Депутатҳо бо нарху навои хӯроквориҳо шинос шуданд

Депутатҳо бо нарху навои хӯроквориҳо шинос шуданд

  • Post category:Ҷамъият

Дар бозор нарху наво чӣ хел? Оё маҳсулотҳои якуминдараҷаи хӯрокворӣ қимат шудаанд?
Барои ба чунин суолҳо ҷавоб ёфтан, бо мақсади аз наздик шинос шудан ва мӯътадил нигоҳ доштани нарху навои бозор, имрӯз депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд бозорҳои “Темирйӯл” ва ”Дамариқ” – и шаҳрро аз назар гузарониданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо роҳбарони бозорҳо ва фурӯшандаҳо маълум гардид, ки муҳити бозор назар ба рӯзҳои аввал беҳтар шудааст. Растаҳо бо селофанҳои муҳофизатӣ дар иҳота буда, масофаи бехатарӣ аз сироят байни фурӯшанда ва харидор таъмин карда шудааст. Барои риояи қоидаҳои гигиенӣ, ҳифзи саломатии мардум ва ходимони бозор, дар даромадгоҳи бозорҳо аппаратҳои безараргардонӣ ва ҳароратсанҷ гузошта шудааст. Барои мӯътадил нигоҳ доштани нарх дар бозорҳо растаҳои махсуси деҳқонӣ ташкил карда шудааст.
Дар шароити имрӯза, ки хавфи пандемияи коронавирус фаро гирифтааст, мардум худро бештар ба бозор мезананд ва ниёз ба маҳсулотҳои хӯрокворӣ доранд. Мақсади асосии мо дар навбати аввал нигоҳ доштани нарху навои бозорҳо ва пурзӯр кардани чорабиниҳои гигиенӣ мебошад – гуфт ҳангоми мулоқот депутат Шоҳрух Алибеков.

Н.БОБОАҲМЕДОВ.