Дар майдони сухан ва ҷанг танҳо хизмати Ватан кард

Дар майдони сухан ва ҷанг танҳо хизмати Ватан кард

  • Post category:Фарҳанг

Шоири ватандӯст ва ҷанговар, фарзанди асили Самарқанд Ҳабиб Юсуфӣ дар умри кӯтоҳи худ тавонист худро ба унвони шоири моҳиру хушбаён ва дорои табъи равон, адабиётшиносу мунаққиди дақиқназар нишон диҳад. Илова бар он, дар шахсияти шоир инсоне зуҳур карда, ки дорои шуҷоату ватандӯстии камназир ва арзишҳои волои инсондӯстона аст. Ин ҷиҳати шоири шаҳирро аз чанде корномаи зиндагии ӯ дармеёбем ки барои ҳамешагӣ ва дар ҳар давру замон барои мо саба, қи меҳандӯстӣ, ҳассосият ба арзишҳои аслӣ ва ҷонфидоӣ дар роҳи ватанро меомӯзонад. Шоир ҳамчун адиби ҷанговар шоирону нависандагонро барои таблиғу ташвиқи ғояҳои бузурги ватандӯстӣ даъват менамояд, то ин ки онҳо бо ашъори оташбори худ халқи моро дар торумор намудани фашизм рӯҳбаланд намоянд:

Вақти он аст, эй қалам, буррандатар гардӣ зи теғ,
Вақти он аст, эй сухан, ғуррандатар гардӣ зи барқ.
То ба душман ҳамла орам, решааш буррӣ зи бех,
То расӣ, манҳус-­анчарро кунӣ бешоху барг.

Касе нест ки пас аз хондани ин мисраъҳои оташбор, самимӣ ва меҳандӯстона қалбашро эҳсоси ифтихор аз Ватан, ҳифзи марзу бум ва нангу номус, ваҳдату хештаншиносӣ фаро нагирад. Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ин сурудаи ватанпарваронаи шоир Ҳабиб Юсуфӣ шабеҳи шиор садо медод, ки мардумро ба дифоъ аз Ватан даъват мекард.
Ҳабиб Юсуфӣ соли 1942 ихтиёран ба сафи Артиши Шӯравӣ пайваст. Ӯро аввал ба омӯзишгоҳи ҳарбии тӯпхонаи шаҳри Пенза фиристоданд, ки дар он ҷо сазовори унвони ҳарбии лейтенанти хурд гардид.
Бар асоси ҳикояти шоҳидон, ба вақти аз Сталинобод (Душанбеи имрӯза) сафарбар шудан ба фронт, дӯстон ва наздикони шоир ба гуселаш меоянд. Яке аз хешовандон ба шоир мегӯяд, ки «саросема нашавед, шумо шоири шинохтаи тоҷикед, дар қатори адибони дигар ба шумо ҳам «брон» медиҳанд».
Дар ҷавоб Ҳабиб Юсуфӣ чунин мегӯяд: «Агар ҳама фақат дар сухан «Ватан, Ватан» гӯем, пас Ватанро дар амал кӣ ҳимоят мекунад?!»
Воқеъан, ин порае аз зиндагии шоир хеле омӯзанда аст, ки матонату қатъият ва марди амал будани ӯро тасвир менамояд.
Хонандагони гиромӣ! Биёед ба як рӯйдоди дигаре аз ҳаёти шоири ватандӯст, шоири шаҳиду шаҳири тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ назар андозем. Намоишномаи зерин дар асоси зиндагиномаи шоир (бо тағйиротҳо) таҳия шудааст:
Утоқи сарбозон. Ду-­се нафар аз сарбозон нома менавиштанд. Ҳабиб Юсуфӣ машғули китобхонӣ буд. Гоҳ-­гоҳе ба даст қалам мегирифту рӯи варақ чизе менавишт.
Ногаҳон яке аз сарбозон номаашро ба канор гузошту ба гуфтани ҳарфи дил шурӯъ кард:
– Ин ҷанги хонумонсӯз кай ба охир мерасад? Кай мо ба хона бармегардем? Зинда мемонем ва ё аҷал моро ба доми худ мекашад, инро касе намедонад.
Сарбози дигар дар ҷавоб истиҳола накард:
– Ин ҳарфҳоро назан. Мо бояд сабур бошем, шикебоӣ пеша намоем ва сарбаландона Ватанамонро ҳифз кунем. Мо сарбозем. Сарбози Ватан. Сипас ӯ ба Ҳабиб Юсуфӣ рӯй овард:
– Рафиқ лейтенант, аз ҳамон шеърҳои оташбору шӯрангези худ хонед то қудрати сухани шумо қалб ва зеҳни моро ба пирӯзӣ раҳнамун созад.
Шоир китобро пӯшида, бо овози ларзон, аммо ширадор чунин мисраъҳоро вирди забон овард:

Он на ман бошам, амон бидҳад ба душман мушти ман,
Он на ман к-­ин дам фитам дар фикри кори дигаре.
Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман,
Он манам, к-­андар миёни хоку хун бинӣ саре.

Шоир чунон самимӣ шеър мехонд, ки гӯё воқеан дар майдони ҷанг ҳузур ва дар рӯ ба рӯи хасм қарор дошт. Сарбозон аз ғояти шавқ кафкӯбӣ карданду ба шоир офаринҳо хонданд.
Дар ҳамин вақт фармондеҳи омӯзишгоҳ ба утоқ даромада аз ҳоли сарбозон пурсон шуд. Сипас ба шоир нигоҳ карда гуфт:
– Чӣ садои хуш, аммо лаҳни қатъӣ доред, рафиқ лейтенант!
– Ташаккур, рафиқ командир, чун аз самимияти зиёд мехонам.
Фармондеҳ сипас ба қалам ва пораи варақ ишора намуд ва пурсид:
– Шумо низ мактуб менависед?
– Не, ҳоло ман шеър менависам, – посух дод шоир.
– Ҳама сарбозон мактуб менависанд, аммо шумо фақат шеър менависед? – дубора пурсид фармондеҳ.
– Ман ҳам ба хонаводаам ва пайвандону дӯстонам мактуб менависам, аммо шеър маро ҳаргиз тарк намекунад. Охир, ман шоир ҳастам, ҷавоб дод шоир.
Эҳсоси кунҷкобии фармондеҳ воқеъан аз ин муколама бо лейтенант боло гирифт ва аз ӯ пурсид:
– Магар дар кишвари шумо шоирон бисёранд, ки ба фронт омадед?
– Ман ҳам шоир, ҳам сарбозам. Хидмати Ватанро на фақат дар майдони сухан, балки дар майдони ҷанг ҳам вазифаи муқаддаси худ мешуморам.
– Офарин ба шумо, рафиқ лейтенант, – изҳори қаноатмандӣ ва таҳсину таъриф кард фармондеҳ ва идома дод:
– Китобе, ки дар даст доред, навиштаи худи шумост?
– Не, рафиқ командир, ин китоб «Шоҳнома» –и безаволи Фирдавсӣ аст, – бо ҳисси ғурур посух дод шоир.
– Чӣ хуб, ман ҳам дар бораи «Шоҳнома» ва Рустами паҳлавон шунидаам. Дар ҳақиқат ин китоб дар бораи қаҳрамонони разму набард аст?
– Бале, қаҳрамонону паҳлавононе, ки ватани худро аз ҳамлаи душман ҳимоя кардаанд. Хондани ин китоб ба ман ҷасорат ва тавоноӣ мебахшад. Вақте ки истилогарони араб сарзамини аҷдодии моро ишғол карданд, Фирдавсӣ бо нафрат ва ғазаб дар яке аз достонҳояш аз забони қаҳрамон чунин мегӯяд:

Зи шири шутур хӯрдану сусмор,
Арабро ба ҷое расидаст кор.
Ки тахти каёнро кунад орзу,
Тфу бод бар чархи гардун, тфу!

Шоир идома медиҳад:
– Ин мисраъҳо ба ман чунон таъсиргузор буданд, ки ман дар ҷавоби онҳо ҷунин навиштам:

Зи хуни башар хӯрдан, эй нобакор,
Фашистро ба ҷое расидаст кор.
Ки мулки моёнро кунад орзу,
Тфу бар ту, эй гурги малъун, тфу!

Сарбозон кафкӯбӣ карданд.
– Дуруст гуфтед, рафиқ лейтенант, ин фашис­тон монанди гургони дарранда хуни бегуноҳонро мерезанд, – сухани шоирро тасдиқ намуд фармондеҳ ва ба китфи ӯ зада идома дод: – Шеърҳои шумо воқеъан ба шуҷоъат, мардонагию амал даъват мекунанд.
Ин пора аз зиндагиномаи Ҳабиб Юсуфӣ ва порчае аз шеъри маъруфаш дар кас эҳсоси самимияти воло ба арзишҳои зиндагиро меангезад ва дарки ватанхоҳиву номусу ғайратро боло мебарад.
Шуҷоату қаҳрамонӣ ва шахсияти шоирро мо нафақат аз ашъораш, балки аз мактубҳои аз ҷабҳаи ҷанг фиристодааш, ки ба унвони мактубҳои фронтӣ маъруф ҳастанд, дарк мекунем. Ин мактубҳо бахши муҳимми омӯзиши осору фаъолияти зиндагӣ ва дидгоҳу хислатҳои инсонии шоир ҳастанд. Қобили зикр аст, ки ба муносибати ҷашни 100–солагии шоири маҳбуб як қатор мақолаҳо аз ҷумла он мактубҳои фронтӣ дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» бо кӯшиши бародарзодаи шоир Азизаи Хубон нашр шуда буданд.
Ҳабиб Юсуфӣ ҳамчун шоири ватандӯст дар умри кӯтоҳи худ тавонистааст ҳам бо қалам ва ҳам бо туфанг вазифаи фарзандии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намояд. Диловариву қаҳрамонии сарбозу афсар Ҳабиб Юсуфӣ дар майдони набард ва назми пухтаву дорои бадеъияти баланди шоир бешак ӯро ба ситораи тобони назми муосиру таърихи дифоъи ватан табдил додааст.
Рӯҳу равони шоири оташқалам, муборизу шӯълавари мо шод бод!

Фараҳбону САЪДИЕВА,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики мактаби таълими умумии рақами 22-и ноҳияи Самарқанд.