Қаҳва: фоида ва зарарҳои он

Қаҳва: фоида ва зарарҳои он

  • Рубрика записиСаломатӣ

Ватани қаҳва Эфиопия ҳисоб меёбад. Дар Осиёи Миёна ва Эрон ҳанӯз аз асри X маълум буд. Имрӯз содиротгарони асосии қаҳва Бразилия ва Колумбия мебошанд. Аз 10 зиёд навъҳои он маълум аст.
Дар тибби халқӣ ҳамчун воситаи қувватдиҳанда, хусусан баъди бемориҳои вазнини сироятӣ, инчунин муолиҷаи заҳролудшавии организм тавсия мегардад.
Довуди Антокӣ мегӯяд, ки он барои сулфа, варами майнаи сар, гулӯ ва ғайра давост. Қабзиятро мекушояд ва пешобро меронад. Бо мақсади болидасозии кайфият, бартараф кардани хастагӣ ва камҳавсалагӣ онро бо ширинӣ ва равған бояд истеъмол намуд. Дар гуруснагӣ ё шикамсерӣ истеъмолаш манъ аст. Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ қайд намудааст:
«Дардро таскин бахшида, гардиши хунро беҳ мекунад. Барои вараҷа ва зардпарвин даво, меъдаро қувват медиҳад, ба дарди сар ва молихулиё муфид. Бехобӣ меорад, баданро хушк ва лоғар, пӯсти рӯйро зард, қувваи ҷинсиро суст ва бавосир пайдо мекунад. Ҳангоми хоб сиёҳӣ пахш мекунонад».
Дар тибби муосир ҳамчун воситаи муолиҷавӣ-­парҳезӣ истифода мегардад. Назар ба чой миқдори кофеинаш зиёд (3-5 дарсад) буда, сохтори марказии асаб ва ҳассосиятро фаъол мекунад, кори дил, органҳои нафаскаширо қувват медиҳад. Фишори хунро баланд, рагҳои майнаи сарро васеъ, иштиҳоро беҳтар мекунад, ҷудошавии моеъи меъдаро ба меъёр меоварад. Мондашавӣ ва хоболудиро бартараф, аз хатоҳои ҷисмонӣ ва ақлӣ огоҳ мекунад.
Истеъмоли беш аз меъёри он зарар дошта, хусусан ба шахсони ҳассос, беморони захми меъда ва рӯдаи 12-ангушта, тиреотоксикоз манъ аст.

Таҳияи Ф.ШУКУРОВ.