Э.ТУРДИМОВ: Фазилатҳои некӯ дар дил, дар қалби халқамон таҷассум ёфтааст

Э.ТУРДИМОВ: Фазилатҳои некӯ дар дил, дар қалби халқамон таҷассум ёфтааст

  • Post category:Сиёсат

Президенти мӯҳтарами мамлакат бо назардошти арзишҳои таърихӣ ва маънавии халқамон, фазилатҳои бузурги мардум, чун меҳру саховатмандӣ, оқибат ва ҳиммат, бо мақсади дар шароити имрӯзаи пандемия дастгирии амиқ ва мақсадноки қишри ба ёрӣ ва кӯмак мӯҳтоҷи аҳолӣ ғояи таъсиси Ҳаракати умумихалқии «Саховат ва кӯмак»-ро пеш гузоштанд.
Ин ташаббус дар радифи тамоми мардуми кишвар, дили самарқандиёнро низ ба ҷӯш оварда, ба ғайраташон ғайрат ҳамроҳ мекунад. Аз ин рӯ, ин ҳаракати муборак ба ифодагари мағз-­мағзи ҳаёти рӯзмарраи ҳар яки мо, ба қарзу фарзи ӯҳдадории иноснии мо, нишонаи амалии тавоноии халқи мо табдил меёбад. Дар асл, чунин кӯшиш ва фазилатҳои некӯ дар дил, дар қалби халқамон таҷассум ёфтааст.
Сарвари давлатамон дар ҷамъомади видеоселекторие, ки 20-уми апрели соли ҷорӣ гузаронида шуд, оиди дар ҳолати амал ба талабҳои байналхалқӣ ва миллӣ, зина ба зина сабук кардани маҳдудиятҳои карантин дар мамлакат ва дар асоси ин тезтар ба ҳаёти меъёрӣ баргаштан чорабиниҳои нахустинро муқаррар карда буд.
Дар моҳҳои март-­апрели соли ҷорӣ:
– муддати қарздории кредитии 3906-то соҳибкор, ки ба 798,0 млрд сӯм баробар аст, ба 6 моҳ дароз карда шуд.
– ба 734-то субъекти соҳибкорӣ аз тарафи Хазинаи давлатии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ 217,8 млрд. сӯмина ёрии молиявӣ расонида шуд.
– ба 455-то субъекти соҳаи туризм аз ҳисоби андози замин, мулк ва ба 1 фоиз кам гардидани андози иҷтимоӣ, ки 12 фоиз аст, аз андозҳо ҷамъ 2,4 млрд. сӯм имтиёз истифода дода шуд.
– ба пардохткунандагони андози қимати иловагӣ, ки дар як моҳ гардиш намудани реализатсияи 1276-то молҳояшон аз 1 млрд. сӯм зиёд нест ва ҳисоб-­фактураҳои электрониро истифода мебаранд, ҳуқуқи дар чоряк супурдани 27,8 млрд. сӯм андозҳо дода шуд.
– ставкаҳои андози 9641-то корхонаҳои хоҷагии қишлоқ барои истифода аз захираҳои об ба 69,7 млрд. сӯм (ба 50 фоиз) кам карда шуд ва ҳоказо.

Дар ҷамъомади видеоселектории рӯзи 22-юми апрел бошад, вазифаҳои таъмини шуғл ва пешгирии пастшавии даромади аҳолӣ, аз ҷумла, масъалаи дастгирии моддии шаҳрвандоне, ки аз сабаби маҳдудиятҳои карантин муваққатан бекор мондаанд, дар мисоли корҳои дар вилояти Самарқанд амалишаванда, баррасӣ гардид. Аз рӯйи чораву тадбирҳои дар ҳар як самт ва ҳар як соҳа иҷрояш зарурӣ, супориш ва вазифаҳои аниқ муқаррар карда шуд. Бобати иҷрои саривақтии онҳо дар давоми моҳи муқаддас корҳои амалиро аллакай оғоз намудем.
Дар вилоят дар доираи Ҳаракати умумихалқии «Саховат ва кӯмак» низ корҳои амалӣ оғоз гардиданд. Дар ин самт соҳибкор ва фермерон саҳми муносиб ҳамроҳ мекунанд. Дар ҳақиқат, вазъияте, ки рӯз ба рӯз тағйир меёбад, доир ба таъмини шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии оилаҳои ниёзманд татбиқи чорабиниҳои иловагиро талаб мекунад. Имрӯзҳо дар вилояти мо 3,8 миллион нафар шаҳрванд дар 904 ҳазор оила истиқомат мекунанд. То оғози пандемия сатҳи бекорӣ дар бозори меҳнат 9,3 фоизро ташкил карда бошад, аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатие, ки аз давтаҳои хориҷӣ бозмегарданд ва шаҳрвандоне, ки муваққатан бекор мондаанд, ба 11,1 фоиз расидани ин миқдор пешбинӣ шудааст.
Маълум аст, ки Президенти мамлакат дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис масъалаи кам кардани камбағалиро гуфта буданд ва имрӯзҳо дар ин самт чорабиниҳои амалӣ иҷро карда мешаванд. Таҳлилҳо тақсимоти нобаробари даромадҳои вилоятамонро нишон медиҳад. Аз ин сабаб, сатҳи болои камбағалӣ ва нишондоди пасти ҳиссаи миёнаҳоли аҳолӣ нисбат ба миқдори умумии аҳолӣ, ба ҳиссаи баъзе ноҳияҳо рост меояд. Дар натиҷаи омӯзишҳо, ки доир ба аниқ кардани чунин оилаҳо анҷом ёфт, мавҷудияти 47,7 ҳазор оилаи (222,4 ҳазор нафар шаҳрванд) мӯҳтоҷ аниқ карда шуд (аз ин қариб 18 ҳазор нафар шаҳрвандон муҳоҷирони меҳнатие ба ҳисоб мераванд, ки аз хориҷа ба вилоят баргаштаанд).
Албатта, кам кардани камбағалӣ, тавре Президентамон таъкид намудаанд, маънои зиёд кардани миқдори моҳона ё нафақа, ба ҳама кредит доданро надорад. Барои ин пеш аз ҳама ба аҳолӣ касб омӯхтан, афзунсозии саводнокии молиявии онҳо, зиёд кардани рағбати одамон ба соҳибкорӣ, беҳсозии инфрасохтор, ҷорӣ намудани сохтори мақсадноки нафақадиҳӣ лозим аст. Дар натиҷаи таҳлилҳое, ки аз рӯйи ҳамин нуқтаи назар гузаронида шуд, аён гардид, ки 19609 нафар аҳолии ниёзманд соҳиби ихтисос буда, ҳоло бекор ҳастанд, инчунин, имкони дар замини наздиҳавлигии шахсӣ машғул кардани 35 776 нафари онҳо мавҷуд аст ва 39 615 нафар шаҳрвандони бекор ихтисосе надоранд. Ин бошад, дар навбати худ амалӣ ва мақсаднок будани чорабиниҳоро доир ба таъмини шуғли онҳо таъмин мекунад.
Президентамон дар мобайни 3 соли минбаъда ба дастгирии бевоситаи соҳибкорӣ эътибори калон менигаронанд. Бахусус, ба туфайли имзо гардидани Фармони сарвари давлат аз 3-юми апрели соли ҷорӣ «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ доир ба дастгирии аҳолӣ, шохаҳои иқтисодиёт ва субъектҳои соҳибкорӣ дар давраи пандемияи коронавирус» ва қарорҳое, ки баъд аз он қабул шуданд, ба онҳо имтиёзот ва преференсияҳои гуногун, таътилҳои андозбандӣ, кредитҳои имтиёзноки бонкҳо ва сабукиҳои иловагӣ дода шуд, ки дар натиҷа аксарият истеҳсолкунандагони вилоят ба барқарории иқтисодӣ ноил гардида, ба нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ мушарраф шуданд.

Эркинҷон ТУРДИМОВ, ҳокими вилояти Самарқанд,