Соҳибқаламе, ки чун Ҳабиб аст…

Соҳибқаламе, ки чун Ҳабиб аст…

  • Post category:Фарҳанг

Ман бо Юсуфӣ моҳи августи соли 1931 вақти ба Омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд ҳуҷҷат супоридан шинос шудам.
Юсуфӣ ҷавони зирак ва рамузфаҳме буд. Кибру ғурур, баланддимоғӣ ва худписандиро намеписандид. Бо овози мулоими форам, бо рӯи кушод гап мезад, ғамхору меҳрубони дӯстон буд. Зарбулмасалу мақол, байту ғазали бисёре аз ёд медонист ва дар сӯҳбат ба маврид кор мефармуд. Нутқи фасеҳу ҷозибанок дошт.
Ширинкорӣ ва зарофатгӯӣ яке аз хислатҳои хуби Юсуфӣ буд. Сӯҳбати ӯро мо – рафиқонаш хеле дӯст медош­тем. Вай бо касоне, ки ба табъаш мефориданд, ширинкорию мазҳакагӯӣ мекард. Беҳиҷоб сухан намегуфт, мавриду мақоми ҳар гапу корро медонист. Бо ҳозирҷавобии худ ҳамаро қоил карда буд.
Аз солҳои ҳамтаҳсилии мо муддати зиёд гузашта бошад ҳам, хотираҳои солҳои шарикдарсӣ то кунун дар ёди ман зиндаанд. Гӯё, ки дина буд. Ҳар боре, ки он рӯзҳоро ба ёд меоварам, Юсуфӣ дар пеши назарам меояд, ёди ӯ ҳамвора бо ман аст.
Инак, чанд шингил аз хотираҳои ба муносибати панҷоҳсолагии рӯзи таваллуди шарикдарси худ дар шакли лавҳаҳои алоҳида ба қалам додаамро ба мутолиаи дӯстдорони эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ пешкаш мекунам. Агар хуш ояд, беҳад шод мешавам.


Дарси расмкашӣ буд. Муаллим Калонтаров расми нокро кашида, фармуд, ки рӯбардор кунем. Яке аз шариконамон пурсид:
– Муаллим, ин расми чист?
Бе он, ки муаллим ҷавоб диҳад:
– Наход ҳаминро ҳам нафаҳмӣ, расми носкаду-дия! – гуфт Юсуфӣ.
Муаллим аз ҷавоби беҷои Юсуфӣ ба қаҳр омада, ӯро назди тахтаи синф даъват кард. Ӯ медонист, ки Юсуфӣ лаёқати расмкашӣ надорад ва албатта, шарманда мешавад.

Расме каш, донам, чиро кашида метавонӣ! – гуфт шӯрида. Ӯ ба ҷойи он ки аз муаллим афв пурсад ё фикре кунад, ки чӣ мекашад, бӯрро гирифта ба расмкашӣ сар кард. Аз ҳаракати дасташ маълум мешуд, ки расми ангурро кашида истодааст, вале расми кашидаи ӯ ба ангур ҳеҷ шабоҳат надошт. Баъди расмро кашидани Юсуфӣ муаллим пурсид:

Ин расми чист?
Яке аз бачаҳо ба ҷойи ӯ ҷавоб дод:

Расми сари ҷуворӣ.
Юсуфӣ хурсанд шуда:

Офарин, ёфтӣ, ин расми ҷуворӣ. Мақсади ман ҳам расми ҷуворӣ кашидан буд, — гуфту ба муаллим нигоҳ кард.
Муаллим аз чораёбии Юсуфӣ хурсанд шуду хандида фиристод.


Юсуфӣ боре ба сафари роҳи дур баромаду дар муддати муайяншуда ба хонаашон барнагашт. Аҳли оилаашон парешон шуданд. Вақте ӯ ба хона баргашт, пеш аз ҳама модараш коҳиш намуда:
Наход ки сафар ҳамин хел шавад? – гуфтанд.
Юсуфӣ табассум карда гуфт:

Мебахшед, модарҷон, як сафар ҳамин тавр шуд.
Лутфи писар ранҷиши модарро фурӯ нишонд.


Муаллим Мирзозода ба Юсуфӣ тавсия намуданд, ки «Ҳафта» ном китоби Ю.Лебединскийро хонад.

Ман ин китобро намефаҳмам, — ҷавоб дод Юсуфӣ.
– Чаро? – муаллим бо ҳайрат пурсиданд.
– Зеро ҳафтафаҳм нестам, — гуфт Юсуфӣ.


Мо ба боғи Абдуғаффор ном шарикдарсамон рафтем. Абдуғаффор табиатан хасис, вале гапбардор буд. Юсуфӣ бо ӯ бисёр шӯхӣ мекард. Вай ин дафъа ҳам бар хилофи табиати ӯ бо ҳар гуна хӯрокҳо зиёфат карданро талаб кардан гирифт:
– Дар хона чизе надорем. Дар деҳаамон ҳам ёфт намешавад. Агар аз шаҳр ягон дас­товез меовардетон пухта медодем, — гуфт Абдуғаффор.
Юсуфӣ ҳамин вақт дид, ки рӯйи рафчаҳо себу биҳию турунҷ чидаанд. Аз онҳо гирифтан хост, кампир – модари Абдуғаффор барои дафъи хиҷолат гуфт:

Хӯред, писарам, ош шавад.
Юсуфӣ себҳоро рӯйи дастархон гузошта:

Гуфти модарҳоро иҷро кардан вазифаи муқаддас аст. Бинобар ин, то ош нашавад, мо себҳоро намехӯрем, — гуфт.
Абдуғаффор ба ош кардан ӯҳдадор шуд.


Ба ҷое меҳмон шудем. Соҳибхона калла овард, ки забон надошт.
Дар аснои тановул гап ба болои гӯсфанди кушташуда омад. Соҳибхона:

Гӯсфанди якка ба поидан намешудааст. Баос зада гаранг кард. Охир куштаму аз овозаш халос шудам, — гуфт ӯ.
Юсуфӣ фурсатро аз даст надода ҳазломез гуфт:

Гӯсфандатон забон надоштаасту чӣ хел баос мезад?
Соҳибхона аз шарм лаблабу барин сурх шуда рафт.


Юсуфӣ дар тарҷумаи насри бадеӣ ҳам зӯри худро озмуданӣ шуда, ба тарҷумаи асари Валентин Катаев «Ман писари халқи ранҷбар» камар баст. Тарҷумаи ин асар зоҳиран барои Юсуфӣ саҳл намуда бошад ҳам, вақти кор машаққати онро ҳис кард. Коғазҳои бисёре сиёҳнавис шуданд. Баъзе варақҳоро ду-се маротибагӣ рӯнавис кард. Покнависии варақҳо барои Юсуфӣ меҳнати тоқатфарсо шуд. Ҳар бор, ки гап аз тарҷума равад, Юсуфӣ сарашро хорида мегуфт:
– Тарҷумаи насрро саҳл медонистам. То корафтода нашавӣ, азобашро намедонӣ. Акнун фаҳмидам, ки меҳнати пурзаҳмате будааст.
Лекин худи ӯ аз кори пурмашаққат рӯ намегардонд.


Солҳои аввали дар омӯзишгоҳ хонданамон ҳеҷ кас намедонист, ки Юсуфӣ шоир мешавад. Худаш ҳам дар ин бора лаб намекушод. Аз хуб донистани химия, физика ва ҷуғрофия мо гумон мекардем, ки ӯ донишманди яке аз ин илмҳо мешавад.
Баъди чанде маълум шуд, ки ӯ пинҳонӣ шеър машқ мекардааст.
Рӯзе шеъри бо унвони «Трактор» навиштаашро ба муаллим Баҳром Ҳоҷизода нишон дод. Муаллим шеърро аз назар гузаронида, аз Юсуфӣ пурсиданд:

Ин шеъри худат?
Юсуфӣ сурх шуда:

Ҳа, — гуфт.
Муаллим пештар омада:

Дафтари шеърҳоятонро биёред, — гуфтанд.

Дафтар надорам, — ҷавоб дод ӯ.

Шеърҳои машқӣ доштагистед?

Як-ду шеър доштам, маъқул нашуд, дарронда партофтам, — ҷавоб дод Юсуфӣ.
Дидам, ки Юсуфӣ аз таърифи муаллим хиҷолат кашид.


Юсуфӣ аз ҳар як воқеае, ки ба ӯ таъсир мекард, барои шеъри худ мавзӯъ интихоб карда метавонист.
Ёд дорам, тобистони соли 1938 буд.
Юсуфии ба бемории вараҷа дучоршуда беҳуш мехобид. Барои дидан маҳбубааш бо дугонаҳояш омад.
Баъди рафтани онҳо Юсуфӣ чашм кушод. Ба вай омада рафтани маҳбубаашро гуфтанд. Коғазу қалам пурсид ва бо дастони ларзон ин рубоиро навишт:
Хуш сӯи ман, эй ҳабиби ман, омадаӣ,
Маҳбубаи ман, қариби ман омадаӣ.
Бемор намешавам дигар бор акнун
Бар дидани ман, табиби ман, омадаӣ.

Ҳамчунин ба хотирам меояд, ки тирамоҳи ҳамон сол ба Юсуфӣ аз номи маҳбубааш мактуби сохтае расониданд. Дар мактуб гуфта мешуд, ки гӯё маҳбубааш муҳаббати Юсуфиро рад карда, ба каси дигар дил бастааст. Юсуфӣ мактубро хонду сохта будани онро фавран фаҳмид ва ин рубоиро дар ақиби ҳамон мактуб навишта, ба соҳибаш баргардонд:
Дил дасти туро ба дасти дигар надиҳад,
Бар дасти рақибони бадахтар надиҳад.
Дар маслаки ишқ дил, ки собитқадам аст,
Домони туро сар диҳаду сар надиҳад.

Бознашр аз китоби «Сатрҳои нотамом»