Дар лаҳзаҳои вазнин ҳамеша ба ёрирасонӣ тайёрем

Дар лаҳзаҳои вазнин ҳамеша ба ёрирасонӣ тайёрем

  • Post category:Ҷамъият

Ҳар лаҳзаву ҳар соат воқеаи нохуш ва ё ҳодисаҳои фавқулодда рӯй доданаш мумкин аст. Бинобар ҳамин, мо дар чунин вазъиятҳо ҳамеша ба ёрирасонӣ бояд тайёр бошем. Дар давраи карантин аз рӯйи нақшаи пурзӯргардондашудаи хизмат фаъолият мебарем.
Дар қисми рақами 21-и наҷоти сӯхтори шӯъбаи вазъиятҳои фавқулоддаи ноҳияи Самарқанд 48 нафар ходимон хизмат мекунанд. Ҳамаи онҳо аз такмили маҳорати касбӣ гузашта, вазифаҳои худро аз таҳти дил ба ҷо меоранд. Онҳо вазъияти имрӯзаро ба хубӣ ҳис мекунанд ва аз рӯйи қоидаҳои карантин амал намуда, фаъолият мебаранд. Масалан, баъди аниқ шудани сироятёбии вируси корона аз номи раиси Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Талибарзу С. Баҳромов муроҷиат расид, ки баъзе хонадон ва кӯчаҳои маҳалларо дизенфексия кунем. Ходимони қисм ба ин маҳалла рафта, тадбирҳои дизенфексионӣ гузарониданд. Чунин корҳои безараргардонӣ дар маҳаллаҳои Шӯрбоича, Даштиобод, Гулбоғ, Чумчуқлӣ, Бадал, шаҳраки Гулобод низ гузаронида шуданд. Ин гуна корҳоро дар маҳаллаи Паррандапарварон, ки биноҳои бисёрошёна дорад, низ ба ҷо овардем. Дар ин чорабиниҳо Шероз Сафаров, Бахтиёр Ашӯров, Суръат Сиддиқов, Ҷамол Азимов, Фирӯз Худойқулов, Фарҳод Раҷабов, Ҳафиз Саидов, Ҷӯрабек Мустафоев, Фазлӣ Насриев, Умед Тилавов ва дигарон саҳми муносиб гузоштанд.
Имсол нисбат ба солҳои пеш селу борон бисёртар меборад. Баъзе одамони худхоҳ, ки ҷӯйҳои обгурезро гӯр кардаанд ва ё ин хел ҷойҳоро ба ҳисоби ҳавливу замини худ ҳамроҳ намудаанд, оби селу борон кӯчаҳоро пур карда, ба ҳаракати нақлиёт хавфу хатар ба вуҷуд меорад ва ё об ба ҳавлиҳо даромада, ба таҳхонаву пойдеворҳои манзили мардум осеб мерасонад. Дар ин хел вазъиятҳо зуд ба мо занг мезананд. Мо ба наҷот додани манзилу хонаву ҷойҳои онҳо мешитобем. Масалан, дар ҳамин чанд рӯзи гузаш­таи моҳи май ба бисёр маҳаллаҳо сафарбар кардани хизматчиён рост омад. Дар рӯзҳои боронгарии сахт се ҳавлии маҳаллаи Чуқмчуқлиро об зер кард. Мо зуд рафта, оби даруни ҳавлии онҳоро кашида, пеши хатари обзеркуниро гирифтем. Дар деҳаи Бузӣ се ҳавлӣ, дар маҳаллаи Деҳнав панҷ ҳавлиро низ аз хатари обзеркунӣ наҷот додем. Ин хел воқеаҳои обзеркунӣ дар маҳаллаҳои Андиҷонӣ, Шалғамон, Шӯрбоӣ ва ғайра низ ба амал омаданд. Кӯчаи Равонак ҳам пуроб гардид.
Баъди иҷрои ин гуна корҳо сокинони хонадонҳо оҳи сабуке кашида, ба кормандони мо арзи миннатдорӣ баён мекунанд. Аз ин, албатта мо ҳам хурсанд мешавем.

Маъруф РАҲМОНҚУЛОВ, ҷонишини сардори шӯбаи вазъиятҳои фавқулоддаи ноҳияи Самарқанд.