Муҳокимаи лоиҳаи нави қонун «Дар бораи таълим»

Муҳокимаи лоиҳаи нави қонун «Дар бораи таълим»

  • Рубрика записиМаориф

Рушду тағйиротҳои фарҳангӣ, санъату маданият, таълиму тарбия водор менамояд, ки қонунҳои марбути соҳаи мазкур бо назардошти бурду бохт аз нав таҳия шаванд. Эҷодкорони қонун бо ҳамкории депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис мақсад гузошта буданд, ки Қонун «Дар бораи таълим»-и соли 1997-умро бо илова ва пурра намудани ваколату манфиатҳои ҳуқуқӣ аз нав қабул намоянд. Заҳмати пурсамар натиҷаи дилхоҳ бахшид, ки қонуни нав мувофиқи талаб ва қоидаҳои қонунгузорӣ омода гардид. Қироати аввали лоиҳаи қонун моҳи январ, қироати дуюми лоиҳа бо ворид намудани дархосту тавсияҳои мардум дар ҳафтаи якуми моҳи май дар ҷаласаи видеоконфронси депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ баррасӣ гардид.
Пеш аз тасдиқ намудани ҳар як бобу модда дар байни депутатҳо баҳсу мунозираҳои судманд, саволу ҷавобҳои мушаххас ба амал омаданд.
Дар рафти ошноӣ бо бобу моддаҳои қонуни навқабул навгониҳои меъёрию ҳуқуқиро мушоҳида мекунед.
Таълим ва тарбияи томактабӣ, таълими миёнаи умумӣ ва миёнаи махсус, таълими касбу ҳунар, таълими олӣ, таълими пас аз олӣ, такмили ихтисос ва аз нав тайёр намудани кадрҳо, таълими берун аз мактаб марҳилаҳои таълимро фаро мегиранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз соли 2017 таълими 9+2 ҷойи таълими 9+3-ро ишғол намуд. Мувофиқи талабҳои қонуни нав минбаъд таълими 9+2 инкишоф меёбад. Таълими миёнаи умумии нӯҳсола маҷбурӣ, таълими пас аз он ихтиёрӣ-­маҷбурӣ аст. Дар мактаб­ҳои давлатӣ, касбу ҳунар таҳсил гирифтани донишомӯзони хатмкунандаи синфи нӯҳ ихтиёрӣ-­маҷбурист. Таҳсили умумии маҷбурӣ дар сарсатри ҳафтуми моддаи нӯҳ 11 сол қайд гардидааст. Мактабҳои миёна, мактабҳои касбу ҳунар, мактабҳои Президент, литсейҳои академӣ мувофиқи моддаҳои дахлдори қонун минбаъд фаъолияташонро идома медиҳанд.
Дар сарсатри дуюми моддаи 9 омадааст, ки барои соҳибмаърифат ва соҳибдиплом шудан шаклҳои таълим мавқеи муайянро доранд. Ин аст, ки дар моддаи 15 шаклҳои таълим, чун таълими рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ (масофавӣ), оила, мустақил, андрагогӣ, инклюзив, экстернат ёдрас гардидааст.
Табиист, ки ҳар шахс пеш аз ҳама барои фаҳмидани мафҳумҳои таълими фосилавӣ, андрагогӣ, инклюзив, экстернат кӯшиш менамояд. Ин ҷо дар хусуси ин гуна таълимот таваққуф менамоем.

Таълими фосилавӣ навъи таълимест, ки он тибқи талабҳои андозаи давлатӣ, низом, консепсия, нақша ва фанҳои таълимии тахассусӣ бо пешкаш намудани машғулият, савол ва супоришҳои модулӣ амалӣ мегардад.
Бо таъбири дигар бигӯем, технологияи таҳсилоти фосилавӣ – технологияҳои таълиме мебошанд, ки асосан тавассути шабакаҳои иттилоотию иртиботӣ, ҳамкории бевоситаи донишҷӯёну омӯзгорон ва ҳайати таълимию ёрирасон роҳандозӣ мешавад.
Аудио ва видеодарсҳо, аёният ва маводи визуалии техникии омоданамудаи омӯзгорон таваҷҷӯҳи донишандӯзро нисбат ба омӯзиши фан боз ҳам ҷолибтар намуд. Онҳо дар хона нишаста аз имкониятҳои технологии компутерӣ истифода бурда, ба воситаи таълими фосилавӣ омӯзиши маводи фанҳои азхудкунандаро ба роҳ мондаанд. Дар айни замон таълими фосилавӣ идома дорад, ки бо ёрии он соли хониши 2019-2020 анҷом меёбад.
Бартарӣ ва афзалияти таълими фосилавӣ аз дигар навъи таълим дар он аст, ки он дар лаҳзаҳое бо василаи техникаи комил донишандӯзро шавқманд мегардонад. Таълими фосилавӣ бар дӯши омӯзгор вазифае вомегузорад, ки ӯ дар ин ҷода салоҳияти касбиашро вусъат диҳад ва аз комёбиҳои ахбору коммуникатсионӣ, технологияи компутерӣ бархурдор бошад.
Дар луғати истилоҳотии педагогӣ шарҳи «андрагогика», «андрагог» омадааст, ки яке аз онҳо ин аст: «Андрагогика – соҳаи илм, фанни таълимӣ, ки хусусият, шакл ва усулҳои таҳсилоти калонсолонро муайян мекунад». Маънои «андрос» – шахси калонсол, мард мебошад, «агогейн» – идора кардан аст. Мафҳум ва моҳияти андрагогика ҳамчун соҳаи илми педагогӣ мушкилоти таҳсилот, таълим ва тарбияи шахси калонсолро дар бар мегиранд. Андрагогика қисми назарии омӯзиш буда, хусусиятҳои хоси қонуниятҳои азхудкунии дониш ва маҳорати калонсолонро дар рафти донишомӯзӣ ва ҳамчунин махсусиятҳои роҳбарии ин фаъолиятро аз тарафи педагоги касбӣ ба риштаи таҳлил мегирад. Дар даҳсолаи охир таваҷҷӯҳ ба андрагогика, дар робита ба зиёдшавии талабот ба имконияти бисёркарата ва ҳам муттасил баланд бардоштани ихтисос, азнавтаълимгирӣ ва ё ҳатто дигар кардани касб барои коргарон ва ҳамчунин ба миён омадани имконият ва талабот ба омӯзиш ва бозомӯзии калонсолон афзудааст.
Бозомӯзии калонсолонро болоравии ниёзи маънавӣ, дарки талабот ба омӯзиши алоқадори ҳол, ба навгониҳо чун таркиби тарзи ҳаёти солим низ тақозо дорад. Аз ин рӯ, барои таҳсилоти на танҳо коргарони калонсол, балки барои нафақахӯрон низ курсҳо ва ҳатто факултаҳо кушода мешаванд. Барои таълиму тарбияи хурдтаракону калонсолони комилҳуқуқ қонуни нав тамоми шароитро фароҳам овардааст. Мувофиқи қонуни нав фарзандони то сесола дар оила аз волидайн ва аз сесолагӣ дар кӯдакистон ва аз ҳафтсолагӣ бо қадамниҳӣ дар дабистон то синфи ёздаҳ, пас аз хатми мактаби таълими умумӣ, литсей таҳсилро ихтиёрӣ дар мактабҳои олии кишвар ва берун аз он идома медиҳанд. Ин таълими муқаррарист, ки он андрагогӣ ба шумор намеравад. Таълими андрагогӣ барои шахсоне ташкил карда мешавад, ки онҳо дар ҷавонӣ сари вақт мактаби таълими умумӣ, ё худ коллеҷи касбу ҳунарро то ба охир нарасонида, ҳуҷҷати маълумоти дахлдорро ба даст надаровардаанд, аммо мехоҳанд, ки он таълимро фаро бигиранд. Таълими андрагогӣ тибқи дастурҳои хоса ба роҳ монда мешавад.
«Инклюзив» вожаи лотинӣ буда, маънои «фаро гирифтан» корбаст мешавад. Ибораҳои «таълими фарогир», «таълими инклюзив» муродифи ҳамдигар буда, аз ҷиҳати тобиши ифодаи маъно тафовут надоранд.
Дар ин гуна мактабҳо ба кӯдакон дар бораи ҳуқуқи инсон маълумот медиҳанд, шогирдон бо якдигар муошират карда, ҳамдигарро аз наздик мефаҳманд. Таълими инклюзив раванде мебошад, ки омӯзиши барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд бо ҳамсолоне, ки солим ҳастанд, якҷоя ба роҳ монда мешавад. Дар моддаи 19 таълими инклюзив бо ҳамин роҳ ба амал татбиқ намудан, инчунин дар шакли инфиродӣ дар хонадонҳои шахсони ҷисман ва руҳан нуқсондор бо иҷозати ташкилотҳои ваколатдор ташкил карданро пешбинӣ менамояд.
Таълими экстернат дар моддаи 20 бо тамоми хусусиятҳои меъёри ҳуқуқӣ тавзеҳ гардидааст. Он мустақилона дар натиҷаи азхуднамоии бобу мавзӯъҳои дастурии фанҳои синфи оянда ба амал меояд. Таълими экстернат талабҳои худро дорад, ки он дар ҳуҷҷатҳои марбути зерқонун ба таври бояду шояд зикр гардидааст. Таълиму амали аз синф ба синф гузаронидан аз амали таълими экстернат андаке фарқ дорад. Дар ҳар як чоряк ва охири соли хониш натиҷаҳои дониши аз синф ба синф­ гузаронидан ҷамъбаст карда мешавад. Ҷамъбасти таълими экстернат дар охири сол дар вақти имтиҳонсупорӣ бо мақсади муайян намудани дониши донишомӯзи соҳибистеъдоди худомӯз бо иштироки ҳайати комиссия баргузор мегардад. Агар донишомӯзи соҳибистеъдод аз имтиҳоноти таълими экстернат бомуваффақият гузарад, он гоҳ вай дар синфи оянда таҳсили муқаррарӣ нагирифта, бо ҷаҳиши фосилаи синфӣ ба синфи пешқадами калонсолон мегузарад.
«Инноватсия» калимаи англисӣ буда, он маънои ихтироъ, идеяи навро ифода мекунад. Вожаи «навоварӣ» муродифи калимаи «инноватсия» пиндошта мешавад. Инноватсия натиҷаи ниҳоии фаъолияти зеҳниву ақлии инсон, самараи тахайюлу эҷод ва бозёфту кашфиёт.
Фаъолияти инноватсионии соҳаи таълим барои ноил гардидан ба комёбиҳои нав ба нав шароит фароҳам меорад. Ба воситаи фаъолияти инноватсионӣ сифати таълиму тарбия дучанд афзуд. Технологияи педагогӣ, методҳои интерактив, таълими интегратсионию пайдарҳамӣ, модулӣ, босалоҳиятӣ ва ғайра навъҳои фаъолияти инноватсионӣ ба шумор мераванд, ки ҳар яки он дар рушду такони таълиму тарбия мавқеи муайянро дорад. Амали инноватсионӣ дар моддаи 36 бо тамоми хусусият дарҷ гардидааст. Бо фаъолияти инноватсионӣ баҳри баланд бардоштани дониш, малака ва маҳорати шогирдон кӯшиш кунед, то ки онҳо дар оянда чун шахсони кашфиётгари соҳибистедод, соҳибқобилият ба камол расанд.

Таваккал ЧОРИЕВ,
узви кумитаи масъалаҳои фан-­таълим, фарҳанг ва варзиши Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон.