Ҳаракати умумихалқии “Саховат ва кӯмак” моро муттаҳид кард!

Ҳаракати умумихалқии “Саховат ва кӯмак” моро муттаҳид кард!

  • Post category:Ҷамъият

Шавкат ҶАЛОЛОВ,
раиси Шӯрои ассотсиатсияи директорони
«Agromir group»-и ноҳияи Самарқанд:

– Бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти мӯҳтарамамон, ки Ҳаракати умумихалқии “Саховат ва кӯмак” ташкил гардид, мо аз аввалинҳо шуда, ин ташаббусро дастгирӣ намудем.
Пеш аз ҳама, дар назди корхонаамон ширкати боғпарварӣ ташкил намудем. Дар зиёда аз 600 гектар замини назди ширкат ба шинонидани ток шурӯъ кардем. Барои ин мо ҳазор оиларо таҳти нигоҳубинии худ гирифта, зиёда аз 500 оилаи камтаъминро бо кори доимии коорпоративӣ таъмин намудем. Ба онҳо замини байни токзорҳои нав барпошударо тақсим карда додем. Ҳоло онҳо дар байни токзорҳо бо парвариши маҳсулотҳои кишоварзӣ машғуланд.
Ғайр аз ин, ба 500 оилаи дигар тухмиҳои бодирингро тақсим кардем, ки дар давоми чил рӯз тайёр мешавад.

Инчунин, 100 нафарро ба корҳои сохтмонии хонаҳои бисёрошёнае, ки дар массиви Қорасуви шаҳри Самарқанд барпо мегардад, ҷалб намудем. Бояд гуфт, ки таъминоти хӯроквории семоҳа ва хароҷоти роҳкирои онҳоро бар ӯҳдаи худ гирифтем. Дар оянда боз ташкил намудани ҷойҳои нави кориро мақсад намудем. Аз ҷумла, ният дорем, ки дар доманаи кӯҳҳои ноҳияи Самарқанд дар майдони 2000 гектар боғи интенсивӣ барпо намоем. Ин лоиҳаи боғе, ки бо системаи пурраи обёрии чакрагӣ ташкил карда мешавад, то охири соли ҷорӣ ба итмом мерасад ва дар он 2000 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ба ин корҳо бо амри виҷдон даст зада, қарзи инсонии худро адо мекунем. Зеро имконияту дастгирии давлатамон аст, ки имрӯз мо бизнеси худро ба роҳ мондаем ва сӯйи мақсадҳои нек қадам мегузорем.

Акмал АҲМЕДОВ,
роҳбари корхонаи «СамФРЕЕ»-и ноҳияи Ургут:

– Имрӯз кишварҳои ҷаҳон аз сабаби доман паҳн кардани пандемияи коронавирус бо вазъияти душвори иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардидаанд. Тамоми давлатҳо мекӯшанд, то ин санҷишро сарбаландона паси сар кунанд ва барои ин чорабиниҳои зарурӣ меандешанд. Дар мамлакати мо низ таҳти назорати Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев корҳои зиёд иҷро мегарданд. Яке аз онҳо эътибор ба соҳибкорон, дасгирии ҳамаҷонибаи онҳо ва дар ин самт имзо гардидани як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мебошад. Барои мо дар супоридани пардохтҳои андоз, боҷхона, бонк як қатор имтиёзҳо дода шуд, ки аз онҳо пурсамар истифода мебарем. Дар навбати худ мо соҳибкорон дар атрофи ташаббуси Ҳаракати умумихалқии “Саховат ва кӯмак” муттаҳид шуда, фаъол иштирок мекунем. Аз ҷумла, бо ҳамкории ҳокимияти ноҳияи Ургут ба 35 оилаи ниёзманди маҳаллаи худ ёрии беғараз расондем. Инчунин, 10 оилаи мӯҳтоҷро ба парасторӣ гирифта, аъзои ин хонаводаҳоро бо кор таъмин кардем.

Хуршед ТӮРАЕВ,
роҳбари корхонаи “Мароқанд семент”:

Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки 20-уми апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев бино бар масъалаҳои таъмини фаъолияти пурраи корхонаҳои саноатӣ, соҳаи сохтмон ва инфрасохтор баргузор гардид, ба масъалаи дастгирии ҳамаҷонибаи қишри ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманди аҳолӣ эътибори алоҳида дода шуд ва зикр гашт, ки дар ин самт соҳибкорон нерӯи асосӣ ба шумор мераванд.
Боиси қайд аст, ки аз тарафи ҳукумат ба мо соҳибкорон имтиёзоти зиёд дода шудааст, ки аз онҳо босамар истифода мебарем. Чанде пеш бо ташаббуси сарвари давлат Ҳаракати умумихалқии “Саховат ва кӯмак” ташкил гардид, ки аз ин мо тадбиркорон хушҳол гардидем. Ҳоло корхонаи мо беш аз 200 оиларо ба парастории худ гирифтааст ва тӯли се моҳ онҳоро бо маҳсулоти ниёзи аввал таъмин мекунад. Инчунин, дар корхонаи худ ташкил кардани 50 ҷойи нави корӣ ва ба он ҷалб намудани ҷавононро ба нақша гирифтем.