Ревоҷ(чукрӣ)

Ревоҷ(чукрӣ)

  • Рубрика записиСаломатӣ

Ревоҷ растании машҳури кӯҳӣ аст. Онро чукрӣ ҳам меноманд. Гулаш сурх ва чун гӯшвораи духтарон зебанда буда, таъмаш турш мебошад. Мардум онро бо завқ мехӯранд. Мизоҷи барг ва пойҳояш дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он:
Онро бихӯранд моддаҳои ғафс­гаштаро пароканда мегардонад, дарунро мебандад, ба инсон фараҳ мебахшад. Меъда, ҷигар ва дигар узвҳои гарммиҷози даруни шикам ва синаро қавӣ мегардонад. Инчунин иштиҳоро мекушояд, шиддати ҷӯшиши сафроро таскин медиҳад, қайи сафровӣ, ташнагӣ, беҳузуршавии дил(дилбеҷоӣ) – ро қатъ менамояд. Гардиши хунро осон ва санги гурдаро майда карда мерезонад.

Аз « Канзи шифо» Н.БОБОҲМЕДОВ
омода намуд.