Зинда бод, карантин!

Зинда бод, карантин!

  • Post category:Фарҳанг

(Ҳаҷвия)

Гӯр ин миш-миши мардум ва воҳимаҳои радиову телевизор шавад, бо паҳншавии вируси корона ба дили одам даҳшат ангехта, моро пеш аз умрамон куштан мехоҳанд. Дар натиҷаи чунин воҳимаҳо ё дар ҳақиқат, ин вируси падарлаънат ба бисёр мамлакатҳо барқосо ҳуҷум овард, ки карантин эълон карданд. Сарҳадҳо баста, ҳаракати нақлиёти обиву ҳавоиву заминӣ боздошта шуд. Ҳама бояд даҳонбандак ‒ ниқоб пӯшанд, дар хона шинанд ва бе зарурият кӯча набароянд.
Аҷаб махлуқем мо одамизодагон. Дар вақти кор аз кор гурехтан мехостему акнун дар рӯзҳои карантин аз бекорӣ зиқ мешавем. Кор ё машғулоте меҷӯем, ки саргарм шавему гузаштани шабу рӯзро нафаҳмем! Пештар, ҳатто дар вақтҳои таътили меҳнатӣ рӯзкӯркунӣ осон буд. Як ба кӯча мебаромадед, бо ину он вомехӯрдед, дар ягон ҷо нишаста, чорта сӯҳбату садтогӣ мекардед, ки аллакай моҳ дигар шудааст. Ҳа, динаякак худи ман ҷавони навхат будаму ҳоло ба зинаи 40-солагӣ наздик мешавам.
“Китоб зеби ҷевон не, барои хондан аст, ‒ аз дил гузаронидам. ‒ Дар давраи карантин бо навбат хонда мебароям. Бо ин роҳ ҳам гузаштани рӯзҳоро нафаҳмида мемонаму ҳам пойдевори донишам мустаҳкам мешавад…”
Рӯзи дуввуми карантин китобро ба даст гирифтаму ба бало мондам. Ҳамсарам гӯё аз китоб рашк бурда, ба ман часпид. Ин рафтори ӯ муштзани зӯрро ба хотир меовард, ҳарифаш ‒ боксёри камқуввату беҳолшудаи худро дар кунҷи ринг, ки дигар ҷойи гурез надорад, гузошта, бераҳмона ба тамоми аъзои баданаш мушт мезанад. Яъне, ба китобхонӣ вақт меёфтааму барои лаҳзае ба ӯ эътиборе додан не. Тамоми ин солҳои зиндагии якҷоя ӯро фиреб медодаам. Палтои ваъдагии пешазтӯйиро то ҳол харида надода будаам. Ҳар сол барои дастовезу тӯҳфахарии зодрӯзи модараш сахтакӣ мекардаам. Дар рӯзҳои ҷанозаи бобояш барои се рӯзакак миён бастан вақт наёфтаам. Ҳангоми таваллуди фарзанди аввалинамон мисли дигар дадаҳо рӯзе се маротиба ба хабаргириаш нарафтаам. Ҳоло бачаҳо худсарона калон мешаванду ман ба тарбияи онҳо бепарво… Хулоса, ҳамаи ин гуфтаҳои ӯро навишта, папкаи корҳои ҷиноятӣ тайёр кунанд, бо қарори раиси суд ман бояд ба ҳукми ҳабси якумра гирифтор мешудам.
Барои пасандаи ҷанҷол сар аз болои китоб набардош­там.
Не, якбора гунгшавии ман ба ӯ сахт расид магар, ки бештар оташ гирифт.
Дар айни вақти ҷӯшу хурӯши таънаборони навбатӣ ба ниқобаш ишора кардам.
‒ Эҳ-ҳе, чӣ шумо аллакай манаҳбандон шудани маро мехоҳед?! ‒ дод зад ҳамсарам. ‒ Хобатонро ба об гӯед. Ҳоло ман намемурам…
Худоё, пандемаи ҷангу ҷанҷоли зану шавҳар, роҳбару коргар, импортчиву экспортчӣ, фурӯшандаю харидор ва ғайра дар тамоми мамлакатамон виҷ-виҷ меҷӯшаду роҳбарони ғамхори мо чаро ба муқобили вируси он карантин эълон намекунанд, ман ҳайрон? Э, агар ҳоло карантин намебуд, зуд ба чойхона гурехта, бо улфатҳо қусури ин ҷангу ҷанҷолро мебаровардам. Вале аз хона баромадан мумкин не.
Ин хел шақ-шақи шақшақабону қариб як ҳафта давом кард. Таънаву маломатҳои беохираш аз ҷавҳари ҷонам гузашту қарор додам, ки ҷудо мешавам. Вале карантин садди роҳам шуд. Бо вуҷуди он суст наомада, пеши компутер нишастам. Маълум шуд, ки дар давраи карантин тамоми корҳо ба таври онлайн ҳал мешаванд. “Мурдем акнун, ‒ худ ба худ андешидам, ‒ зиндагиамон ҳам қариб ба таври онлайн буд. Ман дар хона бошам, вай ба хонаи модараш мерафт. Ӯ дар хона бошад, ман ‒ дар навбатдории шабона. Ман чизе хоҳам, ӯ муқобил мебаромад, вай хоҳад, ман ҳавсала надоштам.
Барои бекор кардани ақди никоҳ ба таври онлайн ба шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ муроҷиат кардам. Зуд ҷавоби расмии қолабӣ омад, ки ин масъалаи ҳаёту мамоти одамизод аст ва саросема шудан нашояд. Мувофиқи Кодекси оила, ки мо се нафар фарзанд ва молу мулки якҷоя дорем, барои ёфтани роҳи муросову мадоро ба зану шавҳар аввал шаш моҳ мӯҳлат дода мешавад. Баъд бо қарори суд…”

Сарам сих зад. Ҳалли ин масъала танҳо бо хоҳиши ман амалӣ нашавад, оё шақшақахон розӣ мешаванд? Муранд, ки не. Аз тарс зуд ҳамаашро аз компутер маҳв сохтам.
Имрӯз аз хоб хезам, аҳвол ба 180 дараҷа тағйир ёфтааст. Эҳ, ин занаки маро фаҳмида намешавад: гоҳ ҳуту гоҳ ҳамал. Аз пагоҳӣ дар чеҳра ва рафтору гуфтораш нишонаҳои моҳи ҳамал баръало намоён. Аз афташ, мувофиқи панди бобои раҳматиам пӯстамро ғафс карда, кару кӯру гунг шудам, ки дар ҷанҷол, занак саркарда, ман ғолиб омадам. Дар акси ҳол бо васвасаи шайтон фарзандҳо зиндаятим мемонданд. Э, зинда бод, карантин-е!
Техника ҳарчанд тараққӣ кунаду расонаҳои иттилоотӣ аз чор ақсои олам хабарҳои тоза ба тоза диҳанд, ки боз одам аз аҳволи ҳаққу ҳамсоя ва ёру дӯстони наздикаш бехабар мемондааст. Дар ин хел вақтҳо чашму гӯши одам канда партофтагӣ барин. Дар дилам, ки файзи моҳи ҳамал ҳукмронӣ мекард, телефонро ба даст гирифтам. Кори хайрро аз шеф сар кардам. Ҳарчанд, ки ӯ барои рӯйдавию ҳақталабӣ маро душмани худ мешуморад, ин амали ман як нишонаи гуманизм аст.
Занг задам. Вай гӯшакро зуд бардошт. Аз овозаш фаҳмидам, ки дар ин хел рӯзҳои ҳабсӣ хонагӣ муштоқи ман барин як одами гапшунав аст.
‒ Ассалому алайкум, Шаҳриёр Зафарович, аҳвол чӣ тавр? Дар карантин аз бекорӣ зиқ нашудед?
‒ Зиқ ҳам гап, Содиқҷон, қариб торс мекафам. Бекорӣ ганда будааст. Агар ман раиси суд мебудам, ба касе ҷазои сахттарин додан раво бошад, дар хона нишаста, ба коре накардан ҳукм мебаровардам.
Шефи шӯҳратгадойи мо, ки ҳафтае ду-се маротиба маҷлис даъват карда, баҳудаву беҳуда дигаронро танқид кардану паст заданро дӯст медошт, ба ҳолаш раҳмам омада, маслиҳатомез гуфтам:
‒ Худро эҳтиёт кунед, Шаҳриёр Зафарович, ин қадар беҳуда хуноб шудан фоида надорад. Ҳар пагоҳӣ номаълумакак бо аҳли оила ҷамъомад гузаронед, аз рӯйи лаёқат ва синну сол ба онҳо фармону супоришҳо диҳед, иҷрои онҳоро санҷед, ана мебинед, ки рӯз бегоҳ шудааст.
‒ Аз рӯйи одат ҳамин хел ҳам кардам, Содиқҷон, вале нашуд. Таҳдидҳо бефоидаву гапа намегиранд, муттаҳамҳо. Кореро сар накарда, ҳазору як баҳона меёбанд. Ҷамъомади таъҷилӣ гузаронида будам, ки кор бадтар шуд. Бо сарварии занак бар зидди ман гурӯҳи оппозитсионӣ ташкил карданд. Ҳоло онҳо бисёру ман танҳо. Фақат майдачаи шашмоҳаамон бетараф.
‒ Ман шуморо нағз мефаҳмам, Шаҳриёр Зафарович. Шумо ба амру фармондиҳӣ одат кардагӣ. Аз рӯйи инертсия ин корро давом надиҳед, касал шуданатон мумкин. Ба саҳни ҳавлӣ баромада, ба гулу гиёҳҳои рӯйи ҳавлӣ, ё абрҳои осмон амру фармон диҳед, худатонро хеле сабук ҳис мекунед…
‒ Э, Содиқҷон, диламба занед, ин кори маро бачаҳо дида, боз ба гумонҳои бад нараванд…
“Ҳӯ муттаҳам-е, аз ёдат баромад: дар корхона коре фармуда, зуд иҷрояшро талаб мекардӣ. Охир дар як соат ё як рӯз ҳатто фармонҳои котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид иҷро намешаванду…” Онҳоро ба ёд оварда дилсӯзона гуфтам:
‒ Ба шумо раҳмам меояд, Шаҳриёр Зафарович… Хайр, ҳамчун роҳбар ба худатон супориш диҳеду баъд ҳамчун коргар иҷро кунед?
‒ Маслиҳати баҷо, додар. Вале худатон медонед, ки ман ҳамчун коргар ба кор кардан одат накардаам. Иҷрои супориш тӯл кашад ва ё аз ӯҳдааш набароям, худамро худам ба ҷанг кардан дилам намешавад.
‒ Ана роҳи хубашро худатон ёфтед, Шаҳриёр Зафарович! Суст набиёед. Нағз кор карданро ёд гиреду баъд худатон аз худатон таъриф шунавед…
Аз ин маслиҳату сӯҳбати телефонӣ шеф як ҷаҳон миннатдор шуд. Баъди карантин, албатта, муносибатҳо гармтар мешаванд. Ташаккур ба карантин, ки на танҳо ба ҳифзи саломатӣ, балки ба тарбияи одам ҳам мусоидат мекардааст.
Ба дӯсти собиқи ҳаммактабам ‒ Аъзамҷон занг задам. Вай якрави дағалгуфтор. Камбудиҳоро ба рӯйирост гуфтан одат кардааст.
‒ Аъзамҷон, салом ҷигарам. Аҳволҳо чӣ хел? Дар ин рӯзҳои карантин зиқ нашуда, дар хона шиштед?
‒ Вақти зиқшавӣ канӣ?! Аз пагоҳ то бегоҳ болои диван мехкӯб кардагӣ барин аз пеши телевизор намеҷунбам. Эъ, ин барандаҳои телевизор ҳама бесаводи нодон барин. Як гапа гаштаву баргашта ба забон меоранд, ки дили одам беҷо мешавад. Суханҳояшон мазмун надораду мантиқаш хароб. Аввал фикр карда, баъд навишта, сонӣ хонда диҳанд, чӣ қадар нағз буд. Ҳам вақт сарфа мегардаду ҳам гӯшу майнаи мо дам мегирифт. Не, падарқусурҳо, барои ифодаи як ҷумла ним соат ҷоғ мезананд.
‒ Хайр, онҳо гапшунав не, гапдон ё гапчӣ. Эътибор надиҳед.
‒ Ҳозир ҳамин хел карда истодаам. Маъқул нашавад, зуд ба пулт ҷоғашонро баста, ба канали дигар мегузаронам.
‒ Боб мекунед. Хайр, янга бачаҳо ҳама нағзанд?
‒ Мешавад. Келинатон рӯзи дароз дар ошхона. Китоби кулинариро варақгардон карда, ҳар хел хӯрок мепазад ва баъди карантин бемалол дар ягон ресторани зӯр сарошпаз шуда, кор карданаш мумкин. Вай пухта болои дастархон оварда мемонаду мо несту нобуд мекунем.
‒ Ҳамааш нағз бошад, камбудие нест?
‒ Чӣ хел камбудӣ шуданаш мумкин?! Бачаҳо пеш аз саршавии карантин таҳхонаро ба анбори маҳсулоти хӯрокворӣ табдил доданд. Сарфакорона истифода барем, ба 5‒6 сол бемалол мерасад.
Як ҳамкорам доимо аз фарзандонаш шикоят мекард. Ба ӯ занг зада гуфтам, ки акнун айни вақти тарбияи фарзандҳо фаро расидааст.
‒ Ҳа, ‒ гуфт ӯ, ‒ карантинаш айни муддао шуд. Лекин бачаҳо ба тарзи онлайн мехонем, гуфтанд. Санҷидам. Балоро мехонанд. Ба воситаи китобҳо якҷоя дарс тайёр кардани шудем. Ба гардан нагирифтанд. Дар мактаб чӣ хел мехонданд, ки акнун ин тирмизакҳо аз масофа истода хонанд?! Ҷангкуниҳои ман барабас рафтанд. Аз куҷое шунида будам, ки тарбия ба воситаи бозиҳои шавқовар самараноктар аст. Бо қартабози шавқу ҳавасашонро ба хондан бедор кардани шудам. Бачаҳои ин замон бало-дия. То пешин ман буридаму баъди пешин муттаҳамҳо, имкони ғалаба кардан надоданд. Ҳурмату эҳтироми калонсолонро ҳам намедонанд-е! Пагоҳ барои ривоҷи ақлу зеҳнашон ба шоҳмотбозӣ сар карданӣ. Вале онҳо бозиҳои компутериро пешниҳод мекунанд. “Намедонам” гӯям, ёд доданӣ. Акнун метарсам, ки дар давраи карантин асири компутербозиҳои аҳмақона шуда намонам…
Ҷоғи бисёри Ғуломалӣ ба замин! Вай бо сафсатаҳояш гӯшу майнаи одамро афшонида, ба пешатон мемонад. Ҳангоми гуфтугӯ телефон дуд кунад, ки гапи ӯ тамом намешавад. Бинобар ҳамин, ба ӯ паёмак ‒ СМС фиристондам. Аз байн як соат нагузашта, ҷавоб омад: “Чӣ хел гузаронида истодани карантинро пурсидед? Дангали гап: зӯри зӯр! Худатон медонед, ки бонуи хонадони мо духтур. Баъди эълони карантин тамоми “власт”-ро ба даст гирифтанд. Мо хонашин бошем, ки он кас ба кор рафта меоянд. Дар табобатгоҳ онҳо ба чӣ кор машғул, ба мо торику лекин рӯзи дароз супоришҳояшонро як-як ба ҷо меорем. Бачаҳо ба рӯфтану чиндан ва пок-поки дару тирезаҳо банд шаванд, пухтупазу шустушӯ ‒ ба гардани ман. Бону аз кор оянд, мо як-як ҳисобот медиҳем. Аз ҳисоботи мо қонеъ нагашта, ҳамаашро аз назари танқидӣ мегузаронанд. Ҳатто мувофиқи қоидаҳои гигиенӣ шахсан аз болои дасту рӯ ва дандоншӯйиҳои мо назорат мебаранд. Аз рӯйи гуфтаи он кас дастҳоро камаш ёздаҳ дақиқа шустан даркор будааст. Дар акси ҳол микробу вирусҳо намемурдаанд. Меҳрашон тофта, ҳатто ба ман иҷозат доданд, ки ҳар бегоҳ бар замми нағзакак шустани дасту рӯ даҳонамро бо спирт ё арақ дезинфексия кунам. Ба даҳон як-ду қулт арақ ё спиртро гирифта, хуб гирд мегардонаму ба партофтан дилам намешавад. Ин амалро ду-се бор такрор кунам, ки боз гашта партофтан аз ёдам мебарояд. Ноилоҷ худро ҳушёр гирифта, ба гирди дастархон мешинам. Бачаҳо ба назарам қобилу боодоб ва занак фаришта метобад. Ҳамчун гурги гурусна ба хӯрок мечаспам. Баъди таом як ҳузуру ҳаловати беинтиҳоеро ҳис мекунам, ки шояд дар ҷаннати афсонавӣ набошад. Ана ҳамин хел гапҳо, дӯстам. Ҳоло дилам мехоҳад, ки карантинро боз давом диҳанд.”
Дар ин хел рӯзҳои карантин саховатпешагон ба оилаҳои нодору камбизоат орду биринҷ, шакару равған тақсим мекунанд. Ман аз онҳо чӣ камӣ дорам? Охир аҳволпурсии ҳамсоя ҳам меҳру мурувват аст.
Ба рӯйи ҳавлӣ бароям, овози ҳамсоя ба гӯшам расид.
Салом дода, аз аҳволаш пурсон шудам.
‒ Э, саломат бошед, ҳамсояҷон, ‒ мувофиқи нишондодҳои карантин аз паси девор истода ҷавоб гардонд ҳамсоя. ‒ Ин карантинаш одама зиқ кард-ку…
Ин ҳамсояи мо доимо худ­ро камбағал тарошида, беванолӣ мекунад. Дар асл ӯ камбағал не, танбал аст. Аз пагоҳ то бегоҳ бо ҳаммаслаконаш чойхонаи маҳалларо кадастр карда гирифтагӣ барин ғайбату гапфурӯшӣ ва қартаву нардбозӣ мекунанд. Ҳама танпарвару тайёрхӯр. Ба тамоми тӯю зиёфат ва худоиву бегоҳи ҷумъаҳои маҳалла шарик.
Ба ҳавлии ин ҳамсоя даромада намешавад. Ҷанголмазори таппа-тайёр. Аз рӯйи гуфтаи корафтодаҳо чирку чарми зери палосҳои хонааш ҳам як ваҷаб. Ошхонаашро дар се фасли гармои сол ба пашшаву нонхӯраки тортанакҳо ба иҷора медодааст. Хулоса, ба ҳавлиаш дароед, вақти баромадан ҳатман пойҳоятонро тоза карда баромадан лозим меомадааст.
‒ Доруи рафъи зиқшавӣ даркор-дия. Ҳаминро ҳам намедонед?
‒ Дуруст гуфтед, ҳамсоя. Ҳозир кӯчабароӣ набошад, чойхонашинӣ набошад, ғелида дуракбозӣ набошад, маишату зиёфат набошад, маҷбур каландро ба даст гирифтам. Замини рӯйи ҳавлиро гардонида, сабзиву картошка ва кабудӣ коридам. Гулу гулбуттаҳо шинондам. Сонӣ, навбати току дарахтҳо расид. Бо қайчиву токбур ҳамаи инҳоро орову торо додам. Акнун ҳуҷум ба таҳхонаву болохона… Занам аз ин корҳои ман ҳайрон. Девона нашавад, хуб-куя. Ҳамин қадар корҳо аз дастам меомадасту мани аҳмақ худамро хор карда гашта будаам-дия, ҳамсоя. Акнун карантин тамом шавад, барои ба кӯча баромадан метарсам. Охир дар бозгашт манзилу макони худро нашиносам, шармандагӣ…
‒ Худро хор шудан намонда, баъди карантин камтар бароед.
‒ Албатта…

Бахтиёри ҶУМЪА.