Чаро муроҷиати тадбиркор рад карда шуд?

Чаро муроҷиати тадбиркор рад карда шуд?

  • Рубрика записиҶамъият

Рӯзи душанбе дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд аз ҷониби ҳокими вилоят Э.Турдимов қабули навбатии тадбиркорон баргузор гардид.
Дар доираи қабул муаммои 12 нафар тадбиркор бо иштироки мутасаддиён баррасӣ гардид. Сабабҳои ба миён омадани муаммоҳо омӯхта шуда, оиди ба таври қонунӣ ҳал кардани онҳо чораҳо андешида шуд.
Аз ҷумла, муроҷиати ҳунарманд, сарвари корхонаи оилавии “Раҳимбоева Нигора” Меҳроҷ Бобомуродов дар бораи ташкили мактаби кулолӣ ва ба гази табиӣ пайвас­тани устохона ҳалли худро ёфт.
Сарвари Ҷамъияти маҳдудмасъулияти “Мухлис Дилзода”-и шаҳри Самарқанд Отабек Наримонов аз рӯйи масъалаи аз ҳудуди ноҳияи Самарқанд ҷудо кардани 50 хол замин муроҷиат кард. Дархости соҳибкор рад гардида, ба ӯ фаҳмонида шуд, ки дар асоси қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 20-уми декабри соли 2019 таҳти рақами 1023 “Дар бораи чораву тадбирҳои минбаъд такмил додани тартиби тақдими участкаҳои замини бекорхобида барои татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ ва шаҳрсозӣ” майдонҳои замин танҳо дар майдончаи савдои «E-IJRO AUKSION» тавассути онлайн-ауксиони электронӣ тақдим карда мешавад.
Аз рӯйи ҳалли баъзе муроҷиатҳо, ки барои ҳалли онҳо вақт лозим аст ба ҳокимони ноҳияҳо ва роҳбарони секторҳо супоришҳои зарурӣ дода шуд.

Хизмати матбуоти ҳокимияти вилоят.