Довталабон ба 5 самти таълим ҳуҷҷат супорида метавонанд

Довталабон ба 5 самти таълим ҳуҷҷат супорида метавонанд

  • Post category:Маориф

Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 12-уми июни соли ҷорӣ «Дар бораи параметрҳои фармоиши давлатӣ дар бораи қабул ба муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои хониши 2020-2021» имзо гардид.

  1. Соли ҷорӣ қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз 20-уми июн оғоз гардида, то санаи 20-уми июл (рӯзи 20-уми июл ҳам) давом мекунад.
    Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз тарафи Марказҳои хизматҳои давлатӣ, портали ягонаи хизматҳои давлатии интерактивӣ, веб-­сайти расмии Маркази тести давлатии назди Девони Вазирон (www.dtm.uz) қабул карда мешавад.
  2. Инчунин, имтиҳоноти дохилшавӣ аз рӯйи ду фанне, ки ба самти таълимӣ мувофиқат мекунанд, супорида мешавад.
  3. Акнун довталабон (абитуриентҳо) якбора ба панҷ самти таълими зинаи бакалавр ҳуҷҷат супурданашон мумкин аст. Дар ин ҳолат маҷмӯи фанҳое, ки онҳо имтиҳон месупоранд, бояд якхела бошад.
  4. Барои занҳое, ки соҳиби тавсияномаи Вазорати дастгирии маҳалла ва оила ҳастанд, чор фоизи иловагии гранти давлатӣ барои таҳсили рӯзона дар муассисаҳои таълими олӣ ҷудо карда шуд.
  5. Квотаи қабул барои солҳои хониши 2020-2021 чунин тасдиқ гардид:
    Ба зинаи бакалавр:
    – ба шакли таълими рӯзона – 103 575 нафар;
    – ба шакли ғоибона – 31 350 нафар;
    – ба шакли шабона – 5 025 нафар.
    ба бахши магистратура – 10 425 нафар.
  6. Ба муассисаҳои таълими олӣ, ки ба системаи худмаблағгузорӣ гузаштаанд, ҳуқуқи интихоби миқдори контракти таҳсил бар асоси маб­лағгузории пурраи худмаблағгузорӣ дода шуд.
  7. Дар самти таълими «Фаъолияти варзиш (доир ба навъҳои фаъолият)» бакалавриати муддати таҳсил 3 сол муайян гардид.
  8. Ҷараёни ҳуҷҷатсупорӣ барои дохил шудан ба шӯъбаи магистратураи муассисаҳои давлатии таълими олӣ, барои кӯчонидани таҳсил ва аз нав барқарор кардани таълим дар зинаи бакалавр тавассути веб-­сайти расмии Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурияти Ӯзбекис­тон амалӣ мегардад.