Ёди устоди некбин

Ёди устоди некбин

  • Post category:Маориф

«Соли 2001 барои таҳсил ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шудам. Аввалин муаллиме, ки вориди утоқи мо шуд, устод Ҳамроқул Бердиқулов буданд. Устод ба мо аз фанни «Муқаддимаи забоншиносӣ» дарс мегузаштанд. Дари утоқ боз шуду як шахси тануманд ва босалобате ворид гашт. Ҳама ором ва гунҷишкаки паршикаста барин ҷим нишаста, зери чашм ба ҳамдигар нигоҳ мекардем. Устод пеш аз ҳама худро шинос намуданд. Дарс оғоз шуд ва мо ҳама гӯшу ҳуш будем. Қариб 20 дақиқа мо маърӯза навиштем ва баъд устод бо меҳрубонӣ «каме дам гиред, ман нуктаҳои муҳими мавзӯъро шифоҳӣ баён мекунам»- гуфтанд. Аз ин сухани устод қалби пурмеҳру дили нозук, ҳалимиву дарёдилии эшонро низ кашф кардем. Акнун мо осуда ба чеҳраи ҷиддӣ ва қалби пурэҳсоси устод бо мароқ зеҳн монда, баёни содаву равонро, ки ба донишҷӯ шавқ мебахшид мешунидем. Устод мавзӯъро хеле равон ва ҷолибу зеҳннишин баён карданд, ки ба шунаванда таассуроти амиқ мегузошт.»
Мехостем, дар бораи рафтору кирдори муаллим, накӯкориву шогирдпарастӣ ва инсонпарварии устод як лаҳзаро, ки дар хотирон он нақш бастааст, ба шумо ҳикоя кунем.
Устод шахси мададгору ғамхор мушкилкушо буданд. Мо боварӣ дорем, ки дар донишгоҳ нисбати устод қариб ҳар як донишҷӯ хотироти хайр дорад, ёди устодро бо некӣ хотир мекунад. Зеро пеши назари мо мушкиле ё муаммое набуд, ки бе устод ҳал шавад. Бояд гуфт, ки устодро на танҳо аҳли ҷамоа, балки маҳаллаву ёру дӯстон низ қадршиносӣ мекарданд. Зеро Ҳамроқул Бердиқулов ҳамеша дар рӯзи неку бади дӯстон ва ҳамсояву маҳаллаву деҳ маслиҳатгӯву мушкилкушо буданду худро бидуни мардум ва бидуни дӯстон тасаввур карда наметавонистанд.
Ин марди ҳалиму хоксор ва хирадманду дарёдилро модари меҳрубон бо ҳазорҳо орзуву умеди бепоён соли 1954 дар деҳаи Арабхонаи ноҳияи Самарқанд ба дунёи ҳастӣ овардааст. Устод бо меҳри бепоёни худ қалби модар ва орзӯҳои ӯро парастида, мактаби деҳаро фахри падару модар шуда, бо ташаккурномаҳо сарбаландона ба итмом расонид. Бо раҳнамоии устодон ба Донишкадаи педагогии шаҳри Самарқанд ба номи С. Айнӣ дохил шуда, солҳои 1972-1976 муҳассил буд. Баъди хатми донишкада Ҳ. Бердиқулов дар мактаби таълимгирифтаи худ аз фанни забону адабиёт ба ҳамдеҳагон дарс мегуфт. Зеҳни тезу қалби бедори муаллим аз назари устодони донишкада дур намонда, соли 1978 ба донишгоҳи педагогӣ ба вазифаи муаллимӣ даъват мекунанд ва аз ҳамон рўз тақдири хешро ба тадрису тадқиқи забони тоҷикӣ мепайвандад.
Ҳамеша дар ҷустуҷӯву пайгирии илми забоншиносии тоҷик шуда, соли 1993 таҳти роҳбарии профессор Насриддин Шарофов дар мавзўи «Лексикаи чорводории водии Зарафшон» рисолаи номзадии худро дифоъ мекунад, ки ҳосили ин ҷӯстуҷӯи устод соли 1995 чун рисолаи махсус мунташир гаштааст. Ба қалами устод зиёда аз 126 номгўй мақолаву тақриз ва рисолаҳои гуногунҳаҷми илмӣ мансубанд. Зиёда аз 6 номгӯйи асарҳои калонҳаҷми илмӣ рўи чопро дидааст. Аз ҷумла, «Лексикаи чорводории водии Зарафшон» (монография), «Луғати мухтасари лексикаи чорводорӣ», «Намунаҳои назму насри форсу тоҷик дар асрҳои Х-ХХ», «Забон ва услуби Савдо», «Шевашиносии тоҷик», «Назарияи забоншиносӣ» ва ғайра.
Як соҳаи муҳими фаъолияти муаллим Ҳ. Бердиқулов лаҳҷашиносии тоҷик буд. Муаллим тақдири худро бо ин ришта аз оғоз вобаста намуда, дар ҷараёни тадқиқи пайгирона лаҳҷашиносии тоҷик ва тамоюли онро ба самти нав равона кардааст.
Бо масоили гуногуни лаҳҷашиносӣ мақолаҳои зиёдеро пешкаши аҳли илм кардааст. «Истеъмоли калимаҳои арабӣ дар гурӯҳҳои шеваҳои шимолӣ», «Истилоҳҳои хосса дар лаҳҷаҳои гурӯҳҳои шеваҳои шимолӣ», «Ибораҳои махсуси шевагӣ дар шеваҳои шимолӣ» «Истеъмоли калимаҳои ӯзбекӣ дар шеваи «Косон»-и вилояти Намангон», «Вазъи истеъмоли калимаҳои шевагӣ дар асарҳои С. Айнӣ», «Муносибати С. Айнӣ бо истеъмоли забони шевагӣ»-ро дар ин радиф метавон номбар намуд.
Инчунин, устод Бердиқулов бо маълумоти ниҳоят мухтасари асарҳои лаҳҷашиносӣ доир ба шеваи шимолӣ қонеъ нашуда, экспедитсияҳои лаҳҷашиносиро ташкил намуд ва пайгирона дар ҷустуҷӯ шуда, бисёр ҳодисаҳои фонетикӣ-­морфологии шеваҳои маҳалҳои тоҷикнишини Бухоро, Кеш, Косонсой, Фарғонаро ҷамъ овард.
Дар асоси ин маводҳо «Луғати мухтасари шеваҳои гурӯҳҳои шимолӣ»-ро низ ба қалам додааст. Назар ба қайди муаллиф дар шеваи шимолӣ, монанди шеваҳои дигари забон, ҳамаи хелҳои ибора, ки дар забони адабӣ маълуманд, истифода мешаванд. Фарқи асосӣ дар ин бобат дар тарзи ташкил, таркиб, дараҷаи истифода ва воситаҳои грамматикии суратдиҳандаи ин ё он хели ибора ба назар мерасад.
Ҳамроқул Бердиқулов дар баробари тадрису тадқиқ роҳбари ботаҷриба ва корманди масъулиятшинос буданд. Солҳои 1996-2001 ва 2006-2007 декани факултети филологияи тоҷик, 2003-2006 ҷонишини декан оиди корҳои маънавиятӣ ва маърифатӣ, солҳои 2012-2016 мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷикро ба ӯҳда доштанд. Усули сарварии устод Ҳ. Бердиқулов мавриди омӯзиш буд, ҳар як корманд вазифаи худро мешинохт, донишҷӯён масъулиятшинос буданд. Муаллим ҳамеша барои рушди маориф, боло рафтани сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳаракат буданд. Дарҳақиқат, Ҳамроқул Бердиқулов тамоми умри худро сарфи ин соҳаи мураккабу пуршараф карда, шогирдони зиёдро тарбия намудааст. Таҳти роҳбарии ў зиёда аз 22 нафар донишҷӯ соҳиби дипломи магистрӣ гаштаанд. Барои вазифашиносиву инсонпарварӣ ва хизматҳои беғаразона устодро соли 1996 сазовори «Аълочии маорифи халқии Ҷумҳурияти Ўзбекистон» хонда бошанд, соли 2006 ба нишони сарисинагии «16-солагии мустақилияти Ҷумҳурияти Ўзбекистон» мушарраф гаштааст.
Ҳамроқул Бердиқулов яке аз чеҳраҳои сазовору шинохтаи соҳаи маориф буда, кӯмакаш ба ҳамаи онҳое, ки ба маслиҳату дастгирӣ ниёз доранд, беғаразона мерасид. Ба шогирдон бо нишони меҳр назар карда, дар ҳар маврид мушкилкушову ҳоҷатбарори эшон буданд. Ҳоло дафтари хотироти худро варақ зада, ҳамоно чеҳраи пурмеҳри устодамон пеши назар ҷилвагар гашт. Рӯзе дар сари миз чизеро бо ваҷҳи беандоза ҷустуҷӯ доштанд, мон низ ботааҷҷуб пурсидем, ки чиро ҷустуҷӯ доред? Устод бо хотири парешон баён карданд, ки дар «Рӯзи хотира ва қадршиносӣ» устодам – Лӯъбат Назароваро ба ёд оварда, як ду саҳифа хотироти худро фаровардам. Сураташон низ ҳамроҳ буд, ҳамонро ҷустуҷӯ дорам, намеёбам ҳаросонам, ки наафтонда бошам…
Бинед дунё гузарон аст, дирӯз муаллим ёди пурсеҳри устод мекарданд, аммо имрӯз худ шогирдону наздиконро тарк карданд. Таассуф аст, ки чунин олими забоншинос, маслиҳатгари хирадманд, ёвари ҷовидону хушназарро аҷал дастдарозӣ карда, 20-уми феврали соли ҷорӣ хеле бармаҳал аз байни мо даррабуд. Гарчӣ ҷисман моро тарк карда бошанд ҳам, хотири поки устод ҳамеша бо мост. Рӯҳи поки устоди накӯкор, иншооллоҳ, дар дили нарми хок шод асту хонаи охираташон обод, чаро ки беозор буданд ва меҳри эшон дар синаҳои беолову пур аз ихлоси мардуми ориф ҷовидон аст, ки нукта аз забони Саъдии бузург мехоҳам пеш орам:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К‑аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Ҷумъа ҲАМРОЕВ,
Сабоҳат МАҶИДОВА,
устодони факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд.