Барои оилаҳои камбизоат  парвардаҳо тақсим карданд

Барои оилаҳои камбизоат парвардаҳо тақсим карданд

  • Post category:Иқтисод

Мардуми мо аз қадим арзишҳоро мисли саховатпешагӣ, ҳамҷиҳатӣ, оқибати байниҳамдигариро арҷ мегузорад. Дар ҳолати кунунии карантин ба роҳ мондани Ҳаракати умумихалқии «Саховат ва кӯмак» чорабинии оқилона мебошад. Имрӯзҳо ин ташаббусро вакилони хоҷагиҳои кишоварзӣ ва фермерӣ, ходимони корхона ва ташкилотҳо якдилона дастгирӣ менамоянд, ки шоёни эътироф мебошад.
Бо ин мақсад Садорати вилоятии нозироти маҷмӯи агросаноати назди Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва шӯъбаҳои ноҳияҳои он дар Булунғур, Тайлоқ, Ҷомбой, Ургут ва Самарқанд бо ташаббуси депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят Нурмамат Турсунов бо номи «Ҳеҷ як оила аз меҳр ва эътибор дар канор намемонад» аксияи хайриявӣ гузаронд. Дар давоми тадбири саховат ба беш аз 700 хонадонҳои гузарҳои Орлот‑1, Орлот‑2, Орлот‑3 ва Орлот‑4-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Орлоти ноҳияи Иштихон беш аз 10000 бех парвардаҳои навъҳои помидор, қаланфури булғорӣ, боимҷон ва дигар сабзавот тақсим гардид. Гурӯҳи кории иборат аз ходимони нозирот, раису фаъолони маҳалла аз аҳволи оилаҳои камбизоати маҳалла хабар гирифтанд.
– Ҳар як баромади Президенти мамлакатамонро дар оинаи нилгун мебинам. Оилаҳои камбизоат суханҳои вайро шунида, ба оянда бовариашон меафзояд. Барои харидани парвардаҳо ба замини наздиҳавлигӣ дастам кӯтоҳӣ мекард. Офаридгор мушкиламро осон кард. Ҳомиён ба ман ва ҳамдеҳагон парвардаҳо дода, моро хурсанд карданд. Парвардаҳоро шинондем. Ният дорем, ки бештар меҳнат карда, бисёртар ҳосил ба даст орем.
Дар давоми аксия оилаҳои Учқун Қамбаров, Обидхон Толлибоев, Абдураҳмон Толлиев ва дигарҳо ҳам аз саховат бебаҳра намонданд. Инчунин, дар доираи чорабинӣ дар оилаи Элёр Хуббимов ҳашар ташкил карда шуд.
– Дар маҳаллаамон 42 оила ба рӯйхати камбизоатон дароварда шудааст. Онҳо ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷ ҳастанд. Рости гапро гӯям, баъзеи онҳо барои харидани парвардаҳо пул надоштанд. Ба ташкилотчиёни аксия раҳмат, – гуфт раиси маҳаллаи Орлот Шаҳриддин Абдуллаев.
Дар доираи аксия инчунин тадбири тарғиботӣ гузаронида шуда, ба мардуми маҳалла дар бораи босамар истифода кардан аз замини наздиҳавлигӣ тавсия ва маълумотҳои муфид дода шуд.

Хизмати ахбори Садорати
вилоятии «Ӯзагроинспексия».