Шоире, ки дилаш бо забон яке буд

Шоире, ки дилаш бо забон яке буд

  • Post category:Фарҳанг

Шоири ҷанговар, шаҳиди майдони мардонагӣ Ҳабиб Юсуфӣ аз зумраи эҷодкорони асиле буд, ки на танҳо васфи Ватанаш кард, балки дар ҳаёт низ ба дифои он бархоста, дар майдони набард қаҳрамонона ҳалок гардид ва ба қавли Хоҷа Ҳофиз собит кард, ки дилаш бо забон якест.
Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинвисам,
Забони ман зи ҳама бештар Ватан гўяд.
Шеърҳои «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дўсттар», «Вақти он аст, эй қалам», «Зи ишқи Ватан ҷўш дорад дилам», «Гар, Ватан, дилро ту мехоҳӣ, фидо созам, ба ҷон» ва дигар ашъори дилошўби ўро дар бештари хонадони тоҷикон медонанду месароянд. Баъзе аз мисраъҳои барҷастаи шеъри шоир ба шиор ва масал табдил ёфтаанд.
Ҳабиб Юсуфӣ дар бештари шеърҳояш ишораи равшан дорад, ки ман омодаам барои ин Меҳан фидо шавам. Аз ҷумла:
Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,
Ватан ҳар чӣ гўяд, адо мекунем.


Ман на танҳо дил, тану ҷон ҳам фидоят мекунам,
То шавам чун қаҳрамонҳои ту ман ҳам қаҳрамон.
Дар ҳаёт низ мебинем, ки пешгўиҳои шоиронаи ў ба ҳақиқат мубаддал шуда, дар ҳифзи Ватан ҷон бохтааст.
Пажўҳишгари осори шоир Ҳамроқул Шодиқулов навиштааст: «Ҷавҳари эҷодиёти ўро (Ҳабиб Юсуфиро – Б. Б.) тавсифу тараннуми Ватан ташкил додааст. Тасвири образи Ватанро асли моҳияти ҳар шеър ва ё тамоми эҷодиёти Юсуфӣ гўем, саҳве нахоҳад шуд. Ин аст, ки ҳар кас дар як шеър такрор ба такрор калимаи «Ватан»-ро хонад ҳам, ҳеҷ вақт онро такрори маҳз ва ё бемавқеъ гуфта наметавонад».
Бавижа, дар замони Ҷанги бузурги Ватанӣ меҳанпарастии шоир дучанд боло гирифта, суханонаш бо ҳарорату эҳсоси ҷўшон ба коғаз рехтаанд. «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дўсттар» гуфтани шоир айнан ба рўзҳои аввали оғози ҷанг робита дорад. Яъне, адў ба хоки ту қадам монду қадру қимат, меҳру муҳаббати туро бештар ҳис кардам ва шинохтам.
Шоир аслан, аз оғоз забткориҳои фашистонро маҳкум мекард, ҳол он ки пои онҳо то ба хоки Иттиҳоди шўравӣ нарасида буд. Дар баробари ин, ба амалҳои зиддиинсонии душманони кишварҳои шўравӣ ҳамеша вокуниш нишон медод. Барои ин, шеърҳои ба ҷавонони Испания бахшидаи ў – «Зи ту қаҳрамонию аз мо мадад», «Ба душманони Ватан – ҷосусони тротскичӣ», «Ба Долорес Ибаррури», «Туфу бар ту, эй гурги малъун, туфу!» (Ба фитнагарони ҳарбии Япония), «Ин Ватан зинда дар ҷаҳон мебод!» (Ба муносибати воқеаҳои Чехословакия) намуна шуда метавонанд.
Сазовори ёдоварист, ки шоири далери мо дар ҳарбу зарби майдон то охирин нафас ҷонбозӣ кардааст. Аз мағзи ў, аз дили ў чӣ мегузашт, Худо доност, аммо меҷангид, тир мекушод, доду ғирев мекард, ба хоку хун оғушта мешуд, ҷон бохтани ҳамсангаронашро медид, пеши чашмаш симои модарону хоҳарон, хандаи кўдакони бегуноҳ ва марги ҳамяроқонаш, нангу номуси ватандорӣ ҷилва карда, ба ў рўҳу тавони тоза ба тоза мебахшиданд. Шоир бесабаб унвони ҳарбии лейтенантро нагирифтааст.
Аламу нафрат ва муҳаббати самимӣ байни ҳам набарди хунин доштанд. Дар ин моваро ўро ҳадаф яке буд: «Не! Ба душман зарбаҳои душманафган медиҳем!».
Ростӣ, аз вожа-­вожаи шеърҳои Ҳабиб Юсуфӣ бўи борут, хоку хун, гулу гиёҳи бешаҳо, шасти тир, доду фарёди ҷонкоҳи аскарон, вопасин ҳарфҳои дилхароши афсарони маҷрўҳ шунида мешаванд. Ба ин мисраъҳои оташбори шеъри «Ба гитлерзодагон амон нест!» таваҷҷуҳ фармоед:
Писарҳои ҷинояткори Берлин!
Куҷо ин сон ҳаросон мешитобед?
Куҷо? Пеши зану фарзанд? Ҳайҳот!
Шумоҳо ҳам зану фарзанд доред?
Куҷо шуд зарбаҳои «барқовар?»
Ватанро ёд кардед? Эҳтимол аст,
Ки мехоҳед дидан рўи модар?
Хаёли хуш! – Вале амри маҳол аст
Муқаддас модарони русу украйн,
Ки диданд ин қадар таҳқиру кулфат,
Магар буданд бефарзанд, гўед!
Ва ё бе меҳру бе ҳиссу муҳаббат?…
Ин шеър дигар ҷои таҳлил надорад. Чунин саволборони тирборонӣ ба сари душмани малъун боз идома доранд. Аммо мо бо ҳамин иктифо мекунем, зеро дар ҳамин порашеър дили сўхтаву абгори шоир аз оқибати ҷанг пайдост.
Агар дафтарҳои ҷангии шоир гум намешуданду то ба мо мерасиданд, то кадом дараҷа ватандўсти азхудгузаш­та будани шоирро бештар эҳсос мекардем. Бо вуҷуди ин, эҳсоси баланди садоқаташро ба Ватан аз номаҳое, ки дар майдони разм навиштааст, пай бурдан мумкин аст.
Масалан, ба устод Лоҳутӣ чунин менависад: «Дар байни ин ҳама ҷангу ҷидоли пуршиддат саломатии Шумо барин устодони азиз …барои халқу Ватан хеле чизи пурқимат аст. Шумо ҳеч гоҳ аз ёди ман фаромўш намешавед. Чунки рўзе нест, ки байтҳои Шуморо нахонам. Албатта, Шуморо фаромўш кардан ё накардани ман он қадар аҳамияти бузург надорад. Аммо ман инро нагуфта наметавонам. Шуморо таърих, халқ фаромўш нахоҳад кард». Аз ин ҳам ҳарфҳои гармтарро бо шавқ ба коғаз рехта, дар охир таъкид мекунад: «Ман ин сатр­ҳоро дар зери снаряд ва тири душманон нишаста менависам. Хоҳиш мекунам, ба самимияти онҳо боварӣ намеод…».
Дар шеъри «Мактуб аз Шарқи Дур» ба маҳбубааш менависад:
Ҷудо шудам зи туву омадам ба кори Ватан,
Зи як диёри Ватан бар дигар диёри Ватан.
Агарчи буд гарон кардам ихтиёр инро,
Чаро ки ёри ту – фарзанди дўстдори Ватан.
Дар ҳусни матлаъ хоҳиш мекунад, ки ба аҳду паймони ёрӣ содиқ бимон:
Ту пойдор ҳамеша ба аҳду паймон бош,
Ки ман ба ишқи туам чун ба корзори Ватан.
Ин мисраъҳо суханони воқеъбинонаи Ҳамроқул Шодиқуловро ба ёд меоваранд: «Дар шеъри Юсуфӣ меҳри Ватанро аз муҳаббати дилбар ҷудо кардан душвор аст».
Аҳду паймони рўҳонии шоир бо Ватану дилбараш канда нашуда бошад ҳам, аммо сад дареғ, ки ҷисми ў 2 моҳ пеш аз пирўзӣ бар фашизм бо хоки Варшава пайваст ва ў дигар ба дидори Ватани муқаддасаш, ки вассофи якумраи он буд, нарасид. Дар номаи комиссариати ҳарбӣ, ки ба унвони хонаводаи шоир ирсол шудааст, ин паёми пурдареғ сабт аст: «Лейтинант Юсуфов Ҳабибулло (ному насаби ҳуҷҷатии шоир – Б. Б.) дар фронт сахт ярадор шуда, 4-уми феврали соли 1945 дар Полша вафот кард ва дар қабри 9-уми қабрис­тони ҳарбиёни рус, дар мавзеи Вешнуи губернияи Варшава дафн шудааст».
Шоир то нафаси вопасин ноумед набуд. Ҳар лаҳза таъкид мекард, ки пирўзӣ наздик аст. Воқеан ҳам, ғалаба бар фашизм аз ормонҳои Ҳабиб Юсуфӣ буд, ки бо худ ба хок бурд. Аммо ба ивази ҷонфишонии шоир хоки Ватан дар амон монд. 75 сол аст, ки чандин насли одамӣ аз шаҳди ғалаба ва лаззати озодие, ки ба ивази ҷони Ҳабиб Юсуфӣ ва миллионҳо ҷавонмардони далери дигар ба бор омад, мечашанд. Насли имрўзу фардо набояд ин таъкиди шоирро фаромўш кунанд:
Ҳаёти дилкашу зебо ҳаёти озод аст,
Чунин ҳаёт на арзон ба даст афтодаст.
Барои он ки ҳаёте чунин диҳад моро
Ҳазор бор Ватан сад ҳазор ҷон додаст.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
шаҳри Душанбе.