Анъана идома дорад

Анъана идома дорад

  • Рубрика записиМаориф

Дар мактаби таълими умумии рақами 41-и ноҳияи Самарқанд ба корҳои таълиму тарбия эътибори алоҳида дода мешавад. Ҳар як омўзгори мактаб ба он мекўшад, ки лоиқи касби пуршараф бошад. Дар мактаб омўзгорони пуртаҷриба ва соҳибрўй бисёранд. Яке аз онҳо муаллимаи 54-солаи синфҳои ибтидоии мактаб Истода Болтақулова мебошад.
Ў дар мактаби миёнаи рақами 10-и шаҳри Самарқанд таҳсил гирифт. Аз овони бачагӣ ба касби омўзгорӣ ҳаваси ҷудогона пайдо кард. Зеро падараш Абдулмубин Болтақулов омўзгори забону адабиёти тоҷик буд. Ҳаваси омўзгор шудан Истодаро ба даргоҳи Донишкадаи педагогии ба номи С.Айнии шаҳри Самарқанд овард. Ў соли 1988 ин муассисаи таълими олиро хатм намуда, соҳиби диплом шуд. Баъди хатми донишкада якчанд сол ба сифати омўзгори фанни забон ва адабиёти ўзбек дар мактаби миёнаи рақами 49-и шаҳр фаъолият нишон дод. Бист сол мешавад, ки муаллима ба хонандаҳои синфҳои ибтидоии мактаби таълими умумии рақами 41 навистану хондан ва расмкаширо ёд медиҳад. Имрўзҳо ў сарвари омўзгорони синфҳои ибтидоии мактаб мебошад. Муаллима ҳар як дарсашро бо тайёрии пухта, бо воситаҳои аёният мегузаронад. Таҷрибаҳои муаллимони пешсафро истифода бурда, кормебарад. Ҳамеша ба он кўшиш мекунад, ки шогирдонаш хондану навиштанро нағз ёд гирифта, шеърҳои зиёдро аз ёд кунанд, соҳиби фикри шахсӣ бошанду фарзандони муносиби халқ шаванд.
И. Болтақулова дар давоми даҳсолаҳо садҳо нафар шогирдонро таълиму тарбия дод. Имрўзҳо шогирдонаш дар соҳаҳои гуногуни ҷамъият меҳнат карда, баҳри рушди мамлакати озоду обод ҳисса мегузоранд.
Муаллима бо ҳамсараш се нафар духтарро, тарбия ва таълими хуб доданд. Имрўзҳо дар духтари калонии оила Ирода омўзгори фанни таърихи мактаби таълими умумии рақами 14-и ноҳия, духтари миёна – Саодат омўзгори коллеҷи касбиву ҳунарии Равонаки ноҳия ва духтари хурдӣ – Зайнаб омўзгори фанни биологияи мактаби таълими умумии рақами 41-и ноҳия мебошанд. Яъне, касби волидайнро идома дорад.
Имрўзҳо муаллима ба хонандаҳои синфи 4 мувофиқи тақозои шароит ба таври онлайн дарс мегўяд. Қариб ки ҳамаи шогирдонаш бо баҳоҳои хубу аъло таҳсил доранд. Муаллима бо аълочиёни синфаш Лазизҷон Юсуфбеков, Парвиз Шавкатуллоев, Марҳабо Адашқулова, Ганҷина Маъсудҷонова, Марҷона Алиева ва дигарон ифтихор дорад.
– Аз интихоб намудани касби падар – омўзгорӣ бисёр шодам. Зеро дуои он касро гирифта, ба дарсдиҳӣ пардохтаам, – мегўяд И. Болтақулова. – Имрўзҳо ҳукумат барои илму дониш гирифтани бачаҳо шароитҳои хеле хубро муҳайё кард. Солҳои охир музди меҳнати омўзгорон зиёд гардид. Аз омўзгорон як чиз талаб карда мешавад. Он ҳам бошад ба бачаҳо додани тарбияву таълими хуб аст. Ҳамеша ба шогирдонам такрор ба такрор мегўям, ки бисёртар китоб хонанд. Вақти зиёди худро ба мутолиаи китоб сарф намоянд. Зеро ба мамлакати ояндадори мо танҳо шахсони соҳиби хулқ ва дониши нағз лозим.

Ҷамшеди АСРОР.