Худкардаро даво нест…

Худкардаро даво нест…

  • Post category:Ҷамъият

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон оид ба рушди соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароит барои субъектҳои хоҷагидорӣ ва бартарафнамоии низоҳое, ки ба рушди устувори фаъолияти онҳо халал мерасонанд, як қатор чорабиниҳо амалӣ мегардад.
Баробари ислоҳотҳо нақш ва потенсиали субъектҳои соҳибкорӣ дар иқтисодиёти кишварамон сол то сол афзоиш меёбад. Аммо, чӣ хеле ки дар урфият мегӯянд, «шолӣ бекурмак намешавад», баъзе ҳамватанони мо, зери ниқоби «тадбиркор» аз захираҳои давлатӣ истифода намуда, мекӯшанд, ки ризқу насибаи мардумро азони худ намояд.
Кормандони Садорати бюрои иҷрои ҳатмии вилояти Самарқанд ва шӯъбаи ноҳияи Пастдарғам ҳангоми санҷиши иҷрои қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 12-уми январи соли 2018 таҳти рақами 22 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба беҳтар кардани истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ» чунин ҳолатҳоро мушоҳида намуданд.
Аз ҷумла, сокини маҳаллаи «Туркман» Ю.Ю. дар масоҳати 26,32 м2 гармхона сохтааст. Барои ба кор даровардани гармхона ва истифодаи гази табиӣ ӯ пинҳонӣ, бидуни рухсатномаи корхонаи дахлдор як лӯлаи диаметраш 32-ро ба лӯлаи диаметраш 426, ки маҳалларо бо гази табиӣ таъмин мекунад, ғайриқонунӣ пайваст кардааст. Дар натиҷаи чунин фаъолияти «тадбиркорӣ» ба давлат 81183 000 сӯм зарар расонидааст.
Аз рӯи чунин ҳолат шӯъбаи бюрои иҷрои ҳатмии ноҳияи Пастдарғам бо бандҳои «в», «г»-и қисми 3-и моддаи 169-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ кушода, прокуратураи ноҳия тафтишот мебарад.
Ҳамчунин, истиқоматкунандаи маҳаллаи Бахшибойи ноҳия З.А. коргоҳи истеҳсоли коғази сиёҳ ташкил намуда, барои ба таври қонунӣ ба роҳ мондани фаъолияти сех ба ҷойи он, ки аз корхонаҳои мутасаддӣ ҳамчун истеъмолгари яклухти гази табиӣ рухсатнома гирифта, аз рӯйи тартиби муайян пардохтҳоро амалӣ намояд, пинҳонӣ қубури диаметраш 70-ро, ки шаҳрвандони маҳаллаи «Камолот»-ро бо гази табиӣ таъмин мекунад, қубури диаметраш 40-ро гузошт, онро бо дегҳои гармидиҳии сех васл кард ва якчанд вақт аз захираҳои гази табиӣ ғайриқонунӣ истифода бурдааст.
Дар натиҷаи чунин амалҳои шаҳрванд З.А. ба давлат 122625 000 сӯм зарар расонида шуд.
Аз рӯи ин ҳолат, шӯъбаи бюрои иҷрои ҳатмии ноҳияи Пастдарғам нисбати шаҳрванд З.А. парвандаи ҷиноӣ боз намуда, бар асоси қисми 4-и моддаи 1852-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон тафтиш мебаранд.

Садорати Бюрои иҷрои
ҳатмии вилояти Самарқанд.