Дар бораи ба тарзи шоиста гузаронидани моҳи шарифи Рамазон

Дар бораи ба тарзи шоиста гузаронидани моҳи шарифи Рамазон

  • Post category:Сиёсат

Иди мубораки Рамазон, ки мардуми мо тӯли асрҳо онро ҳамчун моҳи накӯӣ, саховатмандӣ, сабру қаноат, меҳру оқибат ҷашн мегиранд, имсол ба як даври мушкиле рост омад, ки дар натиҷаи паҳншавии бемории коронавирус дар тамоми ҷаҳон вазъияти эпидемиологии мураккаб давом дорад. Дар чунин шароити вазнин низ, мӯъмину мусулмонони кишвари мо амалҳои ибодати дини муқаддасро дар хона, дар давраи оила мегузаронанд ва ин моҳи бофазилатро ҳамчун нишонаи раҳмати бебаҳо ва бахшиши Офаридгор бо эътимоди баланд ба оянда ва шодмонӣ пешвоз мегиранд.
Бо дарназардошти нақши алоҳида ва аҳамияти моҳи мубораки Рамазон дар мустаҳкамсозии барқарории маънавӣ-рӯҳӣ дар ҷамъият, дар муттаҳидӣ ва ҳамҷиҳатӣ, аз тарафи мардум паси сар кардани санҷиши мураккаб ва машаққатҳои имрӯза, якҷоя бо аҳли ҷаҳон инчунин ба мақсади васеъ тарғиб намудани моҳияти инсонпарваронаи дини муқаддаси ислом, осоиш, кушодадилӣ, шукргузорӣ барин ғояҳои олиҷанобро тарғиб кардани он, ҳифз намудан ва арҷ гузоштан ба суннатҳои диниву маърифатӣ:

  1. Ахбори Идораи мусалмонони Ӯзбекистон дар бораи он, ки соли 2020 оғози моҳи Рамазон ба 24-уми апрел рост меояд, ба сифати маълумот қабул карда шавад.
  2. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, Вазорати дастгирии маҳалла ва оила ва созмонҳои дигари ҷамъиятӣ дар ҳамкории байниҳамдигарӣ, барои фароҳам намудани тамоми шароитҳои зарурӣ баҳри гузаронидани моҳи шарифи Рамазон дар асоси риояи қатъӣ ба қоидаҳои карантин, дар шароити хона, дар давраи оила нигаронида шудааст, чорабиниҳо андешанд.
    Бахусус, ба пурзӯр кардани чораву тадбирҳои ташкилӣ, бо аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ кардани шахсони эҳтиёҷманд ва мӯҳтоҷ, дар хонавода ва маҳаллаҳо, беш аз пеш мустаҳкам намудани муҳити меҳру мурувват ва эҳтироми тарафайн аҳамияти махсус дода шавад.
  3. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии ахбори миллии Ӯзбекистон ва дигар расонаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки бо назардошти вазъи мавҷудаи эпидемиологӣ, сӯҳбатҳои онлайн ва маърӯзаҳо дар рӯҳияи маърифати динӣ ташкил кунанд ва чорабиниҳоро бобати дар шароити хона гузаронидани моҳи Рамазони имсоларо васеъ равшан кунанд.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурияти Ӯзбекистон А.Н.Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри Тошканд,
20-уми апрели соли 2020