Доир ба ҳалли муаммоҳо «Харитаи роҳ» тасдиқ гардид

Доир ба ҳалли муаммоҳо «Харитаи роҳ» тасдиқ гардид

  • Post category:Сиёсат

Рӯзи 22-юми май сессияи муштараки Шӯрои намояндагони халқи вилоят ва Сенати Олий Маҷлис доир гардид.
Дар сессия, ки дар асоси амал ба қоидаҳои карантин ба таври онлайн гузаронида шуд, нахуст аз тарафи гурӯҳи кории Сенати Олий Маҷлис натиҷаи корҳое, ки доир ба рушди иҷтимоӣ-­иқтисодии вилоят, афзунсозии самаранокии фаъолияти Шӯрои маҳаллии намояндагони халқӣ иҷро мегарданд, баррасӣ гардид.
Аз рӯйи масъалаи тартиби рӯз ҷонишини раиси Кумитаи мудофиа ва масъалаҳои бехатарии палатаи болоӣ, раиси комиссияи ёрирасон доир ба пурзӯрсозии фаъолияти мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ Толибҷон Мадумаров маърӯза кард.
Дар доираи иҷрои супоришҳое, ки Сарвари давлат ҳангоми ташриф ба вилоят ба мутасаддиён супурдаанд, беш аз 450-то лоиҳа тасдиқ гардида, иҷрои онҳо таъмин карда мешавад. Дар ин замина соли 2019 ба ҷойи 40 ҳазор ҷойи корӣ, 45 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд ва ҳаҷми умумии маҳсулоти ҳудудӣ 37 триллиону 594 миллион сӯмро ташкил кард.
Аммо баъзе муаммо ва камбудиҳое вуҷуд доранд, ки ба рушди вилоят таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ҷумла бобати бо оби нӯшиданӣ, қувваи барқ ва гази табиӣ пурра ва бардавом таъмин кардани аҳолӣ муаммоҳо мавҷуданд. Нақшаи таъмири мукаммали қубурҳои газ дар соли 2019 низ иҷро нагардидааст.
Боғҳои фарҳангӣ ва истироҳатии ноҳияҳои Нуробод ва Самарқанд сари вақт ба истифода супурда нашуданд.
Дар кори сессия аз рӯйи камбудиҳои қайдгардида ҳисоботи роҳбарони мақомоти ҳокимияти иҷро шунида шуд ва доир ба бартараф кардани онҳо «Харитаи роҳ» тасдиқ гардид.
Намояндагон дар бораи ташкил кардани минтақаҳои хурди саноатии нав дар 2,6 гектар майдони маҳаллаи Қорамӯйини ноҳияи Ҷомбой, 8,9 гектар майдони маҳаллаи Боғизоғони ноҳияи Тайлоқ, 6 гектар майдони маҳаллаи Янги ободи ноҳияи Самарқанд ва 25 гектар майдони маҳаллаи Сариқтепаи ноҳияи Ургут, ки бекор хобидаанд, қарор қабул карданд.
Ба ҷонишини якуми ҳокими вилоят ва мутасаддиён вазифаи таҳияи нақшаи асосии рушди минтақаҳои хурди саноатӣ, инчунин, консепсияи ҷойгирсозии лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ин ҳудудҳо ва барои тасдиқ ба шӯроҳои маъмурӣ пешниҳод кардани онҳо супурда шуд.
Дар сессия, инчунин, истифодаи босамари объектҳои мулки ғайриманқул, ки истифода намешаванд, дар назди Шӯрои намояндагони халқи вилоят ташкили комиссияи ҷамоатӣ доир ба шарикии иҷтимоӣ баррасӣ гардид.
– Дар ин рӯзҳои санҷишӣ баробари ӯҳдадориҳои роҳбарони муттасаддӣ, масъулияти депутатҳо низ зиёд гардидааст, – гуфт раиси Шӯрои вилоят Э. Турдимов. – Аз ин рӯ, ин масъала дар «Харитаи роҳ» низ ифодаи худро меёбад. Акнун аз ҳар як депутати Шӯрои вилоятӣ на танҳо назорати иҷрои барномаи ривоҷи иҷтимоӣ-­иқтисодии округи интихобшудаи ӯ, балки татбиқи чорабиниҳо барои истифодаи босамари имкониятҳои мавҷуда, болида намудани кайфияти мардум ва афзунсозии салоҳияти кории онҳо талаб карда мешавад.

Мухбири рӯзнома.