«Ҳакам низ дасти ғолибро боло мебардорад»

«Ҳакам низ дасти ғолибро боло мебардорад»

  • Post category:Фарҳанг

Хотира омили ҷовидонист, ки дар тасвир, шеър, ҳарфҳои зар ва китобҳо зиндагӣ мекунад. Нақши воқеа ва хотираҳо дар филм, видео, мусиқӣ ва оҳангҳое, ки мо дӯст медорем, низ сабт мешаванд.
…То он даме ки мо ҳаёту қудрат ва қувват дорем, сипар ва ҳимоягари ҳамин сарзамини азиз ҳастем. Ин ғояҳо дар оила аз ҷониби падару модарам ва дар муносибатҳои иҷтимоӣ таҳти таъсири муаллимонам дар замири ман ташаккул ёфтааст. Устодон Ватанро ҳамеша муқаддас меҳисобиданд ва барои шӯҳраташ ҷоннисорӣ мекарданд. Дар рӯзи ёдбуд ва қадршиносӣ, қарор додам, ки чунин устодони бузург­ро ба ёд орам ва сабақи мактабҳои намунавии онҳоро рӯйи коғаз нависам. Ҳадаф аз гиромӣ доштан ва омӯхтан аз онҳое, ки барои сулҳ, оромӣ ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбуб хизмат кардаанд.
Зиндагии ҳақиқӣ бо ахбори дуруст зиндагӣ намудан аст, мегӯяд донишманд Норберт Винер. Дар замони имрӯзаи глобалшавӣ ба даст овардани маълумоти дақиқ ва воқеӣ хеле мушкил аст. Ин дар навбати худ сатҳи баланди тафаккур, хаёлот ва малакаро талаб мекунад. Тасодуфӣ нест, ки ман суханро аз ахбор оғоз намудам. Дар фаъолияти аввалини расмии худ дар рӯзнома мо бо ин душворӣ борҳо дучор шудем. Ҳалли мушкили ин муаммоҳои рӯзонаи касбӣ насиҳату сабақи устоди мо Ғафурҷон Маҳмудов(Худо раҳмат кунад!) буд. Имрӯзҳо ин гуна рӯзноманигори бомаҳорат ва маъруф, дипломати моҳир, олими ботаҷриба ва ватандӯсти содиқро ба ёд овардан мувофиқи мақсад ва мантиқ аст. Дарвоқеъ, ман қариб ҳар рӯз устодро ба ёд меорам ва аз сабақи оқилонаву зиндагие, ки омӯхтаанд, истифода мекунам.
Кори масъулиятнок, вале шарафманди мо аввалан оқилӣ ва тавоноиву фурӯтаниро талаб мекунад. Агар ягон мушкилӣ пайдо шавад, ман фавран “…тавре ки домулло гуфта буданд…” гӯён сухан мекунам. Мо устодро “домулло” гуфта муроҷиат мекардем. Шогирдони мо ба андеша мераванд ва гоҳо суол медиҳанд, ки ҳамон домулло кӣ бошад, ман ба сурате ки дар ҷевони китобҳо истодаст ишора карда мегӯям:

Ҳамон марди хушсурат… Дар ҳақиқат устод Ғ. Маҳмудов марди хушсурат, бомаданият ва бисёр зебоипараст буданд. Либос, рафтор, кирдор, гуфтор ва дипломатияи он кас ба бис­ёре аз шогирдон намунаи ибрат буд. Ғайр аз ин, устод дар зиндагӣ хеле хушбин буданд, дар ҳама кор мақсадҳои мушаххас ва натиҷаҳои баландро пеши худ мегузоштанд. Кам дар кам ба хато роҳ медоданд, сабабаш бисёр шахси эҳтиёткор ва мулоҳизакор буданд. Ман инро чанд бор шоҳид шудам, ки ҳатто агар шахси асабонӣ бо ваҷоҳату қаҳр ба утоқи кории домулло дарояд, ба зудӣ бо оромӣ, фурӯтанӣ ва мамнуният он ҷоро тарк мекард. Устод такрор мегуфтанд, ки “сухан, хусусан каломи хуш қудрати бузург дорад. Дар ҳаёт ва зиндагӣ вазъиятҳои гуногун мешавад, аммо дар ҳар ҳолат, нигоҳ доштани субот ва хӯи дипломатӣ санъати зиндагӣ аст”.
Бешубҳа домулло санъати зиндагиро медонистанд. Зеро Ғ.Маҳмудов 12 сол сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» буданд ва корҳои таърихиву навоварӣ намуданд, ки шаҳодати санъати зиндагии устод аст …
Устод доим таъкид мекарданд, ки “Ҳамеша кӯшиш кунед, то дар ҳаёт ғолиб оед … Дар хотир доред, ки ҳакам низ дасти ғолибро боло мебардорад”.
Ин мушоҳидаи оддии ҳаёт нест. Дар зери ин насиҳат дарсҳои амиқи зиндагӣ мавҷуданд.
Ғафурҷон Маҳмудов ҳамчун сардори оила низ шахсияти намунавӣ буданд. Пай мебурдем, ки одатан барои хӯроки нисфирӯзӣ ба хонаи худ мерафтанд. Баъдтар сабаби ин одат аниқ шуд: дасти завҷаашон Матлуба Нарзуллоева хеле ширин будааст. Сонитар ман ҳам ба ин ҳақиқат боварӣ ҳосил намудам… Бо тақозои тақдир, солҳои дароз бо муаллима Нарзуллоева дар як корхона кор кардам. Муаллима зани оқила, доно ва аз ҳама муҳимаш модари меҳрубон мебошанд.
…Сабаби дигари накӯномии устод Ғ.Маҳмудов дар он аст, ки аз худ ҳамчун боғбон дарахтони мевадиҳандаро мерос гузоштанд. Имрӯзҳо ҳар яки онҳо боғи маърифатро зиннат медиҳанд. Ман ҳама фарзандони устод, алалхусус Акбар Маҳмудов ва Олима Маҳмудоворо хуб медонам. Зеро солҳои дароз бо ин ашхос паҳлӯ ба паҳлӯ кор кардам ва ин раванд ҳоло ҳам идома дорад.
Акбар Маҳмудов дар Самарқанд ҳамчун як шахси маърифатпарвар шинохта шудааст. Ҳар ҷое ки мо ҳамроҳ бо кор ҷое равем, симои падар ба чеҳраи писар акс меёбад, ки ҳамсӯҳбатони мо фавран корҳои неки Ғ.Маҳмудовро ба ёд меоранд… Оё барои одам хушбахтие бештар аз ин ҳаст? Не. Ташаббускорӣ, чашми корро донистан, маърифатпарварӣ ва ватандӯстӣ, бешубҳа, натиҷаи тарбия ва таълимоти зиндагии домулло мебошад.
Ман ба сифатҳои инсонӣ ва малакаи касбии духтари устод Олима Маҳмудова, ки дар матбуот ҳамчун журналист кор кардааст, ҳавас мекунам. Ростқавлӣ, поквиҷдонӣ, вафодорӣ ва некбинӣ бешубҳа тарбияи падараш Ғ.Маҳмудов мебошад.
Ҳамин тавр, устоди мо, ки дар Ватан, аз ҳама муҳимтар дар оила, дар кор ва ҷомеа сазовори эҳтиром гардидаанд, ба мо бисёр дарсҳои зиндагиро таълим додаанд. Ҳадафи инъикоси зиндагии устод Ғафурҷон Маҳмудов муайян кардани роҳи ҳаёт дар асоси ғояҳое мебошанд, ки ба манфиати Ватан ва халқ хизмат кунем, то барои авлоди оянда намунаи ибрат гардад.

Расм соли 2009.

Баҳодур РАҲМОНОВ.