Дар бораи истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят

Дар бораи истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят

  • Post category:Сиёсат

Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд бар асоси моддаи 20-уми Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои соли 2020» ва баёни ҷонишини аввали ҳокими вилоят Ҷ. Ӯроқовро барои соли 2020 (рақами 517/01-30) ба инобат гирифта, бо мақсади истифодаи маблағҳо аз ҳисоби қисми барзиёд иҷрокардаи нақшаи даромадҳое, ки дар ҳолати 1-уми апрели соли 2020-уми Буҷети вилоят муайян гардидааст, ҚАРОР МЕКУНАД:

  1. Пешниҳоди сарсадорати молияи вилоятро аз 28-уми майи соли 2020 таҳти рақами (01/01-38/724) роҷеъ ба истифодаи маблағҳои қисми барзиёд иҷрокардаи нақшаи даромадҳои Буҷети вилоят дар ҳолати 1-уми апрели соли 2020 барои маълумот қабул карда шавад.
  2. 1478,0 (як миллиарду чорсаду ҳафтоду ҳашт) миллион сӯм маблағи қисми барзиёд иҷрогардидаи нақшаи даромадҳои Буҷети вилоят дар ҳолати 1-уми апрели соли 2020 мувофиқи илова барои тадбирҳо равона карда шаванд.
  3. Роҳбарони ташкилотҳое, ки барои онҳо аз манбаъҳои иловагии Буҷети вилоят маблағ ҷудо карда шудаанд, бо тартиби дахлдор ба Шӯро дар бораи истифода аз ин маблағҳо ва натиҷаҳои бадастоварда ҳисобот тақдим кунанд.
  4. Сарсадорати молияи вилоят (Б. Мирзоев), садорати ғазначигии вилоят (О. Ҳамдамов) ва садорати назорати молиявии давлатӣ (М. Хӯҷақулов) истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудокардаро назорат кунанд.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимии Шӯрои намояндагони халқи вилоят роҷеъ ба масъалаҳои ташаккул ва иҷрои Буҷети маҳаллӣ, амалӣ кардани ислоҳотҳои иқтисодӣ ва инкишофи тадбиркорӣ (Ф. Насруллоев) ва ҷонишини якуми ҳокими вилоят (Ҷ. Ӯроқов) вогузошта шавад.

Раиси Шӯро Э.ТУРДИМОВ
4-уми июни соли 2020 № 48/9