Ҷамъи қарзи нафақахӯрон аз ҳисоб бароварда мешавад

Ҷамъи қарзи нафақахӯрон аз ҳисоб бароварда мешавад

  • Рубрика записиСиёсат

Президенти мамлакат бо мақсади таъмин кардани дастгирии иловагии шахсоне, ки манбаъҳои асосии даромади худро дар давраи муқовимат ба паҳншавии сирояти коронавирус аз даст додаанд, табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночори аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ ба Фармон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ дар давраи пандемияи коронавирус» аз 27-уми апрели соли 2020 имзо гузошт.
Мувофиқи фармон:

Аз 1-уми апрели соли 2020 то 1-уми октябри соли 2020:
Беподош ба Фонди ҷамоатӣ-хайриявии «Маҳалла», Бунёди «Саховат ва кӯмак», Фонди ҷамъиятии « Меҳр-­шафқат ва саломатӣ»-и Ӯзбекистон, аз ҷумла филиалҳои онҳо дар Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, вилоятҳо, шаҳри Тошканд, ноҳияҳо ва шаҳрҳо, инчунин шахсони ҷисмонии ба рӯйхати шахсони ҷисмонии ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷманд воридгардида, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ташаккул меёбанд, додани:
воситаҳои пулӣ ва молҳо (хизматрасониҳо) ҳангоми ҳисоб кардани андози даромад ба сифати хароҷоти тарҳшаванда ҳисобида мешаванд;
молҳо (хизматрасониҳо) аз андози арзиши иловагӣ озод карда шуда ва ба объекти андозбандӣ аз андози муомилот дохил карда намешаванд.
Кӯмакҳои беподош (маблағҳои пулӣ, мол ва хизматрасонӣ), ки аз Фонди ҷамоатӣ-хайриявии «Маҳалла»-и Ӯзбекистон, Фонди «Саховат ва кӯмак», Фонди ҷамъиятии «Меҳр-­шафқат ва саломатӣ» -и Ӯзбекистон, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ гирифта мешаванд, агар шахсони кӯмакгиранда ба рӯйхати шахсони ҷисмонии ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷманд, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ташаккул меёбанд, дохил бошанд, ба сифати даромади шахси ҷисмонӣ ҳисоб карда намешаванд.
Ба шахсони ҷисмонӣ ҳуқуқи таъхири бефоиза бинобар пардохти андози даромади шахсони ҷисмонӣ, ки аз ба иҷора додани биноҳои истиқоматӣ ба шахсони ҷисмонӣ ва биноҳои ғайриистиқоматӣ ба субъектҳои хоҷагидорӣ, ки фаъолияташон дар давраи пандемияи коронавирус боздошта шудааст, ба даст меоранд, дода мешавад. Бо ин маблағи оид ба пардохти андози даромади шахсони ҷисмонӣ таъхирдодашаванда бо ҳиссаҳои баробар то 1-уми апрели соли 2021 пардохт карда мешавад.
Маблағи даромадҳои фоизӣ, ки аз ҷониби корхонаҳои лизинг ҳисоб карда ва ба таъхир гузошта шудаанд, ҳангоми ҳисоб кардани андози даромад дар давраи таъхири додашуда ба маҷмӯи даромад дохил карда намешавад.
Тартиби аз ҷониби Фонди давлатии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ҷуброн намудани хароҷоти фоизӣ бинобар қарзҳои бонкҳои тиҷоратӣ ба шартномаҳои қарзии мавҷудаи субъектҳои соҳибкорӣ низ татбиқ карда мешавад.
Тартибе ҷорӣ карда мешавад, ки мувофиқи он дар соли 2020 миқдори ёрии моддӣ, ки ба ходим пардохта мешавад, аз 4,22 то 7,5 баробари миқдори камтарини музди меҳнат зиёд шавад, аз даромади шахсони ҷисмонӣ андоз ситонда намешавад.
 Мувофиқи Фармон барои нафақаҳои барзиёд пардохтшуда, ки дар натиҷаи санҷишҳо оиди дуруст таъин кардан ва пардохти нафақа муқаррар шудааст, то ҳолати 20-уми апрели соли 2020 ҷамъи қарзи нафақахӯрон аз ҳисоб бароварда мешавад.
Аз 1-уми майи соли 2020 нафақаҳо ба нафақахӯрони коркунанда бевосита аз ҷониби Фонди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати молия (ба истиснои шахсоне, ки аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон нафақа мегиранд) пардохт карда мешаванд.