Қуввати дил

Қуввати дил

  • Post category:Фарҳанг

Одам, ки бо аҳли ҷомеа умр ба сар мебарад, хоҳ-­нохоҳ дар байни онҳо дӯсту ошноҳо пайдо мекунад. Бо баъзеи онҳо ҳамкор, бо бархе дӯст, бо қисме ҳамдил мешавад. Мисли дӯстони ҷонӣ ҳамраъю ҳамдилон ангуштшуморанд.
Одам бо баъзеи онҳо 30-40 сол кор кунад, чунон тасаввуроте пайдо мешавад, гӯё бисёр чизҳоро медонад. Ҳатто дар сараш хаёле пайдо мегардад, ки дар бораи ӯ аз худи ӯ дида, бештар медонад. Вале, вақте ки масъалаи навиштан ё дар ҳаққи ӯ чизе гуфтан ба миён меояд, мефаҳмад, ки ҳеҷ чизро намедонад ва ба андешаи амиқ меравад, ки чӣ нависад? Бояд чизе ба рӯйи коғаз оварад, ки ҳақиқати маҳз набошад ҳам, ба он наздиктар бошад, самимият ва як гармии меҳру муҳаббати инсонӣ ҳис карда шавад. Ана ҳамин ҳолат бо ман рӯй медиҳад.
Дурӯғ нашавад, маро бо Тошқул Азимзода риштаҳои шиносоиву ҳамкории бисёрсола мепайвандад. Дар тӯли ин солҳои дуру дароз муносибат бо аксар дӯсту ошноҳо дигар шуда бошад, ки бо муаллим Тошқул Азимзода як хел монд.
Солҳои ҳафтодуми асри гузашта устодон дар сиришти ин ҷавони нармхислати қоматбаланд ягон хусусияти эҷодкориро пай бурдаанд, ки ӯро ба эҷоди асарҳои бадеӣ ҳидоят кардаанд. Баъдтар бо маслиҳату дастгирии ҳаммаҳаллааш – нависандаи номии Самарқанд устод Болта Ортиқзода ба навиштани лавҳаю ҳикояҳо сар кард. Дар маҳфилҳои адабӣ иштирок намуд.Чакидаҳои хомааш рӯйи чопро диданд.
Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд хонда, соҳиби маълумоти олӣ гашт. Дар сафи армия хизмат намуд.
Соли 1990 рӯзномаи вилоятии тоҷикии «Овози Самарқанд» таъсис ёфт. Ҳарчанд Тошқул Азимзода омӯзгори фанни математика бошад, ки ба туфайли навиштаҳояш ӯро ба кори рӯзнома даъват карданд. Рӯзнома манбаи нави такмили маҳораташ гашт.
Дар давоми солҳои корӣ ҳамчун адибу рӯзноманигор суханаш гӯёву қаламаш бурро шуд. Китоби нахустин – маҷмӯаи ҳикояҳояш соли 2002 бо номи «Хатои нисбӣ» бо сарсухани Болта Ортиқзода дастраси хонандагон гардид. Дар ҳикоя­ҳои муллим Тошқул Азимзода дарозгапӣ ба назар намерасад. Ҳар як ҷумла математикона, кӯтоҳ, мантиқдор ва бо образу лавҳаҳои хотирмон эҷод карда шудаанд. Дар онҳо ифодаҳои обдори самарқандиёна, аз қабили «акка напаррида мехезад», «онҳо худи шумгиёҳ барин», «дар ҳар вазъият дили бино даркор», «ба тухми ҷангара қирон биёяд», «хуш омадед, анҷирзор пешкаш», «таги ош сӯзад, аз алаву ланҷ шавад, аз об» ва ғайра бой аст. Китоб хурду мӯъҷаз бошад, ки хонанда аз он як ҷаҳон маънӣ мебардорад.
Тошқул Азимзода шахси ботамкину солор аст. Қариб 20 соли умрашро, ки ба касби омӯзгорӣ бахшидааст, ҳамчун муаллим ҳурмату эҳтироми бузурге дорад. На танҳо мардуми гузари Чилсутуни маҳаллаи Боғимайдони шаҳри Самарқанд, балки дигар маҳаллаҳо низ ӯро ба тӯю маъракаҳояшон даъват мекунанд. Аз рӯйи имкон тавонад, меравад, натавонад – не. Вале аз ҷанозаҳо намемонад. Бехабар монад ва ё рафта натавонад, афсӯс мехӯрад. Дер бошад ҳам, ба изҳори тасаллият меравад. Ин кор як чизи оддӣ ба назар намояд, ки муаллим бо ин гуна кирдору рафтори худ расму одоби хуби тоҷиконро пойдортар мегардонад.
Ӯ, ки омӯзгори касбист, дар идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳама «муаллим» мегӯянд. Рафтору гуфтораш ҳам муаллимона аст. Пеш аз изҳори ақида 366 паҳлӯи суханро аз мезони тарозуи ақлу дил гузаронида, баъд ба забон мерад – кӯтоҳ, вале пурмазмуну ҳадафрас. Ман ҳоло аз қаъри хотираҳо баъзе гуфтаҳои ҳикматомези Тошқул Азимзодаро ба ёд меорам:
– Баъзе одамонро мебинед, ки аз борони сел халос хӯрдани шуда, медаванд. Гумон мекунанд, зудтар ба ягон паноҳгоҳе расанд, камтар тар мешаванд. Вале дар асл ин хел нест. Онҳо баръакс, бештар тар мешаванд. Чунки ҳангоми тохтан ҳамон қатраҳои борони дар ҳаво ба заминрезанда ҳам ба сару либоси онҳо мечаккад ва бисёртар тар мегарданд.
– Иҷрои кори душвор ва ё ҳалнашавандаро ба одами танбал фармудан даркор. Вай аз танбалӣ роҳи осони онро меёбад…
Миёнаҳои соли 2016 барои чопи мунтазами газета зарурати ба кор даъват кардани дилсӯзону фидоиён ба миён омад. Ба се-­чор нафаре, ки аз дасташон кор меомад, илтимосу илтиҷо кардем. Розӣ нашуданд. Маҷбур Тошқул Азимзодаро, ки нафақахӯр ҳисоб меёфт, дубора ба кор даъват кардем. Қариб ду моҳ ба идора омада, беғаразона ёрӣ расонд. Мо ҳамоно ба кор омаданашро боисрор мепурсидем. Истодагарии моро дида, аз афт виҷдонаш маҷбур кард ва ё масъулияти шод гардондани рӯҳу арвоҳи фидоиёну ташаббускорони рӯзнома ӯро ором нагузошт, ки ба кор омад. Баъди омадани ӯ қуввати дили мо бештар гардид.
Ҳоло муаллим Тошқул Азимзода бо кӯшишу ғайрати ҷавонона ғарқи кори рӯзнома аст. Ин даргоҳ барои вай азизу муқаддас ба шумор меравад. Вай дар ин ҷо ҷамъулҷамъ 30 соли ҳаёташро гузаронидааст. Ҳамон бо шасти ҷавонӣ мехонаду менависад. Дар тарҷимаи материалҳо беҳамтост. Гоҳо ба зери баъзе материалҳояш «Мирзо Масъул» гӯён имзо мегузорад. Ин ҳамин тавр як тахаллус ё имзои мустаор нест, балки аз садоқат ба рӯзнома, вазифашиносӣ, бо тамоми донишу ҳастӣ дарки масъулияти суханварии ӯ гувоҳӣ медиҳад. Бо вуҷуди донишмандиву соҳибтаҷрибагӣ ҷойҳои надонистаашро аз дигарон мепурсад, барои пухтагардӣ маводҳояшро ба дигарон мехононад, зуд-­зуд барои дарёфти тобишҳои нав ба нави маънавии калимаҳо ба луғатҳо рӯ меорад. Ин гуна дарки пурраи масъулияти рӯзноманигорӣ ба ҳар кас ҳам муяссар намегардад. Аз ин ҷост, ки дар хабару мақолаҳои Тошқул Азимзода «об»-и барзиёдро ёфтан душвор аст.
Баъди гузаштани беш аз ду сол рӯзе худи муаллим бо як шодиву ифтихорӣ ботинӣ иқрор шуд:
– Барои дубора ба кор омадан ба худам чандон боварӣ надоштам. Не, ба кор дода шуда, фаҳмидам, ки боз кор карда метавонистаам.
Зиндагонӣ ҳаракат аст. То даме, ки коре аз дасти одам меояд, ба ҷомеа фоидае мерасонад, ба аҳли оила, фарзанду наберагон зарур будани худро ҳис мекунад, вай пир намешавад, умри ӯ дарозтар мегардад. Тошқул Азимзода, ки имрӯзҳо ба синни мубораки ҳафтод қадам мегузорад, ҳанӯз бардаму бақувват аст. Аз дарду ранҷи солхӯрдагӣ лаб ба шикоят намекушояд. Нозукиҳои истифодаи компутерро меомӯзад. Баъзан мисли бачаҳо ба бозиҳои компутерӣ саргарм шуда, чӣ хел гузаштани вақтро нафаҳмида мемонад.
Ба назари ман Тошқул Азимзода як инсони нодир метобад. Аз камбудиҳои дигарон чашм пӯшад, ки норасоиҳои худро тан мегирад. Баъзан онҳоро ба забон оварда, ҳатто узр мепурсад. Ин хел инсонҳои якқавлаву нодирхислат дар ҳаёт каманд. Кам бошанд, ки сутуни зиндагонианд. Онҳоро бемалол қуввати дил гуфтан мумкин аст. Дар вақтҳои зарурӣ такя кунед, онҳо ҳаргиз шуморо дар вазъияти ногувор намемонанд.

Бахтиёри ҶУМЪА.