Журналисти бебок ва ҳақиқатнигор буд

Журналисти бебок ва ҳақиқатнигор буд

  • Post category:Фарҳанг

Расо 45 сол аст, ки яке аз фарзандони фарзонаи Самарқанд, журналисти бебок, ҷонсӯзи миллат Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода дар байни мо нест. Гарчанд чанд харбузапазӣ гузашта бошад ҳам, кори неку номи некаш ҷовидон аст.
Инак, чанд хати мустанад дар нигориши чеҳраи марди шариф, адиб ва журналисти маъруф устод Ҳоҷикурбон Ҳамидзода, ки камина иншо намуда ба ҳукми муштариён ҳавола мекунем.

Намонад касе дар ҷаҳон пойдор…
8-уми майи соли 1975.
Ҳамидамак бо ташвишҳои рӯзгор банд буд. Вай акнун духтари хурдиашро ба шавҳар медод. Дар хона занҳо таъйин карданд, ки мошине ёфта биёянд, то расму оини тӯйи арӯсӣ ба ҷо оварда шавад. нону фатир, кулчаю самбӯсаҳои идӣ ва дигар тӯҳфаҳои домодиро, ки ба дастурхон бастаанд, мебоист ба хонаи домод фиристанд.
Падар сари кӯча интизори мошину дар сар андешаҳои гузаронидани тӯй рост меистод. Ногаҳон мошине наздаш қарор гирифт. Ҳамидамак хурсанд шуд, ки акнун мошинкобӣ намекунад. Аз мошин шиносе беру номад. Вай аввал дудила шуда истоду сонӣ ба Ҳамидамак наздик шуд. Соҳибхона аз рӯйи одат ва таомул бо ӯ самимона вохӯрӣ карда, ба чой даъват намуд.

Не-не, дафъаи дигар, — забон хоида пичиррос зад вай. – Писаратон…
Дили падар шуввӣ кард. Вай бо ҳайрат ба меҳмони нохонда нигоҳ намуд.

Чч… чӣ.. шуд?

Амак, натарсед, — акнун марди ҷингиламӯй кӯшиш мекард, ки гӯё ҳеҷ чиз рӯй надодааст. – Писаратон камтар… ҳм… ҳозир дар касалхона.

А? – базӯр овоз баровард пирамард. Якбора дунё дар назараш торик шуд. Сараш чарх зад, мадори поҳояш хушк гардид. Бо нафрат чашм ба он шахс дӯхту «Ин акка дар куҷо буд?» гӯён аз дил гузаронд.
Хост гӯяд, ки «мошинат пеш-пеш, худат аз ақибаш!» аммо на қуввати гап задан дошту на ҳаракат кардан.
Аз байн чӣ қадар вақт гузаштанашро надонист ва чӣ тавр дар дохили мошин нишастанашро нафаҳмид. Фикру хаёлаш парешон шуда, дилаш ба сад кӯчаю паскӯча мерафт.

Ба касалхонаи шаҳр меравем, — хоҳиш намуд Ҳамидамак, — акояш Абдуғаффорро бинем…
Дар ҳавлии беморхона чанд мошин меистод. Мошини хизматии писараш ҳам ҳамин ҷо буд. Бо дидани пирамард ронанда ҳунгос зада гиря кард. Абдуғаффор аз кабинеташ баромаду падари бузургворашро ба оғӯш гирифта, худдорӣ карда натавонист.

Воҳ додарам! – гуфта фарёд кард вай.
Пирамард аз ҳуш рафт…


Қадами қатъӣ
Ҳоҷиқурбон панҷсола буду китоб­ҳои хоҳарашро бо шавқ варақ мезад.
Арафаи соли нави таҳсил буд. Хоҳари калониаш тараддуди мактабравӣ дошт.

Дада, ман ҳам ба мактаб равам? – гуфт писарча. – Ойтем катӣ мехонам.
Сарвари оила аз хоҳиши писар ба андеша рафт. Зеро Ҳоҷиқурбон бачаи хеле хурдҷусса, камқувват, лоғар ва як пояш обиладор, ки буд, озод гашта наметавонист, каме мехиромид. Падар барои хафа накардани фарзанд назди муаллими деҳа рафт.

Кӯдак шавқи хондан дошта бошад хеле хуб, — гуфт омӯзгор Ҳасан Нуруллоев. – Масъалаи омадану рафтанаш чӣ тавр мешавад?

Ҳар пагоҳ бардошта меоям, — ваъда дод Ҳамидамак, — фақат шумо барои хондан иҷозат диҳед бас.
Аз якуми сентябр Ҳоҷиқурбон ба мактаб омад. Вай зоҳиран аз дигарон фарқ кунад ҳам, аммо бо хешзеҳнӣ, кӯшишу ғайрат, қобилияту гаправӣ устодашро дар ҳайрат мегузошт. Бо ҳаваси зиёд дарс мехонд. Пайваста рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») ва маҷаллаи «Машъал»-ро мутолиа мекард. Рӯз аз рӯз меҳру муҳаббати ӯ нисбат ба хондан бештар мегардид.
Боре аз назди клубе, ки дер боз сохтмонаш чала буд, гузашта азм кард, ки дар ин бора чизе нависад. Мушоҳидаҳои худро навишта, ба идораи рӯзномаи «Ӯзбекистони сурх» (ҳоло «Овози тоҷик») фиристод. Хабари танқидии «Клуби гӯшти уштурхӯрда» чоп шуду барои тафтиши он ба деҳаи Боғи Майдон аз Тошканд, кумитаи ҳизбии вилоят, хоҷагии ҷамоатии ба номи Пушкин (ҳоло Фотима Қосимова) вакилҳо омаданд. Онҳо боварӣ ҳосил намуданд, ки танқид дуруст аст. Вакили марказ роҳбарони хоҷагӣ ва ноҳияро барои бепарвоӣ коҳиш намуда, хоҳиш кард, ки бо муаллифи мақола ҳам шинос шавад.
Дар як дам Ҳоҷиқурбонро аз дарс оварданд. Вакил бо писараки даҳсола рӯ ба рӯ шуда, дар ҳайрат омад.

Ҳамидов ту ҳастӣ? – нобоварона пурсид вай.

Ҳа, — кӯтоҳакак ҷавоб дод Ҳоҷиқурбон.

Мақоларо кӣ навишт? – тааҷҷуб­омез боз пурсид вакил.

Ман навиштам, — гуфт писарча ва ба вакил рост нигоҳ кард. – Кори бад кардам?

Офарин, ба ту! – вакил дасти ӯро самимона фишурд. – «Ҳамин хел камбудиҳоро навишта исто. Мухбирон мардуми нотарс мешаванд. Далер бош! Дар оянда аз ту журналисти зӯр мебарояд.
Ҳамин воқеа сабаб шуду Ҳоҷиқурбон бо номи «мухбирча» маълуму машҳур гардид. Хабару мақолаҳои вай доир ба навигариҳои мактабу деҳа зуд-зуд дар рӯзномаю маҷаллаҳои гуногун чоп мешуданд.
Муаллимон қобилияти вайро пай бурда, ӯро ба рӯзномаи девории мактаб муҳаррир таъин карданд. Вай кӯшиш мекард, ки рӯзномаи деворӣ аз ҳар ҷиҳат хоно, шавқовар ва ҷолиби диққат бошад. Дар мактаби тоҷикӣ таҳсил мекарду илова бар ин забонҳои русӣ ва ӯзбекиро низ пайваста меомӯхт. Мактаби миёнаро бо медали тилло хатм намуд.
Бидуни имтиҳонсупорӣ ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд дохил гардид. Дар солҳои донишҷӯӣ низ дар матбуоти ҷумҳурӣ ва марказӣ бо хабар, мақола, очерк, репортаж, мусоҳиба, фелетонҳо иштирок менамуд. Вай ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ озод менавишт ва сухан мекард.
Аз ҳисоби ҳаққи қалам зиндагӣ басар мебурд ва маблағро пасандоз карда, китоб мехарид. Барои волидон ва додару хоҳаронаш аз Тошканд тӯҳфаҳо меовард.
Ҳоҷиқурбон факултаи журналистикаро бо дипломи сурх ба итмом расонд. Бо таклифи устодонаш дар аспирантураи донишгоҳ таҳсилро давом дод. Пайваста бо редаксияҳо ҳамкорӣ дошт. баъди ҳимояи рисолаи номзади фанҳои фалсафа дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») ба кор шурӯъ намуд.
Давомаш дар шумораи оянда.