Лоиҳаи ҳаракати «Саховат ва кӯмак»

Лоиҳаи ҳаракати «Саховат ва кӯмак»

  • Post category:Ҷамъият

Халқи мо, ки аз азал саховатпеша ва бо меҳру оқибат аст, дар чунин рӯзҳои мушкил якдигарро дастгирӣ мекунанд. Таҳти қарори нави Президент ба воситаи Ҳаракати умумихалқии «Саховат ва кӯмак» дар ноҳияву шаҳрҳои вилоят аз ҷониби тадбиркорон ба оилаҳои эҳтиёҷманд, ногироҳо, кӯҳансолон ва ғайра кӯмаки моддӣ расонида мешавад.
Чунин ташаббус дар маҳаллаи «Мӯлиён»-и шаҳри Самарқанд аз ҷониби тадбиркор, роҳбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Аҳмадбек қурилиш ТРИО» Рустамов Илҳом ба амал омад, ки ӯ аз ҳисоби худ ба оилаҳои эҳтиёҷманди маҳалла 2 тонна орд, 500 литр равған, 800 килограммӣ биринҷу шакару макарон, 700 дона собуни ҷомашӯӣ ва хокаи сода, 7 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ва 3000 дона тухм пешкаш кард.
Сокинони маҳалла аз ин кори хайр мамнун гашта, дар моҳи шарифи Рамазон дар ҳаққи ин тадбиркори саховатпеша ва барои тинҷию осудагии Ватанамон дуо карданд.

Н.БОБОАҲМЕДОВ.