунандаи вазифаи сардухтури ноҳия Раҳматҷон Тоҷиев роҳбарӣ мекунад.
Тавре ки сарвари давлатамон тазаккур дод, истифода аз воситаҳои ахбор ва садову симо дар корҳои таблиғу ташвиқи пешгирӣ аз пахшу сирояти коронавирус бояд мунтазам ба роҳ монда шавад. Ба наздикӣ аз тариқи студияи телевизионии Сӯх ба мардуми ноҳия роҷеъ ба роҳҳои пешгирӣ аз сирояти вируси ин бемории хатарнок, тарзи нигоҳ доштани манзили зист ва ҷойи кор, риояи қатъии гигиена ва амсоли он суҳбати мизи гирд ташкил кардем. Ҳамчунин дар рӯзномаи ноҳиявии «Садои Сӯх» низ мақолае дарҷ намуда, роҳҳои пешгирӣ аз ин вирусро шарҳ додам.
Дарвоқеъ, дар ин рӯзҳои пуртаҳлукаи таҳдиди вируси корона бояд падару модарон хеле эҳтиёткор бошанд, ба гигиенаи шахсӣ қатъиян риоя кунанд ва ба аъзои хонавода, хусусан фарзандони ноболиғи худ тарзи риояи гигиенаро ёд диҳанд.
Шӯъбаи бемориҳои сироятӣ, ки роҳбарии он бар дӯшам аст, ду бино дорад. Ҳоло дар як бино беморони мо муолиҷа меёбанд. Аммо тавонистем бо кӯмакҳои молии соҳибкорони саховатманди ноҳия Илҳомҷон Ҳомидҷонов, Халилҷон Халилов ва Аҳмадҷон Иброҳимов дар муддати кӯтоҳ биноҳои шӯъбаро аз тармими куллӣ барорем. Дар маҷмӯъ, барои бемороне, ки дар сурати зарурат ба шӯъбаи мо интиқол меёбанд, 80 кат омода кардем. Ин катҳо бо тамоми ҷиҳози лозима муҷаҳҳаз шудаанд.
Дар як вақт ба биноҳо воситаҳои техникаи санитарии наву замонавиро насб намудем, лӯлаҳои нав кашида, шӯъбаамонро ба таври доимӣ ба оби тоза таъмин кардем. Дар анҷоми ин корҳо ноиби ҳокими ноҳия оид ба сохтмон Содиқҷон Мирзоев, сардори сектори минтақавӣ Саидбаҳром Саидмӯсоев, сардори стансияи санитарӣ-­эпидемиологии ноҳия Манучеҳр Аҳрорӣ сарубар шуданд.
Ҳоло бо боварии том қайд мекунам, ки шӯъбаи бемориҳои сироятӣ барои ҳар гуна вазъи таъҷилӣ ва қабули беморон омода мебошад. Ғайр аз ин, ҳокими ноҳия Фаррух Ӯсаров ду корхонаи дӯзандагии ноҳияро муваззаф намудааст, ки аҳолии Сӯхро бо ниқобҳои тиббӣ таъмин кунанд.
Бо вуҷуди баста будани роҳи байни Сӯх-­Фарғона ҳангоми пеш омадани зарурат беморони ҷиддӣ аз тариқи хоки Қирғизистон ба маркази вилоят интиқол дода мешаванд. Мошинҳои махсус бо ин роҳ ба ноҳия дорувории тиббӣ, маводи сӯзишворӣ ва хӯрокворӣ мекашонанд. Ногуфта намонад, ки дар ин бобат ҳамсояҳои қирғизи мо бо риояи муносибати ҳамсоягарӣ барои интиқоли беморон ва маводи зарурӣ ягон монеа эҷод наменамоянд.
Имрӯзҳо дар ноҳияи Сӯх 58 нафар зери назорати мо қарор доранд. Онҳо аз кишварҳои хориҷӣ ва ҳаҷҷи Умра баргаштаанд. Бо вуҷуди он ки ягон нафар ба вируси корона сироят нашудаанд, ба хотири ҷилавгирӣ аз пахши ин вирус тамоми чораҳои бехатариро таъмин кардаем, то ки вазъи изтирорӣ дар миён наояд ва мардуми моро мӯъҷиби нигаронӣ насозад. Умедворам, ки дар ояндаи наздик мо аз таҳдиди вируси бемории хатарнок комилан наҷот хоҳем ёфт.

Меҳрубон БОЛТАЕВ,
мудири шӯъбаи бемориҳои сироятии шифохонаи марказии ноҳияи Сӯх