Оё аз тарзи таълими онлайнӣ қонеъ мегардед?

Оё аз тарзи таълими онлайнӣ қонеъ мегардед?

  • Рубрика записиМаориф

Бо тақозои замон рӯз то рӯз таълими фосилавӣ аз ҳаёти мо ҷой мегирад. Пӯшида нест, ки дар ин ҷараён мушкилиҳо низ мавҷуданд.
Ҳоло, ки муаллимону хонандагон мактабҳои таълимӣ дар таътили карантинӣ қарор доранд, вақти худро бидуни даргоҳи илм чӣ тавр мегузаронанд?
Мо хостем, бо ҷараёни таътили карантинии онҳо ошно гардем. Бо ин мақсад ба якчанд нафар бо саволҳои: Шумо таътили карантиниро чӣ тавр мегузаронед? Аҳамияти таътили карантинӣ дар чӣ зоҳир мегардад? Оё шумо аз таълимдиҳии (таълимгирии) онлайнӣ қонеъ мешавед? Дар таълимгирии фосилавӣ хонандагон то чӣ андоза фаъол ҳастанд? муроҷиат намудем.
Озода НАЗАРОВА, директори мактаби таълими умумии рақами 73-и шаҳри Самарқанд:
– Ҳоло бо мақсади хуб ташкил кардани вақти холиги хонандагон ва давом додани таълимгирӣ бо пешниҳоди Президенти мамлакат ва мутасаддиёни таълими халқии ҷумҳурият тавассути оинаи нилгун дарсҳои онлайнӣ ба роҳ монда шуд. Албатта, таълими фосилавӣ аз таълими мактабӣ фарқ мекунад. Бо вуҷуди он муаллимони мо кӯшиш мекунанд, ки ҳар як хонанда, ба дониши кофӣ соҳиб гардад. Аз дарсҳо қафо намонад. Дар навбати худ хонандагон ва падару модарони онҳо низ кӯшиш карда истодаанд. Ман аҳамияти таълими онлайниро дар он дидам, ки дар он падару модарон низ фаъолӣ нишон медиҳанд. Ҳангоми таътили карантинӣ баробари фарзандонашон назди оинаи нилгун нишаста, ба дарси онҳо кӯмак мерасонанд. Ғайр аз ин, хонандагони сустхон низ як навъ фаъол шудаанд. Кӯшиш мекунанд, ки баробари ҳамсинфонашон фаъолият нишон диҳанд. Ин албатта, хуб аст. Боварӣ дорам, ки рӯзҳои наздик ин офат аз сари халқамон дур мегардаду таътили карантинӣ низ хотима меёбад.
Наргис НАРЗУЛЛОЕВА, муаллимаи мактаби таълими умумии рақами 37-и ноҳияи Самарқанд:
– Таътили карантинии ман хеле хуб гузашта истодааст. Дар давраи оила, хизмати падару модарро адо намудан бароям шараф аст. Аҳамияти карантиниро ман бештар дар худи инсон, тарбияи ақлу идрок, тафаккуру худидоракунии ӯ дарк намудам. Бояд гуфт, шогирдоне, ки дар дарсҳо суст буданд, ҳоло дар дарсҳои масофавӣ фаъолият нишон медиҳанд. Зеро дар назорати волидон ҳастанд. Супоришҳоро саривақтӣ иҷро намуда, боз вазифаҳои иловагӣ мепурсанд. Барои ташкили дарсҳои масофавӣ аз ҷониби ҳукуматамон чораҳо андешида шудааст. Дарсҳои масофавӣ, ки тавассути оинаи нилгун дода мешавад, бисёр аҷоиб ташкил карда шудааст. Хонандагони мо низ аз рӯйи он таълим гирифта, ҷойҳои нофаҳморо аз мо занг зада мепурсанд. Бо вуҷуди ин, ман аз тарзи таълимдиҳии онлайнӣ на онқадар қонеъ ҳастам. Дар гурӯҳи синфҳо на ҳама фаъоланд, инчунин, рақобати байни хонандагон кам мушоҳида мегардад. Бояд гуфт, ки таълими масофавӣ ба сифати машғулотҳо низ таъсир мерасонад, чунки як қисми шогирдон ба воситаи телефон, слайд, аудио, видиолавҳаҳо тайёр мекунанд, ин албатта хурсандиовар аст, лекин баробари ин баъзе аз онҳо ба телефон руҷӯъ монда аз дарсхонӣ дур мешаванд. Ин бошад, пеш аз ҳама ба назорати волидон вобаста аст.
Муҳида ОРЗУЕВА, хонандаи синфи 5-уми мактаби таълими умумии рақами 37-и ноҳияи Самарқанд:
– Мо, чанд вақт боз дар таътили карантинӣ қарор дорем. Таҳсилро ба тарзи онлайн давом медиҳем. Ман бештари вақти худро дар назди оинаи нилгун мегузаронам. Аз он мавзӯъҳои навро омӯхта, супоришҳои навбатиро мегирам. Ин тарзи таълимгирӣ ба ман маъқул шуд. Баробари таълимгирӣ ҳар рӯз ҳамроҳи модарам хӯришҳои гуногун тайёр мекунем. Аз ҳунарҳои миллӣ хабардор мешавам. Аммо мактабравӣ ва таҳти овози фораму меҳрубониҳои муаллимамон таълим гирифтан дигар аст.
Рухшона РАҲМОНҚУЛОВА, хонандаи синфи 6-уми мактаби таълими умумии рақами 37-и ноҳияи Самарқанд:
– Таътили карантинӣ. Онро таътил гуфта ҳам наметавонам. Зеро, ҳар рӯз вақти муайянамонро ба таълимгирӣ сарф мекунем. Яъне, мо дар хона се фарзанд ҳастем. Модарам, барои он ки барои ҳар сеи мо вақт ҷудо карда тавонад, соатҳои рӯзро ба се қисм тақсим намудааст. Аз пагоҳии соати 8 то 12 вақтамро таҳти назорати модарам ба дарсазхудкунӣ сарф мекунам. Нимаи дуюми рӯзро бошад, бо сарварии модаркалонам бо пухтупази таомҳои милливу омӯзиши ҳунарҳои миллӣ мегузаронам. Дар ин фурсат ба мутолиаи китоб низ вақт ҷудо мекунам. Супоришҳои муаллимони фанро саривақтӣ иҷро карда месупорам. Бо вуҷуди ин, ин ҷараёни таълимгирӣ ба ман писанд наомад. Зеро, ба мактаб рафтану бо ҳамсинфон аз меҳрубониву сахтгирии бахуд хоси устодон баҳра бурда, дониш омӯхтан дигар аст.
Ин як чакрае буд, ки мо аз ҷараёни таълимдиҳиву таълимгирии устодону хонандагон пешкаш кардем. Хӯш, таътили карантиниро Шумо чӣ тавр мегузаронед? Фикрҳои шуморо интизор мешавем.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА.