Мамаюсуфбобо аз эътибору ғамхориҳо мамнун

Мамаюсуфбобо аз эътибору ғамхориҳо мамнун

  • Рубрика записиҶамъият

Иштирокчии Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, сокини маҳаллаи Камолоти ноҳияи Пастдарғам Мамаюсуф Раҷабов имрӯзҳо дар канори фарзанд, набера ва чабераҳои худ ҳаёти хуши 97-солаи мегузаронад ва ҳар лаҳза даст ба дуо бардошта, шукри диёри тинҷу обод, фаровонии рӯзгор мекунад.
– Дар синни 17-солагӣ ба ҷанг рафтам, – солҳои ҷангро ба хотир меорад Мамаюсуфбобо. – Зимистони соли 1942 ба поезд нишаста, ба ҷанг рафтем. 23 рӯз роҳ гашта, ба Белоруссия расидем. Аз вокзал то майдони ҳарб, ки қариб 100 километр буд, пиёда роҳ гаштем. Ҳаво бениҳоят сард ва чашм кушондан ғайриимкон буд. Барои огоҳ нагардидани душман фақат шаб ҳаракат мекардем. Дар чунин рӯзҳои душвор бо бадхоҳони кишвар ҷанг кардем. Соли 1943, вақте ки шаҳри Белградро озод мекардем, тири душман ба пойи чапам расида, ярадор шудам. Баъди дар беморхонаи ҳарбӣ табобат кардан, маро ба хона ҷавоб доданд. Инак, 77 сол боз як порчаи тири снайпери душманро бо худ гирифта мегардам. Ин ҳар лаҳза ба хотири ман ҳамон рӯзҳои мушкилро меорад, рӯҳан азоб медиҳад, диламро озурда месозад.
Мамаюсуф Раҷабов баъди бозгашт аз рӯйи ихтисоси байторӣ хонд ва то синни нафақа дар корхонаи «Ӯзбиокомбинат»-и ноҳияи Пастдарғам кор кард.
Имрӯзҳо пирамарди пурдида Мамаюсубобо ба фарзанду наберагон доир ба боғдорӣ ва кишоварзӣ маслиҳат медиҳад. Ҳамроҳи писараш Абдусалом Раҷабов 7 сол инҷониб дар гармхонаи ҳавлӣ 15 бех лимон парвариш мекунанд.
Ба Мамаюсуф бобо ба муносибати 75-умин солгарди Ғалаба дар асоси фармони Сарвари давлат 10 миллион сӯм мукофотипулӣ дода шуд, ки бобо аз ин эътибор бениҳоят хурсанданд. Бобо аз ин ғамхориҳо ба ҳукумати кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки истиқлолияти кишвар абадӣ бошад.

Бахтиёр МУСТАНОВ.