Таълими масофавӣ ҳам ҷиҳатҳои эффективӣ дорад

Таълими масофавӣ ҳам ҷиҳатҳои эффективӣ дорад

  • Post category:Маориф

Аз рӯзи аввали пандемия ҳама дар бораи як савол меандешиданд: аз ин баъд таълиму тарбияи фарзандонамон чӣ хел давом меёбад? Оё дар таълимгирӣ танаффус ба назар мерасад?
Яке аз масъалаҳои муҳими рӯзмарра дар давраи карантин паст накардани самарабахшии системаи таълим, инчунин муайян кардани чораҳои муҳимтарини таълиму тарбияи миллионҳо нафар ҷавонон мебошад. Таҳти роҳбарии Президенти мӯҳтарамамон ва Вазорати таълими халқӣ чораву тадбирҳои саривақтии андешидашуда, ба таъмини идомаи ҷараёни таълими хонандагон хизмат кард. Бояд гуфт, ки мо дар ин бобат малака ва тахассуси кофӣ надоштем. Аммо вазъият ва имконият ҳамаро маҷбур кард, ки якҷоя кор кунанд. Дар дарсҳои онлайнии таълими масофавӣ на танҳо муаллимону хонандагон, балки волидон низ саҳми арзанда гузоштанд. Пас аз эълон шудани карантин, мо бо хонандагон робитаи онлайни мунтазамро ба роҳ мондем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки хонандагони мо дар дарс­ҳои онлайнӣ хеле фаъоланд. Ба фикрам, ин ду сабаби муҳим дорад: якум – иштироки озодона ва масъулият дар дарс­ҳои онлайн бошад, дуюм – назорати аъзоёни оила аст. Илова бар ин, дар шароити карантинӣ, ба ҳар як муаллим дар хона барои таҳқиқоти бештар ва зиёд кардани дониши худ имконият пайдо шуд. Масалан аз таҷрибаи шахсии худ гуфтанӣ бошам, ба ғайр аз саволу ҷавобҳо ва мулоқоти дар барномаи таълимӣ даровардашуда, мо тавонистем як қатор корҳои эҷодиро низ анҷом диҳем. Аз ҷумла, бо мақсади таъмини иҷрои панҷ ташаббуси Президентамон байни хонандагон озмуну мусобиқаҳои гуногун ташкил кардем. Ҷиҳати дигари аҳамиятнокии мусобиқаҳои онлайнӣ байни хонандагон рақобати солим пайдо карда, иқтидори нави хонандагонро кашф намуд.
Дар охири ҳар як дарс, ба мо аз тариқи каналҳои муоширати онлайн бо саволҳои зиёд муроҷиат кардани хонандагон ва аз шабакаҳои интернетӣ самарабахш истифода бурдани онҳо аз истеъдоду ташаббускории таҳсилгирандагон гувоҳӣ медиҳад.
Пандемияи коронавирус нишон дод, ки дар таълими масофавӣ низ ҷиҳатҳои эффективӣ мавҷуд буда, назар ба ҳар гуна ҳуҷҷатҳои расмие, ки вақти зиёди муаллимонро мегирад, супоришҳои амиқу равшан муҳим аст.

Шаҳноза РАҲМОНОВА, муаллимаи фанни забони англисии мактаби таълими умумии рақами 62-и шаҳри Самарқанд.