Олимаи самарқандӣ – ғолиби озмуни байналхалқӣ

Олимаи самарқандӣ – ғолиби озмуни байналхалқӣ

  • Рубрика записиМаориф

Гулмира Келдиёрова – докторанти факултети экология ва ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд мебошад. Ҳоло олимаи пухтакор дар мавзӯи «Баҳодиҳии самаранокии кори таҷҳизоти тозакунандаи газ ва гард дар корхонаи истеҳсолии шифер» тадқиқот мегузаронад. Натиҷаи ҳамин гуна корҳои тадқиқотӣ аст, ки ба қарибӣ дар озмуни байналхалқии «Беҳтарин кори тадқиқотии сол‑­2020», ки дар Федератсияи Россия гузаронида шуд аз рӯи равияи техника ҷойи якумро сазовор шуд.
– Озмун ба тарзи онлайн гузаронида шуд ва мо иштироки олимони аксар кишварҳои ҷаҳонро мушоҳида кардем, – гуфт Гулмира Келдиёрова. – Вақте ки ба ман дар барои ғолиб гардиданам номаи электронӣ фиристоданд, ба чашмонам бовар накардам. Рости гап, дар озмуни байналхалқӣ соҳиби ҷоиза гаштанам бароям хеле ҳаяҷоновар аст. Зеро, интизор набудам, ки дар озмуне, ки олимони якчанд кишварҳои ҷаҳон иштирок мекунанд, сазовори ҷойи якум мегардам.
Бояд гуфт, ки Гулмира Келдиёрова ҳоло докторанти факултети экология ва ҷуғрофияи ДДС бошад ҳам, таълими бакалавриро дар Донишкадаи давлатии меъморӣ ва сохтмони Самарқанд гирифтааст. Яъне, ба дониши бунёдӣ аз рӯи фаъолияти корхонаҳои сохтмонӣ дониши кофӣ дорад. Бинобар ин, бо дониши худ ба соҳаи экология ҳиссаи муносиб мегузорад. Ғайр аз ин, мубориза бар зидди моддаҳои зарароваре, ки тавассути корхонаҳои саноатӣ ба ҳаво мебарояд, орзуи деринаи ӯ мебошад.
– Дар наздикии хонаи истиқоматии мо якчанд корхонаҳои саноатӣ ҳастанд ва дуди заҳролудшудаи онҳо ҳамеша маро ба ташвиш меовард, – гуфт Гулмира. Аз ин рӯ, ман ба омӯзиши кӯшиш кардам. Мақсади ман кам кардани партовҳои зараровар ба ҳаво, натанҳо дар истеҳсоли шифер балки дар фаъолияти корхонаҳои дигари истеҳсолӣ низ мебошад.
Худи ҳамин сол ин муваффақияти дуввуми Гулмира Келдиёрова мебошад. Ӯ инчунин, дар оғози соли ҷорӣ ғолиби равияи «Беҳтарин лоиҳаи инноватсионии самарабахш»-и озмуни ҷумҳуриятии III «100 лоиҳаи беҳтарини инноватсионии бонувони Ӯзбекистон» гардидааст.