Дуредгар, кишоварз, паррандапарвари ботаҷриба

Дуредгар, кишоварз, паррандапарвари ботаҷриба

  • Post category:Иқтисод

Аз замини наздиҳавлигӣ пурмаҳсул истифода бурдан талаби имрӯза ба ҳисоб меравад. Соҳибзаминҳои маҳаллаҳо инро ба хубӣ дарк карда, аз замини наздиҳавлигии худ босамар истифода мебаранд. Барои мисол маҳаллаи Андиҷонии ноҳияи Самарқандро меорем.
Аксари хонадонҳои маҳаллаи мазкур аз замини наздиҳавлигӣ даромади нағз ба даст меоранд. Яке аз онҳо сокини 45-солаи маҳалла Маҳмуд Муқимов мебошад. Ӯ бо аҳли оилааш дар 6 хол замин гармхона ташкил карда, фаровони рӯзгорро таъмин мекунад. Дар гармхона, ки бо ҳезуми чормағз ва ангиштсанг гарм мекунанд, шибит, пиёзи кабуд, шалғамча, сабзии сурх парвариш мекунад.
Нимаи дуюми моҳи феврал дар 3 холи замини кушод парвардаҳои навъи «Фарё»-и карами оддиро шинонданд. Карам моҳи май пухта мерасад.
Касби асосии М. Муқимов дуредгарӣ мебошад. Ӯ кори деҳқониро вақтҳои фориғ аз кори устогӣ мекунад. Ба ӯ дар кори замин писараш Умедҷон ва ҷиянаш Адҳам ёрӣ мерасонанд. М. Муқимов боз мурғпарварӣ мекунад.
Вай 20-уми январи соли ҷорӣ 3000 сар чӯҷаи навъи «Браун»-ро харид карда буд. Рӯзҳои наздик чӯҷаҳо тухм медиҳанд. Ин оила аз асрори истифодаи замин бохабаранд. Аз ин рӯ, аз пайи меҳнати ҳалол рӯзгорашон обод аст. Маҳз ба туфайли меҳнати М. Муқимов баринҳо дастархони мардум пурфайз мебошад.

Ҷ.ОБИДОВ.