Токҳо аз нав гул мекунанд…

Токҳо аз нав гул мекунанд…

  • Post category:Иқтисод

Ҳар пагоҳӣ 20 нафар токпарварони хоҷагии фермерии «Баротов Сарҳадҷон»-и ноҳияи Самарқанд ба сари кор омада, дигаргуниҳоро мушоҳида мекунанд. Аз ривоҷу равнақи токзор ба ваҷд меоянд. Аз нав гул кардани токро дида меболанд.
Хоҷагии фермерии «Баротов Сарҳадҷон» асосан ба токпарварӣ машғул аст. Вай яхдони 500-тоннагӣ дорад. Аз се адад техникаи мавҷуда низ самаранок истифода мебаранд.
Нақшаҳои ояндаи ҳоҷагӣ калон аст. Навъи токи кишмиши сиёҳро зиёд карда, сехи хурди коркарди маҳсулот сохтанианд. Агар мавиз тайёр кунанд, имкони бештар ба хориҷа экспорт кардани маҳсулот пайдо мешавад.
Ба ин хоҷагӣ ҷавонмарди хушмуомилаву чашмикордон Бахтиёр Болтаев сарварӣ мекунад. Масоҳати токзори онҳо ба 25 гектар доман паҳн кардааст. Токҳои онҳо асосан навъҳои тоифӣ ва кишмиши сиёҳ мебошад.
– Барои ба даст овардани маҳсулоти хушсифат мо ҳамаи навдаи токҳоро ба торҳое, ки дар сутунбетонҳо кашида шуданд, баста мебароем. Тирамоҳ баъди ангурканӣ онҳоро боз кушода, токро зери хок мепӯшонем. Набошад, хунук мезанад. Дар фасли баҳор барвақт, аз иди Наврӯз пештар мекушоем. Дар акси ҳол навдаҳо дар зери хок муғҷа кардаву навда ронда, ба ҳосилнокии токзор таъсири бад мерасонад. Имсол баъди кушодан барф бориду токҳоро хунук зад. Ба туфайли меҳнати хуби аъзоён токҳо навдаҳои нав бароварданд. Мисли порсола набошад, ки токҳо каму беш гул мекунанд.
Порсол аъзоёни хоҷагӣ 250 тонна ҳосил гирифта буданд. Аз он бештар аз 100 тоннаашро ба Россия экспорт карданд.
Имрӯзҳо, ба хунук задани токзор нигоҳ накарда, аъзоёни хоҷагии фермерӣ Баҳрулло Ҳотамов, Маматқул Пӯлодов, Ҷонон Вафоев, Шароф Зокиров, Саидқул Нурқулов ва дигарон аз таҳти дил меҳнат мекунанд. Байни токзорро шудгор карда, зери бехҳояшро нарм мегардонанд. Навдаҳои барзиёду беҳосилро бурида, токзорро ба тартиб меоранд. Барои ғизодиҳӣ дар сари ҷӯяҳо пору захира менамоянд. Имсол ҳарчанд, ки гули токҳо каму мисли порсола нест, токпарварони ғайратманди хоҷагӣ ният доранд, ки аз ҳар гектар 500-сентнерӣ ҳосил ба даст оваранд.

Б.ҶУМЪАЕВ.