Даштободиён банан парвариш мекунанд

Даштободиён банан парвариш мекунанд

  • Post category:Иқтисод

Қисми зиёди сокинони ноҳияи Самарқанд аз ҳар як пораи замин самаранок истифода мебаранд. Аз ҷумла, дар маҳаллаи Даштиободи ноҳия шахсоне ёфт мешаванд, ки аз як дарахт ду навъи мева мерӯёнанд.

– 13 хол заминамон ҳаст, ки дар 6 холи он гармхона сохтем, – мегӯяд сокини маҳалла Мавсума Рауфова. – Дар он 24 қатор дарахти лимӯ парвариш карда, аз ҳар як қатор 80-90 килограмм ҳосил мегирем. Дар як дарахти лимӯ навдаҳои мандарин ва апелсин пайванд кардем. Соли гузашта аз як шох 100 килограмм мандарин гирифтем. Имсол дар ду шохи дуюм апелсин гул кард.
8 сол пеш аз ин падарарӯсам дар гармхона навдаи бананро шинонида буданд. Соли гузашта нишона дод. Лекин парвариши банан каме душвор будааст. Якҷоя бо маслиҳати мутахассисон ҳаракати парвариши онро дорем.
Сокини ҳамин маҳалла Муҳиддин Шамсиддинов низ дар 4 хол замини наздиҳавлигӣ 2-то гармхона, дар ним хол майдони кушод 10 намуди гул мепарварад. Аз рӯйи гуфтаҳои ӯ дар тамоми фаслҳои сол 20 миллион даромад мегирад.
– Ба гулҳо меҳри беандоза дорам, – мегӯяд М. Шамсиддинов. – Бори аввал, 5 сол пеш дар 2 хол замин гармхона ташкил карда, гули «Астрамерий»-ро парвариш кардем. Ҳар сол қариб 5-6 миллион даромад мегирифтем. Аз ҳисоби даромад гармхонаи дуюмро сохтем. Ин гул, ғайр аз моҳҳои июл, август, сентябр дар 9 моҳи дигар мешукуфад. Асосан гулҳоро ба бозор бурда мефурӯшем. Барои ободии маҳалла, масҷид ва қабристонҳо аз навдаҳои он бепул медиҳем.
Мувофиқи маълумот, дар 74- то маҳаллаи ноҳия зиёда аз 40 ҳазор соҳиби замин ҳастанд. Аз онҳо 1139 гектарашро самаранок истифода мебаранд. То ин дам дар майдонҳои мазкур 85 фоиз тухмии баҳорӣ кошта шудааст.

Б.МУСТАНОВ.