Дар шаҳри Самарқанд карантин пурзӯр гардид

Дар шаҳри Самарқанд карантин пурзӯр гардид

  • Рубрика записиҶамъият

Дирӯз бо иштироки ҳокими шаҳри Самарқанд Б.Облоқулов, прокурори шаҳр Д.Саидқулов ва сардори идораи корҳои дохилии шаҳр Ҷ.Қодиров брифинг дар шакли мустақим баргузор гардид.
Дар брифинг зикр гашт, ки шаҳри Самарқанд ба тоифаи минтақаи «Сурх» дохил шудааст. Новобаста аз ин шаҳрвандон ба қоидаҳои карантин риоя намекунанд. Бо мақсади пешгирии паҳн шудани коронавирус қарори Комиссияи фавқулоддаи мубориза бар зиддӣ эпи­демияи вилоят аз 12-уми майи соли ҷорӣ қабул гардид.
Бар асоси қарори мазкур аз санаи 13 – уми май соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Самарқанд қоидаҳои карантин пурзӯр карда мешавад.
Бо қарори Комиссияи ҷумҳуриявӣ аз 30-юми апрели соли ҷорӣ ба ҳаракати нақлиётҳои шахсӣ аз соати 7:00 то соати 10:00 ва аз соати 17:00 то соати 20:00 рухсат дода шуда буд. Аз сабаби бисёр гардидани ҳаракати нақлиёт ва риоя накардани шаҳрвандон ба маҳдудиятҳои карантин бо қарори комиссияи вилоят аз санаи 13- уми май, соати 6:00 ҳаракати озоди нақлиёт дар шаҳри Самарқанд муваққатан манъ карда мешавад. Бино ба он, танҳо ба фаъолияти мағозаҳои хӯрокворӣ, дорухонаҳо ва бозорҳои деҳқонӣ рухсат дода мешавад. Инчунин, фаъолияти 25 гузаргоҳи сарҳадӣ, ки дар роҳҳои даромади шаҳр гузошта шудаанд, пурзӯр карда мешавад.

Хизмати матбуоти
ҳокимияти шаҳри Самарқанд.