«Овози Самарқанд:  дирӯз ва имрӯз»

«Овози Самарқанд: дирӯз ва имрӯз»

  • Post category:Фарҳанг

Чунин ном дорад китоби тозанашри таҳририяти рӯзнома, ки таҳти рукни «Аз китобхонаи «Овози Самарқанд» ба муносибати 30-солагии таъсиси рӯзнома чоп гардид.
Китоб дар нашриёти давлатии «VNESHINVESTPROM»-и Тошканд бо теъдоди 500 адад нашр гардида, аз сарсухан ва якчанд боб иборат аст.
Дар сарсухан оиди фаъолияти сисолаи рӯзнома, комёбӣ ва дастовардҳо, мушкилӣ ва шебу фарозҳои корбарӣ сухан меравад.
«Сӣ сол аст, ки рӯзномаи «Овози Самарқанд» чун минбари дӯстии халқҳо ва нишонаи барҷастаи эътибор ба халқу миллатҳои дигар дар Ӯзбекистон, дар таҳкими робитаи халқҳо, тараннуми рафоқат ва пайвандҳои таърихӣ, посдошти арзишҳои миллӣ, ривоҷи фарҳанг ва дар ин зами на фароҳам овардани шароити мусоид ба мардуми тоҷикзабони Самарқанд ва воқиф кардани онҳо аз тағйироту дигаргуниҳои сиёсии мамлакат, дастовардҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мадании вилоят камарбаста аст» зикр шудааст дар сарсухан.
Дар боби аввали китоб, ки «Аз дафтари хотироти кормандон» унвон дорад, мақолаҳои аҳли қалам доир ба ҷоннисориҳо ва мушкилоти чопи рӯзнома, муваффақиятҳои беназир, талошҳо бобати баланд бардоштани маънавияту маърифати мардум ҷамъоварӣ шудааст. Он аз ҷустуҷӯҳои эҷодӣ, гирумонҳои кормандони нашрия нақл карда, дирӯз ва имрӯзи онро равшан пеши назар ҷилвагар менамояд.
Боби дуввуми китоб «Гуфторҳо дар ҳошияи «Овози Самарқанд» унвон дорад. Дар ин боб фикр, табрик, эътироф, муносибат, таклиф ва тавсияҳои намояндагони пешқадами ҷомеа, олиму донишмандон, шоиру нависандагон, рӯзноманигорон ва дӯстдорони рӯзнома, инчунин, шеърҳои шоирон дар васфи «Овози Самарқанд» чоп гардидааст.
Дар ин боб мо фикру мулоҳизаҳои шоиру нависандагон, аз ҷумла Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Ботурхон Валихоҷаев, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Сафиева, Фарзона, ҳунарпешагон ва аҳли илму фарҳанги Самарқандро мутолиа карданамон мумкин аст.
Боби сеюми китоб – «Библиография» маълумотҳои мухтасари шарҳиҳолиро дар бораи эҷодкорон ва кормандоне, ки тӯли 30 сол дар пешбурди фаъолияти рӯзнома заҳмат кашидаанд, фаро мегирад. Дар ин боб, дар бораи сармуҳаррирон, ҷонишинҳои сармуҳаррир ва кормандони эҷодиву техникии рӯзнома ва ҷамоаи имрӯзаи таҳририят маълумот ҷамъоварӣ шудааст. Инчунин, меҳнати мухбирони ҷамоатӣ эътироф гардида, дар анҷом суратҳо аз лаҳзаҳои фаромӯшнопазири фаъолияти таҳририят ҷойгир карда шудааст. Ғайр аз ин, дар бораи таърихи фаъолияти рӯзнома бо забонҳои ӯзбекӣ ва русӣ маълумоти мухтасар ҷойгир карда шудааст.
Бояд гуфт, ки китоби тозанашри «Овози Самарқанд: дирӯз ва имрӯз» аз гузашта ва вазъи кунунии рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» ҳикоя карда, фаъолияти сисолаи таҳририятро пеши назари хонанда чун оина намоён мекунад.

Мухбири худамон.