Кашфи навъҳои баландҳосили картошка – вазифаи мо

Кашфи навъҳои баландҳосили картошка – вазифаи мо

  • Рубрика записиИқтисод

Корҳое, ки дар мамлакат бинобар парвариш кардан ва ба аҳолӣ расонда додани маҳсулоти баландсифати кишоварзӣ, аз ҷумла картошка амалӣ мешаванд, бобати таъмин сохтани амнияти хӯрокворӣ нақши муҳим мебозанд.
Картошка ҷузвҳои барои организми инсон муҳим, аз ҷумла сафеда, крахмал, витаминҳо, намакҳои минералӣ ва ғайра дорад. Дар як картошка 26 ҷузъе, ки дар нақшаи Менделеев ҳаст, мавҷуд мебошад. Беш аз 160 мамлакат, аз ҷумла Чин, Русия, Ҳиндустон, ИМА, Олмон, Фаронса, Полша, Нидерландия ва Белорус дар майдонҳои васеъ картошка парвариш мекунанд.
Баланд бардоштани самаранокии кор дар самти мазкур ба татбиқ гардидани қарори Президент «Дар бораи чораҳои вусъат додани истеҳсоли картошка ва рушди минбаъдаи тухмии картошка дар ҷумҳурӣ» аз 6-уми майи соли равон мусоидат менамояд.
Мувофиқи қарор ба зиммаи Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии зироатҳои сабзавоту полизӣ ва картошка як қатор вазифаҳо гузошта шуданд. Такмил додани асосҳои илмиву назарии истеҳсоли картошкаи тухмӣ ва истеъмолӣ, баргузор намудани тадқиқотҳои илмӣ оид ба тайёр кардани тухмии картошка ва истифода бурдани агротехнологияҳои пешқадам, кашф намудани навъҳои нави баландҳосили картошкаи тухмӣ ва истеъмолӣ, ба амал татбиқ сохтани кашфиётҳои илмӣ аз ин ҷумла мебошанд.
Истифодаи технологияҳои пешқадам ҳангоми истеҳсоли картошкаи истеъмолӣ ва тухмӣ, коркард ва ба истеҳсолгарон расонда додани тавсияҳо оид ба муҷаҳҳаз сохтани киштзори картошка пешбинӣ мегардад.
Ба пажӯҳишгоҳ ҳуқуқ дода шуд, ки вазифаҳои зикршударо бо иштироки ташаббускорони хусусӣ татбиқ намояд. Ташкил кардани лабораторияҳои «in vitro» пешбинӣ гардид, ки дар онҳо олимон бо корҳои ба роҳ мондани тухмии маҳаллӣ ё худ навъҳои хориҷии картошкаи бидуни вирус машғул мешаванд.
Деҳқонон аз тариқи шинондани тухмӣ ба парвариши картошка машғуланд. Ҳангоми ҳар сол бо ин усул шинондани картошка тухмиҳо иллат пайдо мекунанд, дар натиҷа ҳосилнокӣ то 15-20 фоиз коҳиш меёбад. Бинобар ҳамин, олимон дар лабораторияҳои «in vitro» ҳангоми истифодаи бофтаҳои картошка тухмиҳои ба касалиҳо тобовар ва ба муҳит мувофиқро омода менамоянд. Корҳои васеъмиқёсе, ки амалӣ мешаванд, имкон медиҳанд, ки ба аҳолӣ расонда додани картошкаи босифат ва арзон ба роҳ монда шавад.
СЕ ФАКТИ МУҲИМ…
Дар асоси қарор дар ноҳияҳои ба картошкапарварӣ ихтисосонидашуда клас­тер ва кооперативҳои картошкапарварӣ ташкил карда мешавад.
Аз 1-уми майи соли 2020 барои маблағгузории хариди картошкаи тухмӣ ба хоҷагиҳои картошкапарварӣ, корхонаҳои кишоварзӣ, инчунин хароҷоти кластерҳо ва кооперативҳо кредитҳои тиҷоратӣ ба мӯҳлати то 12 моҳ ҷудо карда мешаванд.
То муддати 1-уми июли соли 2023 картошкаи тухмӣ, ки аз хориҷа оварда мешавад, аз боҷи боҷхона озод карда мешавад.

Рустам НИЗОМОВ, директори Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии зироатҳои сабзавоту полизӣ ва картошка, номзади илмҳои кишоварзӣ.