Нурониҳо аз пешина ҳам фаъолтаранд

Нурониҳо аз пешина ҳам фаъолтаранд

  • Рубрика записиҶамъият

Пушида нест, ки халқи Ўзбекистон чун мардуми мамлакатҳои дунё ба туфайли инфексияи коронавирус санҷишҳои ҷиддиро аз сар мегузаронад.
Роҳбарияти мамлакат дар вазъияти мураккабе, ки ҳоло ҳукмрон аст, барои таъмини бехавфии санитарӣ ва хўроквории аҳолӣ, назорат кардани вазъияти эпидемиологӣ, мустаҳкам кардани иммунитети ҷисмонӣ ва маънавии аҳолӣ дар шароити карантин, кўшиш кардан барои аз роҳ набаромадани ҷараёнҳои иқтисодӣ, хулоса пешгирӣ кардани ҳамаи ҳолатҳои манфие, ки метавонанд аз сабаби пандемия рўй диҳанд, чораҳои зарурӣ мебинад.
Паст будани динамика ва ҳолатҳои марги беморон, пайваста баланд шудани дараҷаи шифоёбии онҳо, дар бозорҳо қариб зиёд нашудани нархи хўрокворӣ ва рўй надодани норасоии маҳсулот то кадом дараҷа дуруст будани чораҳои дидашударо нишон медиҳанд.
Ба тарзи маҷбурӣ не, ба воситаҳои чораҳои иқтисодӣ мўътадил нигоҳ доштани нархи хўрокворӣ баробари баланд бардоштани кайфияти харидорон сабаби эътирози фурўшандаҳо низ намешавад.
Дар ҷойҳо ташкил кардани ярмаркаҳо аз ҳисоби захираҳо, ба қабати ба ҳимояи иҷтимоӣ мўҳтоҷи аҳолӣ, аз ҷумла пирони танҳо, оилаҳои камтаъминшуда, бекорон ва оилаҳое, ки муваққаттан манбаи даромадашонро гум кардаанд аз тарафи тадбиркорони саховатпеша ба воситаи «Марказҳои мувофиқгардонии хайрияҳои сарпарасти» расондани хўрокворӣ дар нигоҳ доштани мувозинат байни талаб ва таклиф дар бозор омили асосӣ мешавад.
То имрўз ба воситаи марказҳои мутобиқкунии хайрияҳои сарпарастии сохтори Вазорати дастгирии маҳалла ва оила дар вилояти Самарқанд ба 5123-то оилаҳои ба ёрӣ мўҳтоҷ ба воситаҳои идораҳои маҳаллӣ навъҳои асосии хўрокворӣ, воситаҳои гигиенаи шахсӣ ва муҳофизати расонида шуд.
Ҳоло дар вилоятамон 42 нафар иштирокчиёни ҷанги дуюми ҷаҳонӣ зери ғамхории пайвандон ва давлатамон умр мегузаронанд. Сарфи назар аз баъзе маълумотҳо, ки дар шароити карантин ба вуҷуд омаданд, ба онҳо мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ўзбекистон аз 28-уми апрели соли 2018 таҳти рақами 317,15 навъи хўрокворӣ ва воситаҳои гигиенӣ саривақт расонида мешавад. Онҳо маҳсулоти барои моҳи апрел пешбинишударо аллакай гирифтанд.

Маълум аст, ки бобову модаркалонҳои пиронсоли мо санҷишҳои аз имрўза вазнинро низ аз сар гузаронидаанд. Аз ҳама беш собиқадороне, ки бачагиашон дар даврҳои ҷанг, пеш ва баъди он гузаштааст, баробари қаҳтӣ чанд эпидемияро аз сар гузарондаанд ё ки аз пиронсолон шунидаанд. Аз ҳамин сабаб, дар шароити мураккаб ва карантин, ки дар оқибати пандемия рўй дод, ҷойи онҳо беқиёс аст. Собиқадорон инро қалбан ҳис карда, ба даъвати «Дар хона монед» қатъиян амал мекунанд ва фаъолии иҷтимоӣ-­иқтисодиашонро боз ҳам баръалотар нишон медиҳанд.
Мувофиқи маълумот ва таҳлилҳое, ки аз ҷойҳо гирифта мешаванд, дар вилоятамон беш аз 160 ҳазор собиқадороне, ки ба имконияти ҷисмониашон ба нишон додани фаъолияти иҷтимоӣ-­иқтисодӣ қодир аст, зиндагӣ мекунанд.
Аксарияти онҳо дар хона ҳамроҳи набераву абераҳояшон бо машғулоти фоиданок банд ҳастанд.
Аз ҷумла, сокинони маҳаллаҳои Чоршанбеи ноҳияи Самарқанд Ҳамидбобо Набиеви 90-сола, маҳаллаҳои Работ ва Иштихони ноҳияи Иштихон Зиёдбобо Қўчқоров, Эркинбобо Дўстмуродов ва маҳаллаиАмир Темури ноҳияи Пастдарғам Ҳайдарбобо Эргашев бо набераву абераҳо машғули китобхонӣ, тайёр кардани дарс ва бозии шашкаву шоҳмот бошанд, сокини маҳаллаи Темираки ноҳияи Оқдарё момои Мухтасар Эрдонова барин модаркалонҳо бо тарбияву таълими набераҳо машғуланд
Дар вилоятамон 538540-то қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ мавҷуд буда, майдони умумии онҳо 61,8 ҳазор гектарро ташкил мекунад. Ҳазорҳо нафар нурониён баробари ба набераву абераҳои худ сирри аз ин замин самаранок истифода бурданро омўзондан, худашон низ ба даст каланд гирифта намуна мешаванд.
Бо мақсади дар мағоза ва дўконҳои хўрокворӣ пешгирии бе асос зиёд кардани нархи маҳсулот, ба вуҷуд овардани норасоии сунъии онҳо беш аз 2 ҳазор нафар собиқадорон дар маҳалҳое, ки худ зиндагӣ мекунанд, ба қоидаҳои карантин ва талаботи гигиена риоя карда, машғули назорати ҷисмонианд.
Дар урфият бесабаб «мардак одами кӯча, вай ба таъминоти оила масъул аст» нагуфтаанд. Дар шароити карантин баъзе мардҳое, ки машғули корҳои рўзмарра ва фаъолияти тартиби якка буданд, инчунин дар дўконҳои ғайрихўрокворӣ ва муассисаҳои хўроки умумӣ кор мекарданд, муваққатан дар хона нишаста монданд. Ин бошад, дар баъзе ҳолатҳо дар муносибатҳои оилавии байни зану шавҳар ба нофаҳмиҳо овард, ки ин айни ҳақиқат аст. Чунин муаммоҳо низ аз эътибори собиқадорони фаъолу рамузфаҳм дур намонд. Кормандони ташкилотҳои худидоракунанда ва собиқадорони фаъол ин хел оилаҳоро муайян карда, муаммоҳояшро меомўзанд ва онҳоро бартараф карда, чораҳои барқарор шудани муҳити маънавии оиларо мебинанд.
Аз ҷумла, дар моҳҳои март ва апрел дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои худидоракунанда бо риоя ба талаботи карантин ва қоидаҳои гигиена бо чанд оилаи нотинҷ дар мулоқот шуда, ба носозиҳои оилавӣ барҳам доданд. Дар натиҷа даҳҳо зану шавҳарҳо ба муросо оварда шуданд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурияти Ўзбекистон аз 30-юми марти соли 2020 «Дар бораи ҳавасмандгардонии иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон» ба муносибати дар мамлакатамон баргузор намудани ҷашни умумихалқии 9-уми май – Рўзи хотира ва қадр ва 75-солагии ғалаба бар фашизм ба иштирокчиён ва ногироҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ пешбинӣ шудани мукофоти якмаротибаинаи пулӣ ба миқдори 10 миллион сўм онҳоро мамнун кард.
Барои саривақт ва пурра расондани мукофотпулӣ тадбирҳои ташкилии васеъмиқёс амалӣ карда мешаванд. Дар доираи тадбирҳо аз аҳволи иштирокчиёни ҷанг хабар гирифта, шароити зисти онҳо омўхта мешавад ва муаммоҳои муайяншударо дар ҷояш ҳал мекунанд. Баробари ҳамин, тўҳфаҳо дода мешаванд. Аз чунин эътибор дили онҳо чун кўҳ бардошта шуда, ба роҳбарияти давлат ва халқи саховатпешаамон миннатдории самимӣ изҳор мекунанд.
Ҳоло дар вилоятамон наздики 1600 нафар фахриёни оқибгоҳ истиқомат карда, онҳо низ дар эътиборанд. Дар доираи тадбирҳо бахшида ба Рўзи хотира ва қадр, инчунин ҷашни 75-солагии ғалаба бар фашизм онҳо низ аз эътибор ва ёрии ғамхорона баҳраманд мешаванд. Дар моҳи марти соли равон ба 400 нафари онҳо маҷмўи кўрпаву болишти босифат тўҳфа карда шуд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурияти Ўзбекистон аз 18-уми феврали соли 2020 таҳти рақами ФП‑5938 ва қарори рақами ҚП‑4602 ба сатҳи нав бардоштани ҳамкории Вазорати дастгирии маҳалла ва оила ва Вазорати мудофиа талаб карда шуд. Бар асоси он садорати дастгирии маҳаллаву оилаи вилоят ва Садорати корҳои мудофиаи вилоят корҳоеро, ки дар қисмҳои ҳарбии дар ҳудуди вилоятамон ҷойгирифта амалӣ мегарданд, ба таври нав ташкил мекунанд.
Аз ҷумла, бо мақсади ташкили пайвастаи тадбирҳои тарғиботӣ ва маънавие, ки дар байни аскарону ҷавонон, аз ҳама беш ҷавонони муттаҳиднашуда бурда мешаванд, бо иштироки ҷонишини фармондеҳи Округи ҳарбии марказӣ ва ҷонишинони командирҳои қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят доир ба корҳои маънавӣ ҷамъомади муштарак гузаронда шуда, бар асоси фармон ва қарори мазкур вазифаҳои асосӣ муайян шуданд. Бо қарори ҷамъомади муштарак ба ҳар як қисми ҳарбӣ 5-10 нафари собиқадорони фаъол вобаста гардиданд. Барои ҷонишинони сардорони садорати вилоятӣ ва шўъбаҳои шаҳрӣ (ноҳиявӣ) доир ба кор бо пиронсолон ва собиқадорон дар биноҳои Округи марказӣ ва шўъбаҳо доир ба корҳои мудофиа хонаҳои махсуси корӣ ҷудо кардида, пурра ҷиҳозонида шуд.
Баробари ҳамин дар байни қисми ҳарбии рақами 88534, ки дар худуди вилоятамон воқеъ аст садорати мо «Барномаи ҳамкорӣ дар бораи тарбияи насли наврас дар рўҳи ҳарбӣ-­ватанпарварӣ, баланд бардоштани фаъолияти иҷтимоии собиқадорон барои дар шуури онҳо ҷойгир шудани арзишҳои миллӣ ва умуминсонӣ тасдиқ карда шуд. Дастури мазкур аз ду қисм иборат аст. Дар қисми якўми он тадбирҳои амалӣ роҷеъ ба ғамхории хизматчиёни ҳарбӣ ба бобову модаркалонҳо буда, ёрии моддӣ ва маънавӣ ба пиронсолони танҳо, ё ки оилаҳои камбизоат, иштирокчиёни ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, собиқадорони оқибгоҳи фронт ва пиронсолони ногиро қайд гардидааст. Имрӯзҳо дар ин самт кор бурда мешавад.
Президенти мўҳтарамамон дар ҷамъомади видеоселекторие, ки 20-уми апрели соли равон гузаронд, дар мамлакатамон ба Ҳаракати умумихалқии «Саховат ва кўмак» асос гузошт. Ҳаракати мазкур, ки хоси халқи олиҳиммат ва дар дунё беназир буда, собиқадорони вилоятамонро беҳад мамнун кард. Чунки ба қарибӣ дар шароити карантине, ки ба туфайли пандемияи коронавирус ҷорӣ карда шуд, фатвои Идораи мусулмонони Ўзбекистон роҷеъ бар асоси тартиби алоҳида гузарондани моҳи мубораки Рамазон эълон гардида буд. Ин маънои дар масъалаи хайру эҳсон баланд бардоштани самаранокӣ ва муттаҳид кардани ҳамаи қувваҳоро дорад. Дар ин масъала нурониҳои вилоят дар канор намеистанд, албатта. Соли равон аз сабаби дар моҳи Рамазон нагузарондани тадбирҳои ҷамоавӣ ва маъракаҳо ба воситаи ҳаракати умумихалқии «Саховат ва кўмак» ба оилаҳои мўҳтоҷ расондани эҳсон айни муддао мешавад. Ҳар як нуронӣ дар амалӣ кардани ин тадбирҳо фаъолона иштирок карданро барои худ ҳам фарз ва ҳам қарз медонад. Онҳо бе ҳеҷ шакку шубҳа дар ташкил ва ба манзили оилаҳои мўҳтоҷ расондани эҳсонҳо фаъолона ширкат меварзанд.
Бо мақсади мутобиқгардонӣ ва таъмини иҷрои тадбирҳои зикргардида дар ҷойҳо бо фаъолонамон рў ба рў, ба воситаи телефон, шабакаҳои интернет ва воситаҳои ахбори оммавӣ робита карда истодаем.
Даври санҷишҳо ҳам мегузаранд, албатта. Вале чӣ тавр гузаштани онҳо ба саъю кўшиши муташаккилонаи ҳамаи одамоне, ки дар мамлакатамон зиндагӣ мекунанд, муҳаббат ва садоқати онҳо ба Ватан, меҳру оқибати онҳо ба наздикону пайвандон вобаста аст. Боварӣ дорем, ки халқи ҳимматбаланди мо, ки дар гузашта санҷишҳои аз ин ҳам вазнинро аз сар гузарондааст, рўзҳои наздик бо раҳнамоии Раисҷумҳури мўҳтарамамон бе талафоти ҷиддӣ ба тарзи осоиштаи зиндагӣ бармегардад ва боз сўйи марраҳои баланд қадам мегузорад.

Ҳасан НОРМУРОДОВ,
ҷонишини сардори Садорати дастгирии маҳалла ва оила, аъзои Сенати Олий Маҷлис,Қаҳрамони Ўзбекистон
.