Муаммои таъмири роҳ кай ҳал мешавад?

Муаммои таъмири роҳ кай ҳал мешавад?

  • Post category:Ҷамъият

Роҳҳо, ки моро ба манзилу маконҳои дилхоҳамон мепайванданд, агар вайрону ноҳамвор бошанд, хаставу дилгир месозанд. То аз ин хел ҷойҳо гузаштан дилтангу асабонӣ мешавем. Баъде, ки ба роҳи ҳамвору асфалтпӯши равон даромадем, оҳи сабуке мекашем.
Роҳи байни маҳаллаҳои Ҷарқишлоқу Даштиободи ноҳияи Самарқанд ҳоло чунон вайрону таъмирталаб шудааст, ки на танҳо гаштани нақлиёт, балки ҳаракати пиёдагардон ҳам душвор аст. Баъзе ҷойҳои ин роҳ қуттии тухммонакро ба хотир меорад. Ронандаҳо барои бо роҳи ҳамвортари кӯча гузаштан гоҳ аз ин канори роҳ ва гоҳ бо тарафи дигари роҳ мошин меронанд. Баъзан шағал рехта, роҳи байни ин маҳаллаҳоро бо грейдер каму беш ҳамвор кунанд, ки баъди боридани як-­ду маротиба борон он боз мисли пештара мешавад. Дар ҷойи пасту чуқуриҳои кӯча об ҷамъ шавад, ҳангоми аз болои баландиҳои роҳ гузаштан мошинҳо бардорузану такон мехӯранд ва ронанадаву мусофирони даруни онро дилгир месозанд.
Ин роҳи асосӣ, ки тақрибан як километр аст, сокинони маҳаллаҳои ин канори Дарғамро бо маркази ноҳия мепайвандад.
Яке аз фаъолони маҳаллаи Ҷарқиш­лоқ Маҳмуд Ҷумъаев ҳангоми сӯҳбат қайд кард, ки оиди таъмиру азнавсозии ин роҳ борҳо ба ҳокимияти ноҳия ва роҳҳсозон муроҷиат карданд. Вале то ҳол муроҷиати онҳо дар рӯйи коғаз мемонад.
Сокини маҳаллаи Даштиобод Қиём Қаюмов ҳам, аз носозиҳои ин роҳ шикоят кард. Вай гуфт, ки ин муамморо роҳбарони ҳокимияти ноҳия ва корхонаи унитарии фоидабарии роҳҳои ноҳияи Самарқанд медонанд. Ба муроҷиатҳои мо бошад, то ҳол ваъда медиҳанд. Аз рӯйи ваъдаашон порсол мебоист ин кор ба ҷо оварда шавад. Баъд гуфтанд, ки дар квартали якуми соли 2020 таъмир мекунанд, вале нимсолаи якуми сол ба охир мерасаду аз иҷрои ваъдаи онҳо ҳамон дараке нест…

Б.РУСТАМЗОД.