Аҳли маҳаллаи Истиқбол кишоварзони ботаҷрибаанд

Аҳли маҳаллаи Истиқбол кишоварзони ботаҷрибаанд

  • Post category:Иқтисод

Аҳолии маҳаллаи Истиқболи ноҳияи Пастдарғам аз ҳар як қитъаи замин босамар истифода мебаранд. Дар ин маҳалла адади деҳқононе, ки аз аввали баҳор то анҷоми тирамоҳ дар замини наздиҳавлигӣ се-чор маротиба кишт карда, рӯзгори худро обод мекунанд, бисёранд.
– Дар 3 деҳаи ҳудуди мо ҷамъ 11 гектар замини наздиҳавлигӣ мавҷуд аст, — мегӯяд котиби масъули ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Истиқбол Анора Ӯринова. – Аҳли маҳалла як порча заминро ҳам бекор намегузоранд. Оилаҳое, ки ғайр аз кишти маҳсулотҳои кишоварзӣ бо парвариши чорво, харгӯш ва парранда машғуланд, зиёданд.
Аҳли деҳаи Галаболаи маҳалла ҳама кишоварзони ботаҷрибаанд, ки мева, сабзавот ва маҳсулотҳои полизиро парвариш мекунанд.
Сокини деҳаи Галаболаи маҳалла Шокир Бобоназаров яке аз чунин кишоварзони ботаҷриба ба шумор меравад.
– 6 хол замин дорем, — мегӯяд Ш.Бобоназаров. – Дар нимаи дуввуми моҳи феврал картошка коридем, ба қарибӣ ҳосилро ҷамъ карда, ба фурӯш мебарорем. Дар ҷойи он лаблабу, шалғам ва турб кишт мекунем. Меҳнат карда, кам нашудем. Аз пушти ҳамин замини худ, рӯзгорамон обод ва дастархонамон фаровон аст.

Б.МУСТАНОВ.